Thursday, October 29, 2026
Место для Реклама!
HomeИқтисодБАТР имкони маблағгузорӣ ба НБО «Роғун»-ро баррасӣ мекунад

БАТР имкони маблағгузорӣ ба НБО «Роғун»-ро баррасӣ мекунад

Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) имкони иштирок дар маблағгузории марҳилаи навбатии сохтмони НБО «Роғун»-ро баррасӣ мекунад. Дар ин бора Маттео Патроне, ноиби президенти бонк дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо «Азия-Плюс» хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, БАТР аҳаммияти стратегии НБО «Роғун»-ро на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми Осиёи Марказӣ дарк мекунад, аммо масъалаи маблағгузории мустақими сохтмони нерӯгоҳ ҳанӯз дар баррасӣ аст.

«Агар ошкоро гӯем, ҳоло мо намедонем, ки марҳилаи навбатии сохтмони НБО «Роғун»-ро маблағгузорӣ мекунем ё дар маблағгузории он иштирок хоҳем кард», — гуфт Патроне.

Ӯ шарҳ дод, ки пеш аз қабули қарор бонк бояд таҳлили мустақилонаи лоиҳаро анҷом диҳад. Илова бар ин, барои баррасии минбаъдаи масъала бояд як қатор шартҳо иҷро карда шаванд.

«Бешубҳа, мо ба омӯзиши чунин имконият таваҷҷуҳ дорем. Аммо барои он ки мо тавонем ба марҳилаи баъдӣ гузарем, иҷрои як қатор шартҳо зарур аст».


Маттео Патроне,
ноиби президенти БАТР.

Ба гуфтаи Патроне, ҳоло дар бораи он ки вобаста ба иштироки бонк дар маблағгузории НБО «Роғун» чӣ гуна қарор қабул мешавад, сухан гуфтан ҳанӯз барвақт аст.

Ноиби президенти БАТР Маттео Патроне ва вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода. Акс аз хадамоти матбуоти БАТР

Ҳарчанд қарор дар бораи маблағгузории мустақими сохтмони НБО «Роғун» ҳанӯз қабул нашудааст, БАТР аллакай дар татбиқи як қатор лоиҳаҳои марбут ба рушди зерсохтори энергетикии кишвар иштирок мекунад. Аз ҷумла, Патроне лоиҳаи минтақавии «CASA-1000», навсозии истгоҳҳои тақсими барқ (автотрансформаторҳои оператор)-и низоми интиқоли нерӯи барқ ва дигар ташаббусҳоро номбар кард.

Бонк ҳамчунин нақша дорад, ки то охири соли 2026 созишномаеро дар бораи лоиҳаи коҳиши талафоти нерӯи барқ дар шабакаҳои барқии Тоҷикистон ба имзо расонад.

«Мо воқеан ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунем».


Маттео Патроне,
ноиби президенти БАТР.

Ба гуфтаи ӯ, БАТР дар ҳамкорӣ бо ҳукумати Тоҷикистон барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ба бахши энергетикаи барқароршаванда кор мебарад.

Бонк нақша дорад, ки соли 2027 нахустин музоядаи лоиҳаҳои ин соҳа баргузор кунад. Ҳамзамон, имкониятҳои ҷалби сармоягузорони бузург бар асоси созишномаҳои дуҷониба баррасӣ мешаванд.

Кӣ аллакай сохтмони НБО «Роғун»-ро маблағгузорӣ мекунад?

НБО «Роғун» аз ҳисоби буҷети давлатии Тоҷикистон ва маблағҳои созмонҳои байнулмилалии молиявӣ бунёд мешавад.

Яке аз бузургтарин шарикони молиявии лоиҳа Бонки ҷаҳонӣ мебошад. Моҳи декабри соли 2024 Шӯрои мудирони иҷроияи он барои марҳилаи аввали барномаи маблағгузории НБО «Роғун» 350 млн доллар кумаки бебозгашт ё грантро тасдиқ кард.

Акс аз торнамои НБО "Роғун"

Соли 2026 Бонки ҷаҳонӣ боз як кумаки дигарро ба маблағи 300 млн долларро тасдиқ кард. Ҳамин тариқ, ҳаҷми умумии маблағгузории грантии тасдиқшудаи Бонки ҷаҳонӣ барои сохтмони нерӯгоҳ ба 650 млн доллар расид.

Ҳамчунин, рӯзи 1-уми октябр палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон созишнома дар бораи ҷудо кардани кумаки дуюмро ба тасвиб расонд.

Маблағҳо барои идомаи корҳои сохтмон, харидорӣ ва насби таҷҳизоти энергетикӣ, назорати сифат ва бехатарӣ, инчунин иҷрои уҳдадориҳои экологӣ ва иҷтимоии лоиҳа пешбинӣ шудаанд.

Бонки осиёии сармоягузориҳои зерсохторӣ (БОСЗ) низ ба маблағгузории НБО «Роғун» ҷалб шудааст. Моҳи декабри соли 2024 бонк барномаи бисёрмарҳилавии маблағгузориро дар ҳаҷми то 500 млн доллар, аз ҷумла қарз ба маблағи 270 млн долларро дар марҳилаи аввал тасдиқ кард. 230 млн доллари боқимонда барои марҳилаи навбатӣ дар сурати иҷрои шартҳои муқарраршуда пешбинӣ шудааст.

Илова бар ин, Тоҷикистон барои ҷалби 150 млн доллар аз Бонки исломии рушд, инчунин аз Хазинаи рушди Арабистони Саудӣ, Хазинаи рушди Кувейт ва Хазинаи ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ — аз ҳар кадом 100 млн доллар кор мебарад.

Акс аз торнамои НБО "Роғун"

Моҳи феврали соли 2026 Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон изҳор дошт, ки расмиёти дохилидавлатӣ барои ҷалби ин маблағҳо дар марҳилаи ниҳоӣ қарор доранд. Ҳамон вақт Тоҷикистон бо Хазинаи рушди Абу-Забӣ дар бораи ҷудо кардани 100 млн доллар барои сохтмони НБО «Роғун» созишнома ба имзо расонид.

Дар баробари ин, на ҳамаи маблағҳои эълонкардаи шарикони байнулмилалӣ аллакай барои сохтмон ворид шудаанд. Як қисми маблағгузорӣ тасдиқ шуда, баъзе маблағҳо дар созишномаҳо пешбинӣ гардидаанд ва бастаҳои алоҳида ҳанӯз дар марҳилаи мувофиқа қарор доранд.

Музокирот барои ҷалби маблағҳои нав идома дорад

Тоҷикистон музокиротро бо созмонҳои байнулмилалии молиявӣ барои ҷалби маблағҳои иловагӣ ҷиҳати анҷоми сохтмони нерӯгоҳ идома медиҳад.

Аз ҷумла, масъалаи ҷалби ҳудуди 500 млн евро аз Бонки сармоягузории Аврупо (БСА) баррасӣ мешавад. Ин як созмони молиявии алоҳида буда, ба Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, ки мавқеи онро Маттео Патроне баён кард, иртибот надорад.

Илова бар ин, Бонки осиёии рушд (БОР) имкони ҷудо кардани 500 млн доллар барои сохтмони НБО «Роғун»-ро баррасӣ мекунад. Аз ин маблағ, ҷудо кардани 200 млн доллар дар шакли грант ва 300 млн доллар — дар шакли қарзи имтиёзнок пешбинӣ мешавад.

Акс аз торнамои НБО "Роғун"

Ин масъала дар мулоқоти Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки осиёии рушд дар Бангкок баррасӣ шуд. Аммо қарори ниҳоӣ дар бораи ҷудо кардани ин маблағҳо ҳанӯз қабул нашудааст.

Тибқи маълумоте, ки агентии S&P Global Ratings моҳи августи соли 2026 нашр карда буд, Тоҷикистон бо шарикони байнулмилалӣ дар бораи маблағгузории лоиҳаи Роғун ба маблағи тақрибан 1,5 млрд доллар созишномаҳо ба имзо расонидааст.

Худи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо мекунад?

Бо вуҷуди ҷалби шарикони байнулмилалӣ, қисми зиёди хароҷоти сохтмони НБО «Роғун» то ҳол аз ҳисоби манбаъҳои дохилӣ пӯшонида мешавад.

Тибқи маълумоте, ки президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 21-уми августи соли 2026 эълон кард, аз соли 2008 барои корҳои сохтмонӣ ва барқарорсозӣ дар нерӯгоҳ аз буҷети давлатӣ ва дигар манбаъҳо 60,3 млрд сомонӣ равона шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо бинокорони нерӯгоҳ. Акс аз хадамоти матбуоти сарвари давлат

Соли 2025 аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои сохтмони НБО «Роғун» 8,1 млрд сомонӣ ҷудо карда шуд. Барои соли 2026 ҷудо кардани 11,4 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Дар ҳафт моҳи аввали соли 2026 барои корҳои сохтмону насб аз тамоми манбаъҳои маблағгузорӣ 8,4 млрд сомонӣ равона шудааст.

Мувофиқи арзёбии моҳи августи S&P Global Ratings, барои анҷоми лоиҳаи Роғун боз ҳудуди 5,8 млрд доллар зарур аст. Оҷонсӣ интизор дорад, ки тақрибан нисфи хароҷоти боқимонда аз ҳисоби маблағгузории байнулмилалӣ ва нисфи дигар аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва даромади худи нерӯгоҳ пӯшонида мешавад.

Сохтмони НБО «Роғун» кай ба анҷом мерасад?

НБО «Роғун» дар дарёи Вахш, тақрибан 110 километр дуртар аз Душанбе бунёд мешавад. Пас аз анҷоми сохтмон иқтидори лоиҳавии он 3780 МВт-ро ташкил медиҳад. Дар нерӯгоҳ насби шаш гидроагрегат бо иқтидори 630 МВт барои ҳар кадоме пешбинӣ шудааст.

Ду агрегати аввал солҳои 2018 ва 2019 ба истифода дода шуданд. Ҳоло онҳо бо иқтидори кам кор мекунанд.

Акс аз торнамои НБО "Роғун"

Пас аз пурра ба истифода додан, нерӯгоҳ метавонад солона ҳудуди 14,4 млрд кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол кунад. Ин имкон медиҳад, ки истеҳсоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон афзоиш ёфта, норасоии мавсимии он коҳиш ёбад ва имкониятҳои содирот ба кишварҳои ҳамсоя васеъ шаванд.

Баландии лоиҳавии сарбанд 335 метрро ташкил медиҳад. Тибқи маълумоти охирини расмӣ, то моҳи августи соли 2026 баландии он ба 190 метр расида, ҳаҷми масолеҳи гузошташуда аз 61%-и ҳаҷми пешбинишуда зиёд шудааст.

Соли 2027 мавриди истифода қарор додани гидроагрегати навбатии нерӯгоҳ ба нақша гирифта шудааст.

Тибқи ҳуҷҷатҳои навшудаи лоиҳавӣ, муҳлати тахминии анҷоми сохтмони сарбанд аз соли 2029 ба соли 2032 гузаронида шудааст. Дар баробари ин, анҷоми сохтмони сарбанд маънои ба охир расидани тамоми корҳои маҷмааи гидроэнергетикиро надорад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular