Saturday, October 31, 2026
Место для Реклама!
HomeМуҳоҷиронНопадид шудани як фаъоли тоҷик дар Олмон: наздиконаш аз сарнавишти Саидтаиб Саидмамудов...

Нопадид шудани як фаъоли тоҷик дар Олмон: наздиконаш аз сарнавишти Саидтаиб Саидмамудов нигаронанд

Беш аз даҳ рӯз аст, ки дар бораи маҳалли будубош ва вазъи ҳуқуқии Саидтаиб Саидмамудов, шаҳрванди Тоҷикистон ва фаъоли ҷомеаи помирӣ, маълумоти дақиқ дастрас нест. Як манбаи огоҳ ба TajNews хабар додааст, ки ӯ 19 октябри соли 2026 дар Олмон боздошт шудааст. Эҳтимоли интиқоли ӯ ба Тоҷикистон нигарониҳоро дар мавриди амнияти ин фаъол бештар кардааст.

Қазияи Саидтаиб Саидмамудов дар ҳоле матраҳ мешавад, ки то кунун маълум нест ӯ дар кадом муассиса қарор дорад ва мақомоти Олмон нисбат ба ӯ чӣ гуна чораҳои ҳуқуқӣ андешидаанд. Бино ба иттилои манбаи TajNews, эҳтимол меравад, ки ӯ дар қаламрави аёлати Бавария нигоҳ дошта шавад. Аммо ин маълумот ҳанӯз аз ҷониби манобеи мустақил ё мақомоти расмӣ тасдиқ нашудааст.

Маълумоти дигаре, ки ба TajNews расидааст, нишон медиҳад, ки Саидмамудов пеш аз ин дар фаъолияти эътирозии тоҷикон дар Олмон иштирок доштааст. Ӯ аз ҷумла дар ду чорабинии эътирозӣ дар Берлин, ки рӯзҳои 28 ва 30 сентябри соли 2023 баргузор шуда буданд, ҳузур доштааст. Яке аз онҳо дар назди сафорати Тоҷикистон ва дигаре дар назди Идораи канслери федералии Олмон баргузор шудааст.

Саидмамудов ҳамчун фаъоли сиёсӣ ва намояндаи ҷомеаи помирӣ шинохта мешавад. Маҳз собиқаи фаъолияти эътирозии ӯ боиси нигаронии манбаъ шудааст, ки дар сурати бозгашт ба Тоҷикистон метавонад бо мушкилоти амниятӣ ва хатари таъқиб рӯбарӯ гардад.

Ҳуҷҷати фурудгоҳи Франкфурт ва саволҳои беҷавоб

TajNews як нусхаи акси ҳуҷҷатеро дарёфт кардааст, ки дар он номи Саидтаиб Саидмамудов зикр шуда, санаи 19 октябри соли 2026 ва номи пулиси федералии Олмон дар фурудгоҳи Франкфурт сабт шудааст.

Аз муҳтавои ин санад бармеояд, ки масъалаи муроҷиати ӯ барои дарёфти паноҳандагӣ дар Олмон матраҳ будааст. Дар ҳуҷҷат тартиби идомаи расмиёти паноҳандагӣ ва зарурати муроҷиат ба Идораи федералии муҳоҷират ва паноҳандагон (BAMF) шарҳ дода шудааст.

Дар ҳоли ҳозир чанд масъалаи муҳим беҷавоб боқӣ мемонад: оё Саидмамудов воқеан дар боздошт қарор дорад, ӯ ба кадом ниҳод супурда шудааст ва оё нисбат ба ӯ расмиёти ихроҷ оғоз гардидааст?

Чаро эҳтимоли бозгашт ба Тоҷикистон нигаронкунанда аст?

Барои шахсоне, ки бо сабабҳои сиёсӣ аз кишвари худ хориҷ шудаанд ё дар хориҷ фаъолияти эътирозӣ доранд, масъалаи бозгашт метавонад паёмадҳои ҷиддии ҳуқуқӣ ва амниятӣ дошта бошад. Дар мавриди Саидмамудов низ манбаи TajNews аз мақомоти Олмон ва созмонҳои байналмилалӣ талаб дорад, ки пеш аз қабули ҳар гуна қарор вазъияти шахсӣ ва эҳтимоли хатарро дар сурати бозгашт ба Тоҷикистон ҳамаҷониба баррасӣ кунанд.

То замони омода шудани ин гузориш TajNews натавонист аз мақомоти Олмон маълумоти расмӣ дар бораи маҳалли будубоши Саидмамудов ва вазъи парвандаи ӯ дарёфт кунад. Мавқеи мақомоти Тоҷикистон низ дар ин бора маълум нест.

Ҳоло муҳимтарин масъала муайян кардани ҷойи будубоши ин шаҳрванди тоҷик, дастрасии ӯ ба вакили дифоъ ва огоҳ кардани наздиконаш аз вазъи ҳуқуқии ӯ мебошад.

TajNews пайгирии ин қазияро идома медиҳад ва дар сурати дастрас шудани маълумоти нав ё шарҳи расмии мақомоти дахлдор онро нашр хоҳад кард.

Эзоҳи таҳририя: Маълумоти марбут ба боздошт ва эҳтимоли нигоҳдории Саидтаиб Саидмамудов бар асоси иттилои манбаи TajNews таҳия шудааст. Ин маълумот то замони нашр мустақилона тасдиқ нашудааст. Ҳуҷҷати дарёфтшуда низ худ аз худ далели боздошт ё мавҷудияти қарори ихроҷ намебошад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular