Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ҷузъиёти тарҳи таҷдид ва бозсозии роҳи мошингарди “Балҷувон – Сари Хосор”-ро шарҳ дод. Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) барои навсозии ин роҳ беш аз 50 миллион евро маблағгузорӣ мекунад
Ин ниҳод рӯзи 29-уми октябр навишт, ки барои навсозии қитъаи 56-километрии роҳ дар вилояти Хатлон, БАТР 49,2 миллион евро қарз ва барои татбиқи лоиҳаи роҳ то 4,2 миллион евро кумаки бебозгашт медиҳад.
Вале дирӯз, Вазорати молияи кишвар дар хабари расмиаш гуфт, ки барои таҷдиди роҳи “Балҷувон — Сари Хосор” 52,85 миллион евро равона мешавад. Ин ниҳод гуфта буд, дар ин тарҳ азнавсозӣ ва таҷдиди 54,1 км роҳ, 10 пул ва 121 қубур ба нақша гирифта шудааст.
Созишномаҳои қарзӣ ва кумаки бебозгаштро Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон ва Маттео Патроне, ноиби раҳбари БАТР дар шаҳри Душанбе ба имзо расониданд, ки бар асоси онҳо, ин бонк ба кишвари мо барои обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Кӯлоб ва таҷдиди роҳи «Балҷувон — Сари Хосор» 62,75 миллион евро медиҳад.
“Интизор меравад, ки навсозии роҳ алоқаи нақлиётиро тамоми фаслҳои сол байни 19 маҳалли аҳолинишин таъмин кунад, ки дар онҳо тақрибан 6 ҳазор нафар зиндагӣ мекунад. Айни замон, дар фасли зимистон ва баҳор, ин қитъа аз сабаби обхезии мавсимӣ барои рафтуои нақлиёт ва мусофирон, пешбурди тиҷорат ва сайёҳӣ монеаҳои ҷиддӣ эҷод мекунад”, — навишт Вазорати нақлиёт.
Дар доираи ин тарҳ сохтмони пулҳо, қубурҳои обгузар, деворҳои ҳимоявӣ, корҳои соҳилбандӣ, сохтмони ҷӯйборҳои канори роҳ, роҳҳои пиёдагард, хатти равшанидиҳӣ ба нақша гирифта шудаанд.
Вазорати нақлиёт шарҳ дод, ки маблағҳои кумаки молиявӣ ба эҳтиёҷоти гуногуни тарҳ, аз ҷумла татбиқи он ва хидматҳои машваратии бехатарии ҳаракат дар роҳ равона мешаванд.

Ин ниҳод гуфт, тарҳи мазкур 54,1 километр роҳро бо паҳноии 10 метр дар бар гирифта, ба ду қитъа — қитъаи “А” 30 км. ва қитъаи “Б” 24,1 км. ҷудо шудааст. Сабаби ба ду қитъа ҷудо кардани роҳ, ҳаҷми зиёди корҳо ва мушкилии вобаста ба иқлим мебошад. Корҳои лоиҳакашӣ пурра ба анҷом расида, хулосаи мусбии экспертизаи давлатӣ низ гирифта шудааст.
Маълум нест, ки сохтмон дар ин роҳ кай шуруъ мешавад.
Тибқи иттилои расмӣ, БАТР аз соли 1993 инҷониб дар Тоҷикистон 201 тарҳро бо маблағи умумии 1,1 милиард сармоягузорӣ кардааст. Аз ҷумла, солҳои 2018 ва 2020 дар маҳаллаи 82-юм ва маҳаллаи Карияи Болои пойтахт ду “эстакада”-и сеқабата аз ҷумла бо маблағгузории БАТР ба истифода дода шуд.
“БАТР инчунин барои татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди “Душанбе — сарҳади Узбекистон”, лоиҳаи сохтмон ва таҷдиди роҳи автомобилгарди “Роғун — Обигарм – Нуробод”, ки долони асосии нақлиётӣ дар кишвар маҳсуб ёфта, Тоҷикистонро бо Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Чин мепайвандад, инчунин тарҳҳо барои ҳалли мушкилоти нақлиётӣ дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд маблағгузорӣ кардааст”, — навишт Вазорати нақлиёт.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 27-уми октябр дар дидор бо Маттео Патроне, сармоягузории 900 миллион долларии ин бонк дар солҳои 2026–2030 ба Тоҷикистонро баррасӣ кард.
БАТР ба ҷуз ин имкони ширкат дар маблағгузории марҳилаи навбатии сохтмони НБО “Роғун”-ро баррасӣ мекунад, ки ҷузъиёти онро метавонед дар суҳбати ихтисосии “Азия-Плюс” бо Маттео Патроне дар ин матлаб хонед: “БАТР имкони маблағгузорӣ ба НБО “Роғун”-ро баррасӣ мекунад”
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.


