Wednesday, November 4, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетСел дар Тоҷикистон: кадом минтақаҳо бештар ба муҳофизат ниёз доранд?

Сел дар Тоҷикистон: кадом минтақаҳо бештар ба муҳофизат ниёз доранд?

Барои Тоҷикистон сел як падидаи мунтазами табиӣ ба ҳисоб мераванд, бахусус дар баҳору тирамоҳ. Ҳукумат барои мустаҳкамсозии соҳилҳо ва пешгирӣ аз сел садҳо миллион сомонӣ ҷудо мекунад, вале сел ҳамоно роҳу хона, наҳр (канал) ва заминҳои киштро хароб мекунанд. Имрӯз кишвар худро аз ин хатар чӣ гуна муҳофизат мекунад?

Дар шаш моҳ (январ–июн)-и соли равон дар кишвар 741 ҳолати фавқулодаи хусусияти табиӣ сабт шудааст. Аз ин, 123 сел, ки маҳз онҳо сабаби марги 7 кас шудаанд. Зарари иқтисодӣ аз ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ, дар нимсолаи аввал 52,8 млн сомониро ташкил додааст.

Вале дар пасманзари ин рақамҳо сарнавишти оилаҳои мушаххас меистад. Пас аз сели моҳи май дар Кӯлоб Умеда Ҳалимова, яке аз сокинон ин шаҳр ба «Азия-Плюс» гуфта буд, ки оилаи ӯ тақрибан ду соат зери борон болои девори баланди ҳавлӣ истод, дар ҳоле ки сатҳи об дар ҳавлӣ боло мерафт. Хона ба ҳолати садамавӣ дучор шуда, ҷиҳози хона, маҳсулоти хӯрокворӣ ва ашёи рӯзгор зери лой мондаанд.

Соли 2024 сокинони Варзоб низ чунин ҳодисаро аз сар гузарониданд. Ҷамила Ҳаётова, сокини Гулбоғи ин минтақа ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки пас аз сел оилаи онҳо танҳо либосҳоеро наҷот дода тавонист, ки дар тан доштанд. Ба гуфтаи ӯ, сокинон ҳар сол хонаҳо ва хоҷагиҳои худро барқарор мекунанд, аммо селҳои нав боз зарар мерасонанд.

Мисоли Хуросон низ аз миқёси харобиҳо шаҳодат медиҳад. Ба гуфтаи Зафарбек Давлатзода, роҳбари Оҷонсии беҳдошти замин ва обёрӣ. баъди яке аз селҳо аз наҳр тақрибан 700 ҳазор метри мукааб таҳшинҳоро берун оварданд.

Барои деҳот наҳри осебдида танҳо хароҷот барои тоза кардани он нест, тавассути чунин наҳрҳо об ба киштзорҳо мерасад.

Дар куҷо хатари сел махсусан баланд аст?

Селҳо асосан ба ноҳияҳои кӯҳӣ зарар мерасонанд ва дар баъзе минтақаҳо бештар аз онҳо зарар мебинанд.

Сел дар Тоҷикистон. Акс аз КҲФ Тоҷикистон

Дар вилояти Суғд, водиҳои Моғиёндара, Шинг, Фароб ва Киштут дар Панҷакент, Фондарё ва Яғноб дар ноҳияи Айнӣ, ҳавзаи Зарафшон, ҳамчунин Понғоз, Ошоба ва Шайдон дар ноҳияи Ашт, аз ҷумлаи минтақаҳои хавфноктарин номбар шудаанд.

Дар ВМКБ, водиҳои Ванҷ, Язғулом, Бартанг, Ғунд ва Шоҳдара, аз ҷумлаи минтақаҳои бештар осебпазир ба селҳо дониста шудаанд.

Дар вилояти Хатлон бошад, водиҳои Панҷ, Кофарниҳон, Ёхсу, Тоирсу ва Қизилсӯ, ба ин гурӯҳ дохил мешаванд.

Тибқи иттилои манбаъ, сел махсусан, барои маҳалҳои аҳолинишини водиҳои Бартанг, Ғунд, Шоҳдара ва Панҷ хатари ҷиддӣ доранд. Баъзе деҳаҳо дар ин минтақаҳо ҷойгиранд, ки ҳангоми боронҳои шадид ҷараёни сел метавонад ба онҳо расад.

Муаллифон таъкид мекунанд, ки селҳо метавонанд дар ҷойҳое низ биёянд, ки қаблан дар онҳо чунин ҳодисаҳо сабт нашуда буданд. Сабаби асосӣ, боронҳои шадид ва давомдор мебошанд. Тибқи маълумоти таҳқиқот, тақрибан 95% ҳодисаҳои сел ба онҳо вобастаанд. Обшавии босуръати барф ва рахна шудани кӯлҳои пиряхӣ, низ сабаби омадани сел гуфта мешавад.

Тағйирёбии иқлим, низ дар ҳуҷҷатҳои давлатӣ ба назар гирифта мешавад. Дар Роҳбард (Стратегия)-и миллии об гуфта мешавад, ки дар даҳсолаи охир ҳарорати миёна дар Тоҷикистон 0,7–1,9°C баланд шудааст. Дар ин ҳуҷҷат обхезӣ ва селҳо, аз ҷумлаи оқибатҳои мушоҳидашавандаи тағйирёбии иқлим номбар шудаанд.

Кӣ барои муҳофизат аз сел масъул аст?

Масъулияти ҳифозат аз сел чанд сохтор аст. Оҷонсииҳавошиносӣ вазъи ҳаворо назорат карда, аз ҳодисаҳои хатарнок огоҳ мекунад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ) барои огоҳсозии аҳолӣ, вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода ва рафъи оқибатҳои онҳо масъул аст. Оҷонсии беҳдошти замин ва обёрӣ ба наҳрҳо, иншооти гидротехникӣ ва корҳои мустаҳкамсозии соҳилҳо машғул мешавад. Мақомоти маҳаллӣ низ дар ин корҳо иштирок мекунанд.

Оқибатҳои сел дар Тоҷикобод. Акс аз торнамои your.tj

Дар сохтори Оҷонсии беҳдошти замин ва обёрӣ корхонаи «воҳиди давлатии «Тоҷикселмуҳофизат» фаъолият мекунад. Дар «Барномаи миёнамуҳлати давлатии ҳифзи аҳолӣ ва ҳудудҳо аз ҳолатҳои фавқулода барои солҳои 2023–2028», арзёбии иқтидори техникии корхона ва таҳкими заминаи моддию техникии он пешбинӣ шудааст.

Тобистони соли 2026 Зафарбек Давлатзода гуфта буд, ки муҳофизат аз селҳоро тақвият додан зарур аст ва Оҷонсӣ бо шарикони хориҷӣ дар бораи харидории техникаи махсус гуфтушунид дорад.

Дар ҳамин ҳол, Мустафо Сафаров ва Алӣ Фозилов, муҳаққиқони тоҷик дар монографияи худ пешниҳод мекунанд, ки барои назорати минтақаҳои дорои хатари сел, аз ҷумла минтақаҳои душворгузар, маълумоти моҳвораӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишин (паҳподҳо) фаъолонатар истифода шаванд.

Онҳо таъкид мекунанд, ки фанновариҳои муосир имкон медиҳанд, ки маълумот дар бораи вазъи чунин минтақаҳо зудтар дастрас карда шавад. Ба гуфтаи онҳо, «мониторинги фаврӣ аз ҳаво ҷиҳати саривақт ба даст овардани маълумоти зарурӣ барои таҳлил, муқоиса бо маълумоти қаблӣ, муайянсозӣ ва арзёбии ҳамаҷонибаи хатар мусоидат мекунад».

Садҳо миллион сомонӣ брои мустаҳкамсозии соҳилҳо ва муҳофизат аз селҳо

Дар Нақшаи чорабиниҳои «Стратегияи миллии об барои солҳои 2025–2027» барои барномаҳои мустаҳкамсозии соҳилҳо 372,6 млн сомонӣ ва барои корҳои пешгирии селу обхезӣ боз 81,77 млн сомонӣ пешбанӣ шудааст. Ин маблағҳо барои се сол пешбинӣ шудаанд.

Дар худи Роҳбурди миллии об зикр шудааст, ки дар Тоҷикистон 1386 километр иншооти мустаҳкамсозии соҳилҳо ва 710 иншооти муҳофизат аз сел бо дарозии умумии 503 километр мавҷуданд.

Мувофиқи ин ҳуҷҷат, беш аз 50% ин иншоот дар натиҷаи истифодаи тӯлонӣ ва таъсири офатҳои табиӣ хароб шудаанд.

Паёмадҳои сел дар Тоҷикистон. Акс аз КҲФ Тоҷикистон

Дар минтақаҳо низ корҳо идома доранд. Соли 2026 ҳукумат барои корҳои пешгирӣ ва мустаҳкамсозии соҳилҳо дар ноҳияҳои осебпазир беш аз 60 млн сомонӣ ҷудо кард. Қисми зиёди маблағ — беш аз 56 млн сомонӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ равона шудааст. Дар он ҷо сохтмон ва насби 50 ҳазор блоки сангии муҳофизатӣ дар қитъаҳои хатарноктарин ба нақша гирифта шудааст.

Барои деҳаи Басири ноҳияи Рӯшон беш аз 2 млн сомонӣ ва барои мавзеи Гулрези ноҳияи Тоҷикобод беш аз 1 млн сомонӣ пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин, барои мустаҳкамсозии соҳилҳои дарёҳои Зугванд ва Баршор дар ноҳияи Ишкошим маблағ ҷудо шудааст.

Қаблан БОР як лоиҳаи алоҳидаро дар вилояти Хатлон ба маблағи 22 млн доллар маблағгузорӣ карда буд. Дар доираи он қад-қади дарёи Панҷ беш аз 11 километр сарбандҳои муҳофизатӣ ва 18 иншооти танзимкунандаи маҷрои об сохта ва барқарор карда шуданд.

Чаро мушкил ҳал намешавад?

Мушкил на танҳо дар сохтмони иншооти нав, балки дар ҳолати иншооти мавҷуда низ мебошад.

Иншооти мустаҳкамсозии соҳилҳо ва муҳофизат аз сел ба нигоҳубини доимӣ ниёз доранд. Маҷрои дарёҳоро тоза кардан, сарбандҳоро санҷидан ва пас аз обхезиҳои шадид ва ҷараёнҳои сел барқарор кардан зарур аст.

Маҷид Гулаёзов ва Алӣ Фозилов, муҳаққиқони тоҷик, ки ҳавзаи дарёи Варзобро омӯхтаанд, ба зарурати назорати доимӣ ишора мекунанд.

«Мониторинги пайвастаи ҳолати техникии ин иншоот, пешгӯӣ ва пешгирии ҳолатҳои фавқулода, ҳамчунин таъмини бехатарии иншоот ва маҳалҳои аҳолинишин зарур аст», — таъкид мекунанд онҳо.

Дар Роҳбурди миллии об, ҳамчунин рушди мониторинг, баланд бардоштани эътимоднокии иншооти гидротехникӣ ва танзими фаъолияти хоҷагидорӣ дар минтақаҳои осебпазир ба селу обхезӣ пешбинӣ шудааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular