Ҳамватанони гиромӣ, хонандагони муҳтарам!
Бо самимияти беандоза ва эҳтироми хоса Шумо — мардуми некноми тоҷикро ба фарорасии Иди саиди Рамазон, яке аз идҳои муқаддасу пурбаракат, табрик ва таҳният мегӯем.
Идест, ки пас аз як моҳи рӯзадорӣ, тоату ибодат ва сабру таҳаммул, фаро мерасад ва ба қалбҳо умед, ба хонаводаҳо рушноӣ ва ба ҷомеа ваҳдату меҳру муҳаббат мебахшад.
TajNews ба Шумо ва аҳли хонадонатон тинҷиву оромӣ, саломатии бардавом, файзу баракат, сарбаландӣ ва қабули тоату ибодат таманно дорад.
Бигзор нури ин ид дар рӯҳияву зиндагии ҳар яки Шумо тобон бошад ва фазои кишварамонро сулҳу субот ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ фаро гирад.
Иди саид муборак!
Бо эҳтиром,
TajNews.org