Дар шоми ҳунарӣ ба муносибати 35-солагии фаъолияти эҷодӣ ва 60-солагии Нозим Меликов, коргардон ва ҳунарпешаи шинохтаи тоҷик, зикр шуд, ки «Меликов кайҳо арзандаи унвони баланди давлатӣ шудааст” ва “қадрдонии расмии заҳматҳои ӯ танҳо эътирофи як воқеиятест, ки дар ҷомеа ва миёни мухлисони театр аллакай, сурат гирифтааст”.
Дар ин чорабинӣ, ки шоми 5-уми ноябр дар Театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов баргузор шуд, намояндагони Вазорати фарҳанг, ҳукумати ноҳияи Ёвон ва Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистон, ҳамчунин ҳунарпешагон, ҳамкорону шогирдони Нозим Меликов ва мухлисони театр ширкат доштанд.
Дар даромадгоҳи Театри ҷавонон, даҳҳо ҷоизаи ҷумҳуриявиву байналмилалии Нозим Меликов ба тамошо гузошта шуда буд, ки аксарашон дастовардҳои замони истиқлол мебошанд.

Толиб Бобоев, ҳунарпешаи Театри ҷавонон, ки маҳфилорои ин шоми ҳунарӣ буд, гуфт, нахустин қадамҳои ҳунарии Нозим Меликов бо истиқлоли Тоҷикистон ҳамсол аст.
“Театр барои Нозим Меликов худи зиндагист”
Фаридун Бобозода, муовини вазири фарҳанг зимни ироаи паёми табрикии Матлубахон Сатториён, вазири фарҳанг афзуд, ки “аз миёни намоишҳои таҳияи Меликов “Шабе дур аз Ватан” бар асоси ашъори Бозор Собир ва “Дирафши Ковиёнӣ” аз рӯи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ҷойгоҳи хос доранд.
“Бигзор саҳна ҳамеша мунтазири офаридаҳои нави Шумо бошад”, — таъкид шудааст дар паёми вазири фарҳанг.

Бобозода илова кард, ки “барои мо, касоне ки тамошо мекунем, театр оинаи зиндагӣ аст, вале вақте ба худи Нозим Меликов менигарем, мефаҳмем, ки театр барои устод худи зиндагист”.
Маҳмадҷон Назарзода, ректори Донишкадаи ҳунарҳои зебо ба номи Мирзо Турсунзода, гуфт, ки Меликов шогирдони зиёдеро тарбия кардааст, ки аксари онҳо имрӯз дар театрҳои кишвар кор мекунанд.

Барзу Абдураззоқов, коргардони номвари тоҷик, дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, “агар дар Тоҷикистон мисли Нозим Меликов аққалан 5 кас мебуд, ман тасаввур карда наметавонистам, ки мо чӣ корҳое ба анҷом мерасонидем”.

Ёвониҳо ҳам омада буданд…
Аз зодгоҳи ҳунарманд — ноҳияи Ёвон, Рустам Шарифзода, муовини раиси ноҳия ва Раҳмиддин Нозимов, мудири шуъбаи фарҳанг ва шогирди Меликов ба саҳна баромаданд. Онҳо табрикоти Икром Вализода, раиси ноҳияи Ёвонро расонданд, ки дар он аз саҳми Нозим Меликов дар рушди театру синамо ва фарҳанги миллӣ қадрдонӣ шудааст.
Кадом намоишҳо ба ёд оварда шуданд?
Дар ин шоми ҳунарӣ, порчаҳо аз намоишҳои “Исфандиёр”, “Даҷҷол” ва “Шоҳ Фаридун” дар коргардонии Фаррух Қосимов нишон дода шуданд, ки дар онҳо Нозим Меликов нақши марказиро офаридааст.
Ҳамчунин, порае аз намоиши “Муҳоҷир” бо иштироки Нозим Меликов ва Қурбон Собир ва порчае аз “Фарёди ишқ”, инчунин саҳначаҳое аз чанд намоиши дигари Нозим Меликов манзури ҷамъомадагон гардид.
Сангалӣ Мирзоев ва Муҳаррама Шарипова, ду Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва Сарабек Раҳмонов, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон барои соҳибҷашн суруд хонданд.

Чаро ин коргардони номвар то ҳол унвон надорад?
Бо вуҷуди ин ҳама намоиш ва беш аз 14 ҷоизаи ҷумҳуриявию байналмилалӣ, Нозим Меликов то кунун ягон унвони давлатӣ надорад. Агарчи ин масъала дар саҳнаи театр матраҳ нашуд, вале ҳамкасбону мухлисонаш дар толор ва беруни театр борҳо гуфтанд, ки арзандаи унвонҳои баланди ҳунарӣ аст.
Аз ҷумла, Абдулмуъмин Шарифӣ, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, ки солҳо бо Нозим Меликов дар ду театр – “Аҳорун” ва Театри ҷавонон фаъолият кардаву дар чанд намоиши таҳиякардаи ӯ, ба мисли “Шабе дур аз Ватан” нақши асосиро офаридааст, зимни сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки “Нозим Меликов яке аз садоқатмандтарин ва пуркортарин чеҳраҳои театри муосири тоҷик асту мактаби бузурги Фаррух Қосимовро шоиста давом медиҳад”.

“Ӯ беш аз 35 сол аст, ки дар саҳнаи театр ҳалолкорона фаъолият дошта, бо таҳияи беш аз 15 намоишнома фарҳанги моро на танҳо дар дохил, балки дар сатҳи байналмилалӣ низ сарбаландона муаррифӣ мекунад”, — таъкид кард Шарифӣ.
Ӯ афзуд, ки “намоиши “Шабе дур аз Ватан” ягона намуна нест, асарҳои ӯ дар ҷашнвораҳои байналмилалии Эрон, Русия, Малдова, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва дигар кишварҳо даҳҳо ҷоизаву эътироф овардаанд. Намоишномаҳои ӯ мисли “Иштибоҳ”, “Дирвши коваёнӣ”, “Кӯҳҳо вақте суқут мекунанд” нишон медиҳанд, ки ӯ ҳам дар коргардонӣ ва ҳам дар тарбияти ҳунарпешагон саҳми бузург дорад”.
“Ба андешаи ман ва тамоми ҳамкасбонаш, Нозим Меликов кайҳо боз арзандаи унвони баланди давлатӣ шудааст. Қадрдонии расмии заҳматҳои ӯ танҳо эътирофи як воқеиятест, ки дар ҷомеа ва миёни мухлисони театр аллакай сурат гирифтааст”, — таъкид кард Абдулмуъмин Шарифӣ.
Нозим Меликов кист?
Нозим Меликов рӯзи 5-уми ноябри соли 1966 дар деҳаи Тағойободи ноҳияи Ёвон таваллуд шудааст. Соли 1991 Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистонро хатм карда, фаъолияташро дар Театри Лоҳутӣ оғоз кард ва баъдан тариқи озмун ба Театри “Аҳорун” пазируфта шуд. Аз соли 2003 дар Театри давлатии ҷавонон коргардон аст.
Ӯ парвардаи мактаби Фаррух Қосимов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва поягузори Театри “Аҳорун” аст. Аввалин нақши бузурги ӯ Исфандиёр дар намоиши “Исфандиёр” буд, ки соли 1995 дар Ҷашнвораи “Парасту” ҷоизаи “Беҳтарин нақши мардона”-ро гирифт.

Меликов дар тӯли фаъолияташ беш аз 14 ҷоизаи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ гирифтааст. “Дирафши Ковиёнӣ” соли 2017 дар “Парасту” Шоҳҷоиза гирифт ва “Иштибоҳ”-и Албер Камю соли 2023 дар ҳамин ҷашнвора мақоми аввалро соҳиб шуд.
Намоиши “Шабе дур аз Ватан”-и Нозим Меликов дар бораи орзуи бозгашти муҳоҷир ба Ватан дар Афғонистон, Молдова, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия ба саҳна рафтаасту беш аз 10 ҷоиза ба Тоҷикистон овардааст.
Нозим Меликов аз соли 2010 гирифтори бемории паркинсон аст, вале аз саҳна дур нашудааст. Соли 2024 Вазорати фарҳанг ваъда дода буд, ки барои табобаташ ёрӣ мерасонад. Аз рӯзгори ӯ ва пайвандаш бо Фаррух Қосимову “Аҳорун” дар ин матлаби мо бештар бихонед: “Мисли барги бед меларзаму кор мекунам”. Нигоҳе ба рӯзгори Нозим Меликов.
Ёдовар мешавем, ки моҳи ноябри соли гузашта Нозим Меликов баъди ду соли танаффус дар Театри “Аҳорун” намоиши “Достони Пирсар”-ро бар пояи достони “Зол ва Рудоба”-и “Шоҳнома” ба саҳна гузошт. Нахустнамоиши “Достони Пирсар” чӣ гуна гузашт? Ин ҷо хонед.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.











