Маҳдудиятҳои нави Амрико ҳоло мустақиман ба Тоҷикистон таъсир намерасонанд, аммо оқибатҳои онҳо метавонанд тавассути бонкҳои Русия, интиқоли маблағҳои муҳоҷирон, тиҷорат ва таъминоти сӯзишворӣ то кишвари мо расанд.
Доналд Трамп, раисҷумҳури ИМА рӯзи 18-уми сентябр «Қонуни Линдси Грэм дар бораи ҷорӣ кардани таҳримҳо алайҳи Русия ва Эрон дар соли 2026″-ро имзо кард. Қаблан, санад аз ҳар ду палатаи Конгресс гузашта буд.
Қонун, аллакай эътибор пайдо кардааст, вале қисми зиёди таҳримҳо бояд марҳила ба марҳила ҷорӣ карда шаванд. Маъмурияти ИМА барои иҷрои як қатор муқаррароти он 30 рӯз муҳлат гирифтааст. Аз ин рӯ, 18-уми октябр яке аз санаҳои калидӣ хоҳад буд.

Таҳримҳо берун аз ҳудуди Русия мераванд
Ин санад, фишори таҳримиро ба бахши молиявии Русия, ширкатҳои давлатӣ, энергетика, сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷӣ густариш медиҳад. Нисбат ба созмонҳои молиявии давлатӣ ва вобаста ба Русия чораҳои алоҳида пешбинӣ шудаанд.
Маҳдудиятҳои тиҷоратӣ низ пешбинӣ шудаанд. ИМА метавонад боҷҳои гумрукиро барои молҳои аз Русия воридшаванда, аз ҷумла нафт, газ, маҳсулоти нафтӣ ва ангишт, то 500% боло барад.
Аммо тавре РБК менависад, созукор ё механизми боҷҳои 500%-а алайҳи кишварҳое, ки харидории захираҳои энергетикии Русияро идома медиҳанд ва қаблан ба таври васеъ мавриди баҳс қарор гирифта буд, дар таҳрири ниҳоӣ маҳдуд карда шудааст.
Ҳоло таҳдиди мустақим вуҷуд надорад
Дар ҳоли ҳозир хатари мустақими ҷорӣ шудани боҷҳои гумрукӣ барои Тоҷикистон чандон зиёд ба назар намерасад. Тоҷикистон воқеан аз маҳсулоти нафтии Русия вобастагии зиёд дорад, аммо кишвари мо ба қатори бузургтарин харидорони нафту гази Русия дар ҷаҳон дохил намешавад.
Аз ин рӯ, худи далели харидории сӯзишворӣ аз Русия маънои онро надорад, ки молҳои Тоҷикистон ба таври худкор таҳти боҷҳои баландтари гумрукии Амрико қарор мегиранд. Барои кишвар роҳу воситаҳои дигари таъсиррасонӣ хеле муҳимтаранд.
Хатари асосӣ — бахши бонкӣ
Бахши молиявии қонунгузории нав, метавонад барои Тоҷикистон аз ҳама ҳассостар бошад.
Қонунгузории таҳримии Амрико имкон медиҳад, ки нисбат ба созмонҳои молиявии хориҷӣ барои анҷом додани амалиёти муайяни назаррас бо шахсон ва сохторҳое, ки таҳти маҳдудиятҳои Амрико қарор доранд, чораҷӯӣ карда шаванд.

Дар баробари ин, мафҳуми «амалиёти назаррас» ба як маблағи муайян вобаста нест. Ҳангоми арзёбӣ ҳаҷм, шумора ва суръати амалиёт, хусусияти онҳо, робита бо шахсони таҳти таҳрим қарордошта, кӯшишҳои эҳтимолии пинҳон кардани иштирокчиёни муомила ва дигар ҳолатҳо метавонанд ба назар гирифта шаванд. Чунин равишро Раёсати назорати дороиҳои хориҷии Амрико — OFAC — нисбат ба таҳримҳои марбут ба Русия истифода мебарад.
Аз ин рӯ, худи далели ҳамкории бонки Тоҷикистон бо низоми молиявии Русия ҳанӯз маънои нақзи таҳримҳоро надорад.
Аммо ба бонкҳо лозим меояд бодиққат назорат кунанд, ки пардохт тавассути кадом созмони Русия анҷом дода мешавад, гирандаи ниҳоии маблағ кист ва оё амалиёт бо ширкатҳо ё сохторҳои таҳти маҳдудият қарордошта робита дорад ё не.
Зимнан, гузаштан аз доллар ба рубл, сомонӣ ё асъорҳои дигар худ аз худ хатарҳои таҳримиро аз байн намебарад.
Бонки миллии Тоҷикистон ин тасмимро, аз ҷумла ба муколама бо шарикони аврупоӣ, ҷорӣ кардани меъёрҳои байнулмилалии назорати бонкӣ ва мутобиқат, таҳкими низоми муқовимат ба қонунигардонии маблағҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва назорати дохилӣ рабт дода буд.
Ин таҷриба нишон медиҳад, ки хавфҳои марбут ба амалиёте, ки мақомоти танзимгари кишварҳои Ғарб метавонанд онҳоро ҳамчун мусоидат ба давр задани таҳримҳо алайҳи Русия арзёбӣ кунанд, барои низоми молиявии Тоҷикистон танҳо назариявӣ нестанд.
Пардохтҳо метавонанд мушкилтар шаванд
Таъсири дигари эҳтимолӣ низ вуҷуд дорад. Ҳатто агар худи бонки Тоҷикистон таҳти таҳримҳо қарор нагирад ҳам, метавонад қоидаҳои интиқоли маблағҳои марбут ба Русияро сахттар кунад.

Бонкҳо одатан кӯшиш мекунанд, ки аз мушкилоти эҳтимолӣ пешакӣ ҷилавгирӣ кунанд. Аз ин рӯ, онҳо метавонанд барои санҷиши пардохтҳо вақти бештар сарф ва ҳуҷҷатҳои иловагӣ талаб кунанд, маълумот дар бораи гирандаи маблағро мушаххас созанд ё дар сурати хавфнок арзёбӣ кардани амалиёт аз анҷом додани он комилан даст кашанд.
Дар таҷрибаи байналмилалӣ чунин рафторро «overcompliance» — риояи аз ҳад зиёди талаботи таҳримӣ меноманд.
Аз ин рӯ, пас аз 18 -уми октябр муҳим хоҳад буд, ки на танҳо ҷорӣ шудани таҳримҳои нави ИМА, балки вокуниши худи бонкҳо ба онҳо низ пайгирӣ карда шавад.
Хавфи дуввум — интиқоли маблағҳо
Хавфи дигар ба вазъи иқтисоди Русия вобаста аст. Тоҷикистон ҳамоно яке аз кишварҳои ҷаҳон бо вобастагии бештар аз интиқоли маблағҳо боқӣ мемонад. Тибқи арзёбии Бонки ҷаҳонӣ, соли 2025 ҳаҷми холиси интиқоли маблағҳо ба Тоҷикистон 30,5% афзуда, тақрибан ба 46%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) расид. Бонки ҷаҳонӣ афзоиши интиқоли маблағҳоро, аз ҷумла ба болоравии даромадҳо дар Русия ва таҳкими қурби рубл рабт дода буд.
Чунин вобастагӣ Тоҷикистонро ба тағйирот дар бозори меҳнати Русия махсусан ҳассос мегардонад.
Аммо худ ба худ бастаи нави таҳримҳо маънои ба таври худкор коҳиш ёфтани даромади муҳоҷиронро надорад. Пас аз мавҷҳои қаблии маҳдудиятҳо иқтисоди Русия тавонист ба як қисми таҳримҳо мутобиқ шавад ва норасоии қувваи корӣ дар баъзе соҳаҳо талабот ба меҳнатро нигоҳ медошт.
Аз ин рӯ, барои Тоҷикистон таъсири воқеии чораҳои нав аҳаммияти ҳалкунанда хоҳад дошт: тағйирёбии қурби рубл, вазъ дар бозори меҳнат ва даромади воқеии муҳоҷирон.

Агар қурби рубл ба таври назаррас поин равад ё даромади муҳоҷирон коҳиш ёбад, оқибатҳои он барои Тоҷикистон метавонанд нисбат ба таъсири маҳдудиятҳои мустақими тиҷоратӣ зудтар зоҳир шаванд.
Хавфҳо дар савдо
Роҳи дигари таъсир тиҷорати хориҷӣ мебошад. Дар моҳҳои январ–августи соли 2026 гардиши мол миёни Тоҷикистону Русия тақрибан 1,68 млрд долларро ташкил дод. Дар баробари ин, тиҷорат ҳамоно хеле номутавозин боқӣ мемонад: содироти Тоҷикистон тақрибан 106,2 млн долларро ташкил дода, воридот аз Русия бошад, ба ҳудуди 1,57 млрд доллар расид.
Аз ин рӯ, хавфи асосӣ барои Тоҷикистон на он қадр ба эҳтимоли аз даст додани бозори фурӯши Русия, балки ба гаронтар ё мушкилтар шудани интиқоли мол аз Русия вобаста аст.
Агар маҳдудиятҳои нав арзиши ҳисоббаробаркуниҳои бонкӣ, ҳамлу нақл, суғурта ё фаъолияти миёнаравонро зиёд кунанд, як қисми хароҷоти иловагӣ метавонад ба нархи ниҳоии молҳои воридотӣ зам карда шавад.
Вобастагӣ аз сӯзишворӣ
Вобастагии бозори маҳсулоти нафтии Тоҷикистон аз маҳсулоти Русия ҳамоно баланд боқӣ мемонад. Дар нимсолаи аввали соли 2026 Тоҷикистон 524,2 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид кард, ки ҳиссаи Русия дар ин воридот 91,1%-ро ташкил дод.
Сӯзишвории Русия дар доираи созишномаи байниҳукуматӣ, ки аз соли 2013 амал мекунад, бидуни боҷҳои содиротӣ ва дар ҳаҷми ҳамасола мувофиқашаванда ба ҷумҳурӣ ворид мешавад. Барои соли 2026 дар бораи тақрибан 1,1 млн тонна сухан меравад.

То охири моҳи август нархи 1 литр сӯхти дизелӣ ба ҳисоби миёна тақрибан 16,5 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба аввали моҳи июн тақрибан 50% гаронтар буд.
Қонуни нави Амрико интиқоли бензин ё сӯхти дизелиро аз Русия ба Тоҷикистон манъ намекунад.
Илова бар ин, тавре «Интерфакс» хабар медиҳад, 9 -уми октябр Доналд Трамп аз ба даст омадани тавофуқ бо Владимир Путин дар бораи афзоиши интиқоли сӯхти дизелии Русия ба бозорҳои Амрико ва ҷаҳон хабар дод. Тибқи изҳороти Трамп, Русия бояд фавран беш аз 300 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, моҳи ноябр боз 500 ҳазор тонна ва пас аз он 1 млн тоннаи дигар интиқол диҳад. Ҳамчунин, вобаста ба имкониятҳои корхонаҳои коркарди нафти Русия, интиқоли иловагии то 3 млн тонна сӯхти дизелӣ баррасӣ мешавад.
Пас аз ин, Вазорати молияи ИМА амалиёт бо сӯхти дизелии Русия, аз ҷумла фурӯш, интиқол ва воридоти онро муваққатан иҷоза дод. Тавре РБК менависад, ин иҷоза то 7 -уми апрели соли 2027 амал мекунад.
Русия дар навбати худ, аз бекор кардани пеш аз муҳлати маҳдудиятҳо барои содироти сӯхти дизелӣ ва омодагӣ барои оғози интиқоли он ба ИМА ҳанӯз дар моҳи октябр хабар дод. Александр Новак, муовини нахуствазири Русия изҳор дошт, ки бо анҷом ёфтани таъмири корхонаҳои коркарди нафт ҳаҷми содирот метавонад дар моҳҳои ноябр ва декабр зиёд шавад.
Ин тавофуқҳо метавонанд пешниҳоди сӯхти дизелиро дар бозори ҷаҳонӣ зиёд карда, ба коҳиши нархҳо мусоидат кунанд. Аммо барои Тоҷикистон, ки қисми асосии маҳсулоти нафтиро аз Русия дастрас мекунад, таъсири қарорҳои нав аз арзиши сӯзишвории Русия, шартҳои интиқол ва хароҷоти нақлиётӣ вобаста хоҳад буд.
Тоҷикистон ба ҷои маводи сӯхти Русия ҷойгузин мекобад, вале…
Тоҷикистон тадриҷан кӯшиш мекунад, ки манбаъҳои таъминоти сӯзишвориро гуногунсамт кунад. Аз ҷумла, соли 2026 ҳамкорӣ дар ин самт бо Эрон фаъолона рушд ёфт.
Моҳи август Душанбе бо Теҳрон имкони интиқоли 2 млн тонна нафти хом, 300 ҳазор тонна сӯхти дизелӣ, 150 ҳазор тонна бензин ва 100 ҳазор тонна сӯхтии ҳавопаймоиро баррасӣ кард. Баъдан маълум шуд, ки Тоҷикистон аллакай нахустин миқдорҳои нафту маҳсулоти нафтии Эронро дарёфт кардааст.

Илова бар ин, тӯли солҳои интиқоли сӯзишвории Русия, дар Тоҷикистон аллакай низоми дахлдори логистикӣ, терминалҳо, шартномаҳо ва тартиби фаъолияти воридкунандагони бузург ташаккул ёфтааст. Аз ин рӯ, дар муддати кӯтоҳ ҷойгузин кардани сӯзишвории Русия бо маҳсулоти аз кишварҳои дигар воридшаванда, ки аз ҷиҳати арзиш қобили муқоиса бошанд, мушкил хоҳад буд.
Ҳамин мушкилот ба таври васеъ ба тамоми воридот аз Русия низ дахл дорад: ҳар қадар вобастагӣ аз як бозор зиёд бошад, ҳамон қадар таконҳои молиявӣ ё логистикии беруна метавонанд ба нархҳои дохилӣ таъсири бештар расонанд.
Чор хавфи асосӣ барои Тоҷикистон
Ҳамин тариқ, хавфҳоро шартан метавон ба чор сатҳ тақсим кард.
1. Таҳримҳо ё боҷҳои мустақими гумрукии Амрико алайҳи Тоҷикистон. Ҳоло эҳтимоли чунин сенария маҳдуд ба назар мерасад. Қонуни нав мустақиман алайҳи Русия равона шудааст.
2. Хавфҳои молиявӣ. Онҳо хеле ҷиддитаранд. Бонкҳои Тоҷикистон маҷбур мешаванд, ки амалиёт бо созмонҳои молиявии Русия ва шарикони тиҷоратии бо онҳо алоқамандро махсусан бодиққат тафтиш кунанд.
3. Иқтисоди Русия ва интиқоли маблағҳо. Барои Тоҷикистон ин эҳтимолан васеътарин роҳи таъсиррасонӣ мебошад. Дар шароите, ки ҳаҷми интиқоли маблағҳо тақрибан ба нисфи маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар баробар аст, вазъи бозори меҳнати Русия ва қурби рубл мустақиман ба даромади бисёр оилаҳо таъсир мерасонад.
4. Воридот ва сӯзишворӣ. Русия беш аз 90%-и воридоти маҳсулоти нафтиро таъмин мекунад. Аз ин рӯ, хароҷоти иловагӣ ё мушкилот дар ҳисоббаробаркуниҳо ва интиқоли мол метавонанд дар муддати нисбатан кӯтоҳ ба бозори дохилӣ таъсир расонанд.

Марҳилаи муҳими нахустин 18 -уми октябр, пас аз 30 рӯзи имзои қонун фаро мерасад. Пас аз ин рӯз равшантар хоҳад шуд, ки маъмурияти ИМА ваколатҳои навро маҳз чӣ гуна истифода бурдан мехоҳад.
Барои Тоҷикистон чанд масъала аҳаммияти калидӣ доранд:
- кадом бонкҳо ва ширкатҳои Русия воқеан таҳти маҳдудиятҳои нав қарор мегиранд;
- Вазорати молияи Амрико мафҳуми «амалиёти назаррас»-и бонкҳои хориҷиро чӣ гуна шарҳ медиҳад;
- оё ташкилоти молиявии Тоҷикистон қоидаҳои ҳисоббаробаркуниҳо бо Русияро тағйир медиҳанд;
- қурби рубл ва бозори меҳнати Русия чӣ гуна вокуниш нишон медиҳанд; оё арзиши интиқоли маҳсулоти нафтӣ тағйир меёбад.
Қонун аллакай қабул шудааст. Аммо таъсири воқеии онро ба Тоҷикистон тарзи татбиқи маҳдудиятҳо дар амал муайян хоҳад кард.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.


