Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар нишасти “Раванди Ақаба” дар бораи таъмини амният дар соҳаи ҳуши маснуӣ аз он ки гурӯҳу созмонҳои даҳшатафкану ифротгаро ва тундгаро метавонанд аз фанновариҳои рақамӣ истифода баранд, изҳори нигаронӣ кардааст.
Ин нишаст рӯзи 6-уми ноябр, бо ширкати раисҷумҳурҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Подшоҳи Урдуну вазири корҳои хориҷии Қирғизистон дар шаҳри Остона баргузор шуд.
Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба ҳуши маснуӣ гуфтааст, ки дар айни замон он вижагии ҷинояткориро тағйир дода, хатару таҳдидҳои нави амниятиро ба вуҷуд меорад. Аз ҷумла, ба гуфтаи ӯ, сохторҳои террористӣ ва ифротгаро барои паҳн кардани ғояҳои ифротӣ, ҷалби пайравони нав, таъсиррасонӣ ба афкори умум ва тавлиди иттилооти бардурӯғ аз имкониятҳои фанновариҳои муосир васеъ истифода мебаранд.
“Он ҳам боиси нигаронии ҷиддӣ аст, ки гурӯҳу созмонҳои ҷиноятпеша метавонанд зеҳни сунъиро барои ихтироъ ва истеҳсоли аслиҳаи муосир, хусусан силоҳи қатли ом истифода намоянд, ки хатарҳои ҷиддии амниятиро эҷод менамояд”, — афзудааст раисҷумҳури Тоҷикистон.

Ӯ дар идома таъкид кардааст, ки Тоҷикистон “ҷонибдори истифодаи масъулона, амн ва мақсаднок”-и ҳуши маснуӣ “бар пояи меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ мебошад”.
Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки имрӯз таҳдидҳои фанноварӣ, пеш аз ҳама, бо даҳшатафкании байналмилалӣ ва маблағгузории он “пайванди мустақим доранд”.
Ӯ равона кардани талошҳои муштарак барои тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар самти истифодаи бехатар ва масъулонаи ҳуши маснуӣ ва пешгирӣ аз истифодаи он ба мақсадҳои даҳшатафканиро зарур шумурдааст.
Бино ба таъкиди Эмомалӣ Раҳмон ҳамкорӣ миёни “Раванди Душанбе” ва “Раванди Ақаба” метавонад ба табодули таҷрибаи амалӣ, таҳияи равишҳои муштарак ва тақвияти иқтидори давлатҳо дар муқовимат ба таҳдидҳои нав мусоидат намояд.

Ҳамзамон, раисҷумҳури Тоҷикистон густариши ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои махсус ва ниҳодҳои дахлдори давлатӣ дар самти ошкор ва пешгирӣ кардани таҳдидҳои рақамӣ, таҳкими иқтидори ниҳодӣ ва омодасозии мутахассисон, баланд бардоштани саводи рақамии ҷавонон ва пешгирӣ аз паҳншавии ғояҳои ифротӣ дар фазои иттилоотиро кори муҳим донистааст.
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо шоҳи Урдун
Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон дирӯз дар ҳошияи нишасти “Раванди Ақаба” бо Абдуллоҳи II ибни Ҳусайн, шоҳи Урдун мулоқот кардааст.
Дар ин дидор таҳкими муносибату ҳамкории ду кишвар баррасӣ шуда, Эмомалӣ Раҳмон Урдунро “аз шарикони муҳим”-и Тоҷикистон дар Ховари Миёна ва ҷаҳони ислом донистааст.
“Зимни суҳбат масоили вобаста ба таҳкими робитаҳои сиёсӣ, густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию башарӣ дар маркази таваууҳ қарор гирифт”, — навишт хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.
Ба гуфтаи манбаъ, ду тараф ба аҳаммияти тақвияти заминаи қарордодию ҳуқуқӣ, робитаҳои байнипарлумонӣ ва фаъол кардани машваратҳои сиёсӣ ва комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ таъкид ва дар мавриди ҳамдастии Тоҷикистону Урдун “дар роҳи татбиқи босамару бехатар” аз ҳуши маснуӣ ва фанновариҳои рақамӣ мубодилаи андеша кардаанд.
Онҳо дар мавриди вазъи кунунӣ дар Ховари Миёна ва роҳҳои ҳалли сиёсию дипломатии низоъҳо дар ин минтақа низ гуфтӯ кардаанд ва дар охир Эмомалӣ Раҳмон аз подшоҳи Урдун даъват кардааст, ки дар вақти барояш муносиб ба Тоҷикистон биёяд.
“Раванди Ақаба” ташаббусест, ки соли 2015 аз ҷониби Абдуллоҳи II ибни Ҳусайн роҳандозӣ шудааст ва дар он намояндагони кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ масъалаҳои амният, мубориза бо даҳшатафканӣ, ифротгароӣ, ҷиноятҳои сайберӣ ва фаромиллиро баррасӣ мекунанд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.





