Friday, October 30, 2026
Место для Реклама!
HomeҶаҳонЧӣ гуна нооромиҳо дар ҷаҳон ба фаъолияти корхонаҳои Тоҷикистон таъсир мерасонанд?

Чӣ гуна нооромиҳо дар ҷаҳон ба фаъолияти корхонаҳои Тоҷикистон таъсир мерасонанд?

Мушкилот дар хатсайрҳои Афғонистон ва Покистон аллакай, ба соҳаи чармгарии Тоҷикистон таъсир расонида, мушкилоти марбут ба сӯзишворӣ водор месозанд, ки ҷойгузин (алтернатива) ҷустуҷӯ карда шавад ва корхонаҳое, ки ба ашёи хоми воридотӣ вобастаанд, бо хароҷоти гарони логистикӣ рӯ ба рӯ мешаванд.

Шералӣ Кабир, вазири саноат ва фанновариҳои нав ҳанӯз тобистон изҳор дошта буд, ки танишҳои ҷаҳонӣ дар Осиёи Ҷанубӣ ва Ховари Миёна, интиқоли ашёи хом ва содироти маҳсулоти корхонаҳои Тоҷикистонро мушкил гардонидаанд.

Роҳи кӯтоҳ тавассути Покистон осебпазир шуд

Барои Тоҷикистон, ки ба баҳр роҳи мустақим надорад, хатсайрҳои нақлиётӣ тавассути кишварҳои ҳамсоя аҳамияти махсус доранд.

Ба гуфтаи Шералӣ Кабир, интиқоли бор тавассути бандарҳои Қарочӣ ва Гвадари Покистон тақрибан 7–10 рӯзро дар бар мегирад. Тавассути бандарҳои Бандар-Аббос ва Чобаҳори Эрон бошад, ҳадди ақал тақрибан ду ҳафта лозим аст. Интиқоли бор тавассути бандарҳои Потӣ ва Батумии Гурҷистон ё масири Русия метавонад 25–30 рӯзро дар бар гирад.

Дар ҳамин ҳол, вазъ дар масири Афғонистону Покистон ҳамоно ноустувор боқӣ мемонад. Дар аввали моҳи октябр муносибатҳои Кобул ва Исломобод дар пасманзари иттиҳомоти мутақобила ва ҳамлаҳо ба қаламрави Афғонистон дубора тезутунд шуданд.

Баедари Қарочӣ. Акс: wikipedia.org

Яке аз кӯтоҳтарин роҳҳои заминӣ аз Тоҷикистон ба бандарҳои Покистон тавассути Афғонистон мегузарад.

Саноати чармгарӣ: истеҳсолот 65% коҳиш ёфт

Яке аз пайомадҳои назарраси мушкилоти логистикӣ коҳиши истеҳсолот дар соҳаи чармгарӣ гардид. Тобистони соли равон Шералӣ Кабир иттилоъ дода буд, ки ҳаҷми истеҳсолот дар ин соҳа 65% коҳиш ёфтааст. Харидори асосии чарми Тоҷикистон Покистон буд, аммо бинобар мушкилот дар масири интиқол, соҳибкорон натавонистанд маҳсулотро дар ҳаҷми пешина интиқол диҳанд.

Ин вазъ ба дигар соҳаҳои истеҳсолӣ низ таъсир расониданд. Вазири саноат, соҳаҳои қолинбофӣ ва «мебел»-созиро мисол оварда буд. Риштаҳои синтетикӣ ва дигар ашёи хом барои истеҳсоли қолин, аз ҷумла, аз Эрон ва Туркия ба Тоҷикистон ворид мешуданд.

Ҳамин тариқ, корхонаҳо ҳам ҳангоми воридоти ашёи хом ва ҳам ҳангоми содироти маҳсулоти тайёр ба мушкилот дучор мешаванд.

Корхонаҳои истеҳсоли равған ҳастанд, аммо ашёи хом намерасад

Мисоли дигар истеҳсоли равғани растанӣ мебошад. Дар Тоҷикистон иқтидорҳои коркарди ашёи хом мавҷуданд, аммо корхонаҳо аз норасоии ашёи хоми ватанӣ танқисӣ мекашанд. Ба гуфтаи вазири саноат, зироатҳои равғандеҳро аз Русия ва Қазоқистон ворид кардан лозим меояд.

Шералӣ Кабир он замон гуфта буд, ки як қисми иқтидорҳои истеҳсолии мавҷуда, бинобар хароҷоти логистикӣ ва маҳдудиятҳо аз ҷониби таъминкунандагони ашёи хом, бо иқтидори пурра фаъолият намекунанд.

Корхонаҳои истихроҷи маъдан ба сӯзишворӣ вобастаанд

Мушкилоти воридот ба саноати истихроҷи маъдан низ дахл дорад. Вазорати саноат ҳамарӯза таъмини корхонаҳои бузургро бо сӯзишвории дизелӣ ва дигар захираҳои зарурӣ назорат мекунад.

Шералӣ Кабир ширкати «Зарафшон»-ро ба сифати мисол оварда буд, ки пардохтҳои андозӣ ва гумрукии ин ширкат дар як моҳ метавонанд ба ҳудуди 300 млн сомонӣ расанд. Аз ин рӯ, ба гуфтаи ӯ, ҳатто 10% коҳиш ёфтани истеҳсолот ба воридоти маблағ ба буҷет таъсир мерасонад.

Вазир ин хавфҳоро, аз ҷумла, ба мушкилоти логистикӣ ва таъмини корхонаҳо бо сӯзишворӣ рабт дода буд.

Иқтидорҳои истеҳсолии корхонаи коркарди маъдан. Акс аз хадамоти матбуоти президенти ҶТ

Қарордодҳои нав дар бораи таъмини маводи сӯхт

Русия ҳамоно таъминкунандаи асосии маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон боқӣ мемонад. Ҳамзамон, соли 2026 Душанбе ба густариши ҷуғрофияи таъминоти сӯзишворӣ оғоз кард. Охири моҳи сентябр Вазорати энергетика ва захираҳои об ба «Азия-Плюс» хабар дод, ки аз охири моҳи август Эрон низ интиқоли нафт ва маҳсулоти нафтиро ба ҷумҳурӣ оғоз кардааст.

Қаблан Душанбе ва Теҳрон имкони афзоиши интиқоли нафт, сӯхти дизелӣ, бензин ва керосини авиатсионӣ, инчунин таъсиси механизмҳои махсуси нақлиётӣ барои интиқоли онҳоро баррасӣ карда буданд.

Дар ҳамин ҳол, Эрон таҳти таҳримҳои байналмилалӣ қарор дорад. Тавре «The Diplomat» зикр мекунад, густариши тиҷорати маҳсулоти нафтӣ бо Теҳрон метавонад барои ширкатҳо ва ташкилотҳои молиявии иштироккунанда бо хатарҳои муайяни марбут ба таҳримҳо ҳамроҳ бошад.

Рӯзи 8-уми октябр Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва кордори муваққатии сафорати ИМА Карсон Релитс Рокер масъалаҳои таъмини бозори дохилии Тоҷикистон бо маҳсулоти нафтиро баррасӣ карданд.

Дар хабари вазорат, ҷузъиёти музокирот оварда нашудааст. Аз ҷумла, мушаххас нест, ки оё манбаъҳои иловагии воридоти маводи сӯхт шуданд ва оё созишномаҳои мушаххас ба даст омаданд.

Тоҷикистон роҳҳои нави дастрасӣ ба баҳрро ҷустуҷӯ мекунад

Ҳамкорӣ бо Эрон на танҳо ба таъмин бо маводи сӯхт марбут аст. Моҳи июл намояндагони ду кишвар рушди долонҳои нақлиётӣ ва имкони таъсиси маркази логистикии Тоҷикистон дар бандари Чобаҳорро баррасӣ карданд.

Баъдан Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон дар бораи рушди долони нави нақлиёти автомобилӣ ба мувофиқа расиданд. Дар назар аст, ки расмиёти сарҳадӣ ва гумрукӣ мавриди санҷиш қарор гирифта, интиқоли озмоишии бор анҷом дода шавад.

Коллажи asia+

Самти дигаре, ки коршиносон баррасӣ мекунанд, роҳандозии иртиботи роҳи оҳан бо Чин мебошад.

Сиёсатшиноси тоҷик Абдуғанӣ Мамадазимов дар аввали соли 2026 дар мусоҳиба бо «Азия-Плюс» дар бораи зарурати роҳандозии иртиботи мустақими роҳи оҳан бо Чин ва имкони идомаи ин роҳ дар оянда тавассути Афғонистон ва Эрон изҳори назар карда буд.

Ба саноат нархҳои ҷаҳонӣ низ таъсир мерасонанд

Омили дигари беруна, тағйирёбии арзиши ашёи хом ва фулузот (металлҳо) дар бозори байналмилалӣ мебошад.

Шералӣ Кабир сурмаро мисол оварда буд. Тибқи маълумоти ӯ, дар нимсолаи аввал бинобар коҳиши нархи ҷаҳонӣ арзиши ҳаҷми истеҳсоли он нисбат ба нишондиҳандае, ки метавонист дар сатҳи нархҳои соли гузашта ба даст ояд, тақрибан 3,3 млрд сомонӣ камтар будааст.

Дар пайи ин, Вазорати саноат ният дорад, коркарди амиқтари сурмаро дар дохили кишвар густариш диҳад. Ба гуфтаи вазири саноат, барои ин кор бо ширкатҳои Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ ва дигар кишварҳо музокирот идома дорад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular