Wednesday, November 4, 2026
Место для Реклама!
HomeТоҷикистонТағйироти кадрӣ: аз барканории раиси «Тоҷик Эйр» то таъини раисони нав дар...

Тағйироти кадрӣ: аз барканории раиси «Тоҷик Эйр» то таъини раисони нав дар 11 шаҳру ноҳия

Имрӯз 4-уми ноябр Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон раиси «Тоҷик Эйр», роҳбари Оҷонсии беҳдошти замин ва обёрӣ, муовинони раиси ВМКБ, раисони Хоруғу Дарвоз ва нуҳ шаҳру навоҳии дигари вилояти Хатлонро аз вазифа барканор ва ба ҷои онҳо кадрҳои нав таъин кард.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти раисҷумҳур, бо қарори ҳукумати кишвар Парвиз Шодмонзода, аз роҳбарии ширкати “Тоҷик Эйр” барканор шудааст. Дар қарори ҳукумат сабаби барканории ӯ шарҳ дода нашудааст. Шодмонзода аз охири моҳи сентябри соли 2022 дар ин мақом кор мекард. Ҳоло маълум нест, ки ба ҷойи вай кӣ роҳбари ин ширкати ҳавопаймоӣ таъйин шудааст.

Парвиз Шодмонзода. Акс аз asia+

Ҳамчунин, бо қарорҳои алоҳидаи ҳукумат, Фурқати Ҳукумат ва Амирбекзода Ҳабибулло аз вазифаи муовинони раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) озод шудаанд. Сабаби барканории онҳо гузаштан ба кори дигар гуфта шудааст.

Акс аз Хадамоти матбуоти раисҷумҳур

Ҳамзамон, бо қарорҳои алоҳида, Мусо Мирзозода, муовини якум, Ризо Назарзода, Диловаршо Насулобекзода ва Некруз Нуриддинзода муовинони нави раиси ВМКБ таъин шудаанд.

Ба ҷои Ризо Назарзода, ки то ин дам раиси шаҳри Хоруғ буд, Амид Комилбек, раиси нави шаҳри Хоруғ таъин шудааст. Сироҷиддин Раҷабзода, ба ҷои Комилбек ректори нави Донишгоҳи Хоруғ таъин шудааст.

Бо қарори дигар, Тоҷиддин Нурмаҳмадзода аз мансаби муовини раиси Оҷонсии захираҳои моддии давлатӣ озод ва иҷрокунандаи раиси ноҳияи Сангвор таъин шуд.

Баҳром Мирзоализода аз вазифаи директори “Маркази идораи лоиҳаи “Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо” озод шуда, ба ҷои ӯ Сайдулло Мирзода директори ин марказ таъйн шуд.

Ҳамчунин, бар асоси амри раисҷумҳур Аҳрор Раҳимзода муовини директори Агентии хизмати давлатӣ таъйин шудааст.

Акс Хадамоти матбуоти раисҷумҳур

Бо фармони алоҳидаи раисҷумҳур, Фароғат Аҳмадзода “бо сабаби расидан ба синни ниҳоӣ” аз вазифаи додрас дар Додгоҳи ноҳияи Сино озод шудааст.

Ҳамин тавр нафарони зерин аз роҳбарии шаҳру навоҳии зер озод ва ба ҷои онҳо нафарони дигар таъин шуданд:

  • Маҳмадшоҳ Давлатзода бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи раиси ноҳияи Сангвор барканор ва Тоҷиддин Нурмаҳмадзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Сангвор таъин шуд.
  • Зафар Гулзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин озод ва Муслиҳиддин Маҳмудзода раиси ин ноҳия таъин шуд.
  • Мирзодавлат Сабурзода бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи раиси ноҳияи Қубодиён озод ва Даврон Нишонзода ба ҷойи ӯ раиси ин ноҳия таъйин шуд.  
  • Ба ҷои Зариф Назирӣ, Дилшоди Давлаталӣ, иҷрокунандаи раиси ноҳияи Фархор таъин шуд;
  • Фаррухуддин Набизода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ озод ва ба ҷойи ӯ Зафар Гулзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия таъин шуд.
  • Сайвалӣ Амирзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Муъминобод барканор ва Дилшод Ризозода иҷрокунандаи раиси ин ноҳия таъйин шуд.
  • Муҳамадшариф Холзода бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи раиси ноҳияи Кӯшониён озод ва Қурбоналӣ Юсуфзода иҷрокунандаи раиси ин ноҳия таъйин шуд.
  • Даврон Нишонзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Дӯстӣ барканор ва Шералӣ Собирзода ба ин курсӣ такя зад.
  • Қурбоналӣ Юсупов бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Вахш озод ва ба ҷои ӯ Қурбон Вализода иҷрокунандаи раиси ин ноҳия шуд.
  • Умедҷон Носирзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Дарвоз озод ва Ҳабибулло Амирбекзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ин ноҳия шуд.
Акс Хадамоти матбуоти раисҷумҳур

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular