Wednesday, November 4, 2026
Место для Реклама!
HomeИқтисодКореяи Ҷанубӣ барои рушди нақлиёти ҳушманд ба Душанбе $1,9 млн медиҳад

Кореяи Ҷанубӣ барои рушди нақлиёти ҳушманд ба Душанбе $1,9 млн медиҳад

Кореяи Ҷанубӣ барои рушди низоми ҳушманди нақлиёт ба шаҳри Душанбе то 1,9 млн доллар кумаки бебозгашт ё грант медиҳад. Санади дахлдорро намояндагони шаҳрдории Душанбе ва Вазорати замин, зерсохтор ва нақлиёти Кореяи Ҷанубӣ ба имзо расонидаанд. Ин санад барои ҷалби маблағгузорӣ ҷиҳати такмили минбаъдаи низоми идоракунии ҳушманди нақлиёти шаҳрӣ шароит фароҳам меорад.

Тавре шаҳрдорӣ хабар медиҳад, ин тавофуқ дар ҷараёни сафари кории ҳайати Душанбе ба Кореяи Ҷанубӣ, ки аз 2 то 6 -уми ноябр идома меёбад, ҳосил шудааст. Дар доираи сафар, рӯзҳои 2–3-юми ноябр намояндагони Душанбе бо Ким Сок Чжи, ёвари вазири замин, зерсохтор ва нақлиёти Корея ва дигар шахсони расмӣ дидору гуфтугӯ карданд.






Аксҳо аз хадамоти матбуоти шаҳрдории Душанбе


Пулҳо ба куҷо равона мешаванд?

Дар ҷараёни сафар, ҳайати Душанбе ҳамчунин аз Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии ҳаракат дар роҳ, Маркази иттилооти нақлиётии вилояти Кёнгидо, ширкати «KD Transportation Group» ва дигар муассисаҳои соҳавии Корея боздид кардааст.

Онҳо бо истифодаи фанновариҳои рақамӣ барои идоракунии нақлиёт, таҳлили маълумот ва назорати ҳолати зерсохтори роҳҳо шинос шуданд.

Акс аз хадамоти матбуоти шаҳрдории Душанбе

Дар доираи ҳамкорӣ ҳамчунин баланд бардоштани тахассуси кормандони соҳаи нақлиёти Душанбе, ҷорӣ кардани усулҳои муосири идоракунӣ ва таҳкими иқтидори хадамоти нақлиёти шаҳр пешбинӣ шудааст.

Қаблан, Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон бо ҳайати Кореяи Ҷанубӣ таҳти роҳбарии Юн Хак Сун, намояндаи ширкати «Korea National Railway» дидору гуфтушунид карда буд. Дар мулоқот ҷонибҳо рушди ҳамкорӣ дар соҳаи роҳи оҳан, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва рафти корҳои омодагӣ ба сохтмони метро дар Душанберо баррасӣ карданд.

Он замон бо дастгирии Кореяи Ҷанубӣ дар соҳаи нақлиёти Тоҷикистон чор лоиҳа амалӣ мешуд, ки се лоиҳаи он дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дошт.

Моҳи ноябри соли 2025 ҷонибҳо ҳамчунин, дар бораи татбиқи се лоиҳа ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд: таъсиси маркази логистикӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб», таҳияи лоиҳаи арзёбии пешакии фанниву иқтисодии сохтмони метро аз Сирки давлатӣ то дарвозаи шарқии Душанбе ва расонидани дастгирии машваратӣ ба гурӯҳи кории лоиҳаи метро.

Илова бар ин, моҳи майи соли 2026 мутахассисон аз Тоҷикистон дар Кореяи Ҷанубӣ аз омӯзиши панҷрӯза гузаштанд, ки дар ҷараёни он бо фанновариҳои сохтмони нақбҳо, фаъолияти истгоҳҳои метро ва марказҳои гузариш аз як хатти нақлиёт ба хатти дигар шинос шуданд.

Дар сомонаи «Korea National Railway» ҳамчунин, маълумот дар бораи лоиҳаи рушди нақлиёти ҳушманд дар Душанбе барои солҳои 2026–2028 пешниҳод шуда буд. Дар он таҳияи нақшаи кулли рақамии нақлиёт, таъсиси долони озмоишӣ ва таҳияи консепсияи маркази идоракунии ҳаракат дар роҳҳо ва нақлиёти ҷамъиятиро пешбинӣ шудааст. Арзиши қарордод 2,738 млрдиллиард вони Корея ё тақрибан 1,77 млн долларро ташкил медод.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular