Пожертвовать
17.3 C
Лондон
Html code here! Replace this with any non empty raw html code and that's it.
Бахшҳо
    ДомойСиёсатТоҷикистон ва Қирғизистон созишномаи ниҳоии таъини марзро имзо карданд

    Тоҷикистон ва Қирғизистон созишномаи ниҳоии таъини марзро имзо карданд

    21 феврал, дар шаҳри Бишкек, Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев, роҳбарони Кумитаҳои давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Қирғизистон, созишномаи ниҳоӣ оид ба таъину аломатгузории хатти марзи давлатии ду кишварро ба имзо расониданд.

    Тибқи иттилои КДАМ Тоҷикистон, дар рафти вохӯрии ҳайатҳои ҳукуматии ду кишвар се созишномаи муҳими марбут ба сарҳад ба имзо расиданд:

    • Созишнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба сарҳади давлатӣ
    • Созишнома оид ба сохтмон ва истифодаи роҳҳои мошингард ва чорроҳаҳо
    • Созишномаи байни ҳукуматҳои ду кишвар дар бораи дастрасии муштарак ба иншооти обӣ ва энергетикӣ

    Қадами бузург дар ҳалли баҳси таърихии марз

    Саймумин Ятимов, раиси КДАМ Тоҷикистон, пас аз имзои созишномаҳо изҳор дошт, ки баъд аз музокироти тӯлонӣ ва мушкил, вале самаранок, ин созишномаҳои муҳим таҳия ва имзо гардиданд.

    Ба гуфтаи ӯ, Созишномаи таъину аломатгузории сарҳад муҳимтарин санади имзошуда ба ҳисоб меравад.

    “Бо ин санадҳои муҳими ҳуқуқӣ, ки барои баррасӣ ва имзо ба роҳбарияти олии ҳарду кишвар пешниҳод хоҳанд шуд, баҳси 100-солаи ду давлати бародар бар сари масъалаи марз хотима хоҳад ёфт.” – таъкид кард Ятимов.

    Ӯ афзуд, ки пас аз расмӣ шудани ин созишномаҳо, онҳо на танҳо масъалаи марзро ҳал мекунанд, балки ба манфиатҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии ҳарду кишвар хидмат хоҳанд кард.

    Раиси КДАМ Қирғизистон Қамчибек Тошиев низ ин санадро созишномаи таърихӣ номида, изҳор дошт, ки “мо ниҳоят мувофиқаи тамоми хатти сарҳадро анҷом додем”.

    Қадами ниҳоӣ – имзои президентҳо

    Тибқи гузоришҳои расонаҳои Қирғизистон, ин созишномаҳо бояд ба роҳбарони ду кишвар барои имзо пешниҳод карда шаванд, то расман ба қонун табдил ёбанд.

    Чӣ тавр баҳсҳои марзӣ ҳал шуданд?

    Пас аз муноқишаҳои хунини апрели соли 2021 ва сентябри соли 2022, ки боиси талафоти зиёди ҷони одамон шуд, Тоҷикистон ва Қирғизистон ба музокироти шадид рӯ оварданд.

    Даҳҳо нишастҳои ҳайатҳои байниҳукуматӣ баргузор гардид, ки ҷузъиёти онҳо ифшо намешуданд. Дар натиҷа, 4 декабри соли 2024 ду кишвар ба мувофиқа расиданд ва хатти сарҳадро комилан муайян карданд.

    Сарҳади байни Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан 980 км-ро ташкил медиҳад. Баҳсҳои тӯлонӣ оид ба марз борҳо сабаби низоъҳои мусаллаҳона гардида, даҳҳо нафар ҷони худро аз даст додаанд.

    Бо имзои ин созишномаҳо, мақомоти ду кишвар умед доранд, ки низоъҳои марзӣ дигар такрор намешаванд ва ҳамкории иқтисодиву иҷтимоӣ байни мардумони ду давлат тақвият меёбад.


    Больше на Хабарҳои Тоҷикистон – Садои мустақили мардум

    Subscribe to get the latest posts sent to your email.

    Минск, Беларус

    Моро пайгири кунед!

    Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “TajNews” фиристед.

    Шумораи мо (WhatsApp, Telegram): WhatsApp: +380 733 123450
    Telegram: @TajNews_org_bot

    Facebook TajNews: Ба саҳифаи мо дар Facebook пайваст шавед

    Пурбаҳс

    Пурхондатарин

    Шарҳи худро илова кунед!