Имсол ҳам “Шоҳҷоиза”-и озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” ба касе тақдим нашуд. Давоми шаш соле, ки озмун баргузор мешавад, танҳо дар соли 2023-юм Ҷаҳонгир Дадаҷонов, барандаи “Шоҳҷоиза”-и ин озмун гардиду халос. Аз Вазорати маориф ва илм сабаби ба касе тақдим нашудани «Шоҳҷоиза» -ро шарҳ доданд.
Маросими ҷоизасупории озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” дар соли 2026 имрӯз, 29- октябр дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор шуд.
Аз Вазорати маориф ва илм ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки имсол дар озмун 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ҷумла 17 кас мақоми аввал, 46 кас ҷойи дуюм ва 68 тани дигар ҷойи сеюмро ба даст оварданд.

Ба қавли манбаъ, барои ғолибони ҷойҳои якум, 70 ҳазор сомонӣ, ҷойҳои дуюм 50 ҳазор сомонӣ ва ҷойҳои сеюм 30 ҳазор сомонӣ тақдим шуд. Ба ҳар як омӯзгоре, ки шогирдонашон мақомҳои ифтихориро касб карданд, 20 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ супоридаанд.
Намояндаи вазорат дар хусуси пешниҳод нашудани касе ба дарёфти “Шоҳҷоиза”-и озмун афзуд, ки ин ҳолат набояд ба маънои лоиқ набудани ширкаткунандагон ё паст будани сатҳи дониш ва омодагии онҳо маънидод шавад, балки ғолиб тибқи низомнома муайян мегардад.
“Шоҳҷоиза мақоми махсус дошта, тартиби дарёфти он бо низомномаи озмун муайян шудааст…. Ҳамзамон, арзёбии дастовардҳои довталабон дар ин номинаҳо бо назардошти меъёрҳои муайян, аз ҷумла хусусияти навоварӣ, аҳаммияти амалӣ, имконияти татбиқ ва самаранокии пешниҳодҳои онҳо сурат мегирад”,-таъкид кард намояндаи вазорат.
Тибқи талаботи низомномаи озмун барои дарёфти “Шоҳҷоиза” довталабе роҳ меёбад, ки дар даври ҷумҳуриявӣ аз рӯйи номинаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, ҳуши маснӯӣ ва барномасозӣ мақоми аввалро соҳиб шудааст.
Имсол аз рӯи ин номинаҳои озмун дар чор гурӯҳ ғолибони ҷои аввал муайян шуданд, вале касе барои дарёфти «Шоҳҷоиза» пешниҳод нашудааст. Сабаби инро аз Вазорати маориф шарҳ надоданд. Вале коршиносони соҳа мегӯянд, ки аксари вақт ба талабот ҷавобгӯ набудани ихтироъ ё навоварии довталабон боиси он мегардад, ки ба гирифтани “Шоҳҷоиза” роҳ намеёбанд.
Озмун аз рӯйи 8 номина – математика (арифметика, алгебра, геометрия), физика ва астрономия, химия, биология, география, фанноварии иттилоотӣ (технологияи иттилоотӣ), ҳуши маснӯӣ ва барномасозӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ баргузор шуд.
Он дар ҳар бахш вобаста ба синну сол миёни донишомӯзони мактабҳои миёна ва ибтидоии касбӣ, литсею гимназияҳо ва мактабҳои президентӣ, донишҷӯёни муассисаҳои миёна ва олии касбӣ, ходимони илмӣ, аспирантон, докторантон, унвонҷӯён, омӯзгорону муҳандисон ва намояндагони касбу кори гуногун доир гардид.
Ғолибони ҷойи аввал миёни хонандагони мактабҳои умумӣ ва ибтидоии касбӣ:
- Абдулқодир Азиззода, хонандаи синфи 10-и мактаби назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе – бахши “Математика”;
- Зулфия Қурбонзода, хонандаи синфи 9-и мактаби №100-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе – бахши “Физика ва астрономия”;
- Сулаймон Рӯзиев, хонандаи синфи 7-и мактаби №112-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе – бахши “География”;
- Ёсин Каримов, хонандаи синфи 10-и мактаби №21-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе – бахши “Технологияи иттилоотӣ”;
- Юсуф Давлатёров, хонандаи синфи 11-и мактаби №17-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе – бахши “Ҳуши маснӯӣ ва барномасозӣ”;
- Абубакр Назруллоев, хонандаи синфи 9-и мактаби №30-и ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон – бахши “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ”.

Ғолибони ҷойи аввал миёни хонандагони литсейҳо, гимназияҳо ва мактаби президентӣ:
- Афшин Абдувоҳидов, хонандаи синфи 10-и Литсейи президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон – бахши “Физика ва астрономия”;
- Абдулло Бойзода, хонандаи синфи 10-и Литсей-интернати тоҷикӣ-русии “Ҳотам Абдуфаттоҳ” дар шаҳри Ҳисор – бахши “Химия”;
- Маҳваш Шарифова, хонандаи синфи 9-и Гимназияи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе – бахши “География”;
- Муҳаммадхон Олимов, хонандаи синфи 9-и Литсейи физикӣ-математикии №1 ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд – бахши “Технологияи иттилоотӣ”;
- Фарангис Ҳаитова, хонандаи синфи 9-и Литсейи президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон – бахши “Зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ”;
- Али Саидзода, хонандаи синфи 10-и Мактаби Президентӣ барои кӯдакони лаёқатманд дар ноҳияи Данғара – бахши “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ”.
Ғолибони ҷойи аввал байни донишҷӯёни муассисаҳои миёна ва олии касбӣ:
- Хайём Нуриддинов, донишҷӯи курси 4-уми Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ – бахши “География”;
- Ҳусейн Абдуллозода, донишҷӯи курси 2-юми Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ – бахши “Ҳуши маснӯӣ ва барномасозӣ”;
- Наврӯзшоҳ Камолзода, донишҷӯи курси 3-юми Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ – бахши “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ”.
Ғолибони ҷойи аввал миёни ходимони илмӣ, аспирантон, докторантон ва унвонҷӯён, омӯзгорони мактабҳо, муҳандисон ва намояндагони касбу кори гуногун (танҳо дар ду номина ғолибон муайян гардидаанд):
- Диловар Махкамов, омӯзгори Коллеҷи тиббии шаҳри Истаравшан – бахши “Ҳуши маснӯӣ ва барномасозӣ”;
- Суннатулло Шарифзода, аспиранти кафедраи бемориҳои ҷарроҳии №1-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино – бахши “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ”.
Бояд гуфт, ки дар бархе номаниҳои озмун, аз ҷумла «Математика», «Физика ва астрономия», «Химия» «Биология» ва ғайра ғолибони ҷойҳои якум ва дуввум, бинобар арзанда набудани довталабон маълум нашуданд.
Бояд гуфт, имсол соли шашум аст, ки озмуни мазкур дар Тоҷикистон баргузор мешавад. Ҳадафи баргузории озмун “ҷалби наврасону ҷавонон, олимону муҳақиқон ва устодону омӯзгорон ба омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” арзёбӣ мешавад.
Дар соли 2025-ум ҷоизаи пулии озмуни “Илм-фурӯғи маърифат” дар қатори озмунҳои дигари ҷумҳуриявӣ ду баробар зиёд шуд. Акнун ғолибони ҷйҳои 1, 2 ва 3 мутаносибан 70, 50, 30 ҳазор сомонӣ ва омӯзгорони хонандагони мактабҳо 20 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дарёфт мекунанд.
Маблағи “Шоҳҷоиза” низ зиёд шудааст ва ба ҷойи 70 ҳазор сомонии қаблӣ, ғолиби он акнун 140 ҳазор сомонӣ мегирад. Вале се сол боз “Шоҳҷоиза”-и озмунро касе дарёфт накардааст.
Бояд гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар дар паёми худ ба муносибати Рӯзи дониш дар соли 2024 аз шеваи баргузории озмунҳои давлатӣ, аз ҷумла “Илм – фурӯғи маърифат” ва “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” интиқод карда буд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.


