Wednesday, November 4, 2026
Место для Реклама!
HomeСиёсатДемократҳо дар интихоботи миёндавраии ИМА пешсаф шуданд

Демократҳо дар интихоботи миёндавраии ИМА пешсаф шуданд

Ҳизби демократи Амрико бо пирӯзии аксарият бар ҷумҳурихоҳони ин кишвар дар ҳарду палатаи Конгресс ғолиб омаданд.

Ба гузориши хабаргузориҳои амрикоӣ, Ҳизби демократ дар интихоботи миёндавраии 3-уми ноябр дар Сенат ва Маҷлиси намояндагони Амрико аксариятро ба даст овард. Расонаҳои амрикоӣ ин натиҷаро шикасти ҷиддии сиёсӣ барои ҳизби президенти ИМА Доналд Трамп арзёбӣ мекунанд.

Ба гузориши “Ал-Ҷазира“, демократҳо дар Маҷлиси намояндагон аз ҳадди 218 курсие, ки барои аксарият дар ин палатаи 435-нафара зарур аст, гузаштанд. Дар Сенат, тибқи ҳисоби субҳи 4-уми ноябри шабакаи Fox News, ҷиноҳи демократҳо аз 100 курсӣ 54 курсӣ ва ҷумҳурихоҳон 44 курсӣ доштанд. Барандагони ду курсии дигар ҳанӯз маълум набуданд.

Яке аз шикастҳои муҳими ҳизби Доналд Трамп дар Техас рақам хӯрд. Ду сол пеш Трамп дар ин иёлат бо бартарии 14 банди дарсадӣ пирӯз шуда буд. Ин бор Ҷеймс Таларико, номзади демократҳо ба Сенат, Кен Пакстонро, ки аз пуштибонии Трамп бархӯрдор буд, шикаст дод. Дар иёлати Канзас низ Адам Ҳэмилтон бар сенатори ҷумҳурихоҳ Роҷер Маршалл пирӯз шуд. Ин нахустин пирӯзии демократҳо дар интихоботи Сенат аз ин иёлат дар қариб як аср аст.

Ба гузориши Reuters, гаронии зиндагӣ ва норозигӣ аз ҷанг бо Эрон аз масъалаҳое буданд, ки ба интихоби раъйдиҳандагон таъсир гузоштанд. Дар назарсанҷии шабакаи NBC тақрибан нисфи пурсидашудагон гуфтаанд, ки ин интихоботро фурсате барои баён кардани норозигии худ аз фаъолияти Трамп медонанд.

Бо оғози кори Конгресси нав дар моҳи январи соли 2027, Трамп ду соли боқимондаи раёсати ҷумҳуриашро бо Конгрессе сипарӣ мекунад, ки ҳар ду палатааш дар дасти мухолифони сиёсии ӯст. Барои тасвиби буҷет ва тарҳҳои қонунӣ Кохи Сафед ба мувофиқа бо демократҳо ниёз хоҳад дошт. Аксарият дар Сенат ба демократҳо имкон медиҳад, ки номзадҳои пешниҳодкардаи президентро ба мақоми вазир ё судяи федералӣ рад кунанд.

Доналд Трамп гуфтааст, ки натиҷаҳои интихоботро қабул мекунад ва омода аст бо демократҳо ҳамкорӣ кунад. Бо вуҷуди ин, ӯ ҳамчунон салоҳиятҳои васеъ дар сиёсати хориҷӣ ва амалиёти низомиро нигоҳ медорад.

Таҳлилгарон мегӯянд, назорати Конгресс ба демократҳо имкон медиҳад, ки фаъолияти маъмурияти Трампро бештар назорат кунанд, аз ҷумла дар масъалаҳои буҷа, ҷанг дар Украина, муносибат бо Русия ва сиёсати Вашингтон нисбат ба Эрон.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular