Thursday, November 5, 2026
Место для Реклама!
HomeҲуқуқи инсонСозмонҳо аз Олмон хостанд, ки Саидтаиб Саидмамудовро ихроҷ накунад

Созмонҳо аз Олмон хостанд, ки Саидтаиб Саидмамудовро ихроҷ накунад

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” аз мақомоти Олмон даъват кардааст, ки аз ихроҷи Саидтаиб Саидмамудов, ҷонибдори ин ҳаракат ва намояндаи ҷомеаи помириҳо ба Тоҷикистон пешгирӣ кунанд.

Дар номаи ҳаракат, ки 3-уми ноябр ба Вазорати корҳои хориҷӣ ва Идораи федералии муҳоҷират ва гурезаҳои Олмон фиристода шудаааст, таъкид мешавад, ки ба далели фаъолияти сиёсӣ ва иштирок дар эътирозҳои зидди ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон бозгардондани Саидтаиб Саидмамудов ба Ватан ҷони ӯро дар хатар мегузорад ва мариди боздошт, шиканҷа ва зиндон қарор хоҳад гирифт.

“Гурӯҳи 24” аз мақомоти Олмон хостааст, ки бо дарназардошти уҳдадориҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон, аз ихроҷи Саидмамудов пешгирӣ кунанд ва масъалаи ҳимояи ӯро ҳамаҷониба баррасӣ намоянд.

Ёдовар мешавем, ки Саидтаиб Саидмамудов рӯзи 19-уми октябр дар Олмон боздошт шуда, то ҳол дар боздоштгоҳе дар шаҳри Ҳофи иёлати Бавария қарор дорад ва эҳтимоли ихроҷаш ба Тоҷикистон вуҷуд дорад.

Рӯзи 3-уми ноябр Лайло Нозгул Саидбек, раиси созмони “Freedom for Eurasia”, низ дар шабакаи «Х» дар ишора ба қазияи Саидтаиб Саидмамудов аз хатари ихроҷи ӯ аз Олмон ба Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда буд. Ӯ таъкид кард, ки бозгардондани мухолифони тоҷик ба ватан дар гузашта бо ҳукмҳои тӯлонии зиндон анҷом ёфтааст.

Ҳю Вилямсон, намояндаи созмони “Human Rights Watch”, низ аз ҳукумати Олмон даъват кардааст, ки парвандаи Саидтаиб Саидмамудовро бознигарӣ кунад. Ба гуфтаи ӯ, иштироки Саидмамудов дар эътирозҳои зидди ҳукумати Тоҷикистон метавонад ӯро пас аз бозгашт ба кишвар ба хатари зиндон ва бадрафторӣ рӯбарӯ созад.

Бояд гуфт, Саидмамудов дар эътирозҳои 28 ва 30-юми сентябри соли 2023 дар Берлин, ки дар рӯзҳои сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Олмон алайҳи сиёсати мақомоти Тоҷикистон ва нақзи ҳуқуқи инсон дар кишвар баргузор шуда буданд, иштирок кардааст.

Масъалаи эҳтимоли ихроҷи Саидмамудов дар ҳолест, ки мақомоти Олмон дар ҳашт моҳи аввали соли 2026 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз кишвар ихроҷ кардаанд. Ин рақам дар посухи ҳукумати Олмон ба дархости вакилони Ҳизби чап дар Бундестаг оварда шудааст. Мақомот дар бораи шахсияти ихроҷшудагон ва сабабҳои ихроҷи онҳо маълумоти муфассал надодаанд.

Тибқи маълумоти расмӣ, то охири моҳи августи соли 2026 дар Олмон тақрибан 13 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон зиндагӣ мекарданд. Аз ин шумора 1074 нафар вазифадор шудаанд, ки кишварро тарк кунанд ва барои дастикам 152 нафари онҳо хатари ихроҷи маҷбурӣ вуҷуд дорад.

Бояд гуфт чанд фаъоли мухолифи тоҷик пас аз истирдод аз Олмон дар Тоҷикистон боздошт ва зиндонӣ шудаанд. Аз соли 2023 ба ин сӯ Абдуллоҳи Шамсиддин, Билол Қурбоналиев, Дилмурод Эргашев ва Асадулло Бобоев пас аз истирдод ба Тоҷикистон аз 7 то 17 соли зиндон маҳкум шудаанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular