Friday, October 30, 2026
Место для Реклама!
HomeИқтисодАз «рубли шӯравӣ» то «сомонӣ». Дар сад соли Тоҷикистон кадом воҳидҳои пулӣ...

Аз «рубли шӯравӣ» то «сомонӣ». Дар сад соли Тоҷикистон кадом воҳидҳои пулӣ истифода шудаанд?

Бисту шаш сол қабл, 30-юми октябри соли 2000, воҳиди нави пули миллии Тоҷикистон – “сомонӣ” ба муомилот баромад. Он ба ифтихори Исмоили Сомонӣ, бунёдгузори нахустин давлати мутамаркази тоҷикон номгузорӣ шудааст. Аввалин маротиба пулҳои коғазӣ бо арзиши 1, 5, 10, 20, 50, 100 сомонӣ ва воҳиди хурди он бо арзиши 1, 5, 20, 50 дирам ба муомилот бароварда шуданд.

Дар ин мавод аз таърихи пули миллии кишвар ва воҳидҳои пулие, ки пештар аз даст ёфтан ба истиқлол дар кишвар истифода мешуданд, ёд меорем.

«Рубли шӯравӣ»

Аз ташкили Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон 102 сол гузашт. Замоне, ки Тоҷикистон ба ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ шомил буд, воҳиди пулии истифодашаванда мисли дигар ҷамоҳири иттиҳод «рубли шуравӣ» буд.

Пас аз пароканда шудани Иттиҳоди шӯравӣ, давоми солҳои 1992-1995 «рубли шӯравӣ» тадриҷан аз гардиш бароварда шуд ва охирин кишваре, ки аз истифодаи он даст кашид, Тоҷикистон буд. Кишвари мо то 1-уми январи соли 1994 «рубли шуравӣ»-ро истифода карда, аз ин таърих то 10-уми майи соли 1995 «рубли русӣ»-и соли 1993 ҳамчун воситаи пардохт дар Тоҷикистон эътироф шуда буд.

Дар баргаҳои мо бубинед, ки дар давраи Иттиҳоди шӯравӣ кадом воҳидҳои пулии «рубли шуравӣ» бо барориши солҳои гуногун истифода мешуданд: 

 

Пайдоиши «рубли тоҷикӣ»

10-уми майи соли 1995 дар ҳудуди кишвар «рубли тоҷикӣ» ба муомилот бароварда шуд. Тоҷикистон баъд аз ҳама кишварҳои узви ИДМ пули миллии худро баровард, ки дар хотири сокинон ин сана бо номи “пулшиканӣ” ва ё “пулшикаст” сабт шудааст. «Рубли тоҷикӣ» бо арзиши 1, 5, 10, 20, 50, 100, 200, 500, 1000 рубл ба муомилот бароварда шуд.

Он то соли 2000-ум дар тамоми муомилоти кишвар истифода мешуд.

“Сомонӣ” 26-сола шуд

30-юми октябри соли 2000 воҳиди нави пули миллии кишвар “сомонӣ” ба муомилот баромад. Рӯзи 26-уми октябри соли 2000 аз ҷониби раисҷумҳури кишвар фармони ин қарор судур шуд. Аввалин маротиба пулҳои коғазӣ бо арзиши 1, 5, 10, 20, 50, 100 сомонӣ ва воҳиди хурди он бо арзиши 1, 5, 20, 50 дирам ба муомилот бароварда шуданд.

 

Дар пулҳои коғазии нав, расми арбобони бузурги муосир ва гузаштаи халқи тоҷик ва ҳамчунин, тасвири ёдгориҳои меъморӣ ва таърихии Тоҷикистон, ашёи санъату ҳунари мардуми тоҷик ҷой дода шудаанд.

Рӯзи 3-юми сентябри соли 2001 бошад Бонки миллии Тоҷикистон тангаҳои филизӣ бо арзиши 1, 3, 5 сомонӣ ва 5, 10, 20, 25, 50 дирам ба муомилот баровард.

10-уми сентябри соли 2010 пулҳои нави коғазӣ бо арзиши 3, 200 ва 500 сомонӣ ба муомилот баромаданд.

Моҳи ноябри соли 2004 аввалин тангаҳои хотиравии Тоҷикистон ба муомилот бароварда шуданд. Онҳо тангаҳо бо арзиши 5 сомонӣ ба ифтихори 10-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон ва тангаҳои арзиши 3 сомонӣ ба ифтихори 80-солагии пойтахти Тоҷикистон буданд. Ин тангаҳо дар ду шакл аз нуқра ва маводи омехта (латун ва мелхиор) сикка зада шудаанд. Тангаҳое, ки аз маводи омехта сикказанӣ шудаанд, дар муомилоти пулии ҷумҳурӣ қарор доранд.

Соли гузашта, ба муносибати ба муомилот баровардани воҳиди пули миллӣ– “сомонӣ”, пули ҷашнии 100 сомонӣ бо теъдоди муайян  ба муомилот бароварда шуд ва дар қатори дигар пулҳои коғазӣ баробар гардиш менамояд. Тарҳи ин пулҳо дар озмуни байналмилалии “High Security Printing” дар номинаи “Беҳтарин банкнотаи ҷашнӣ дар соли 2025” сазовори ҷоиза гардид. Бо тарҳу сохт ва унсурҳои пули 100 сомонии ҷашнӣ дар ин маводи мо шинос шавед: Пули 100-сомонии ҷашнӣ соҳиби ҷоиза шуд. Он бо кадом тарҳ омода шуд ва чӣ бартарият дорад?

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular