Friday, April 25, 2025
ads
HomeҲуқуқи инсон"Лайк" дигар ҷиноят нест? Тағйири қонун дар Тоҷикистон баъди интиқоди Раҳмон

“Лайк” дигар ҷиноят нест? Тағйири қонун дар Тоҷикистон баъди интиқоди Раҳмон

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон лоиҳаи қонуне қабул кардааст, ки ҷавобгарии ҷиноятӣ барои гузоштани “лайк” ё дигар аломатҳои маъқул донистан зери навору матолиби “мамнӯъ” дар интернетро барҳам медиҳад.

Ин тағйироти муҳими қонунгузорӣ рӯзи 10-уми апрел дар Иҷлосияи якуми парлумон бо иттифоқи оро қабул шуда, дар ду моддаи Кодекси ҷиноятӣ – 179(3) ва 307(1) ислоҳот ворид шудааст. Бар пояи он, “гузоштани лайк ё дигар аломатҳо” ба навору маводҳои нашргардида акнун далели ҷиноят дониста намешавад.

Ин тасмим баъди он гирифта шуд, ки раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон 29-уми октябри соли гузашта боз кардани парвандаи ҷиноятӣ барои “лайк” дар шабакаҳои иҷтимоиро ғайриқонунӣ ва беасос номида, аз мақомот хост, ки ба чунин амалҳо хотима диҳанд.

Зиёда аз 1500 нафар барои “лайк” зиндонӣ шудаанд

Тибқи иттилои Умед Каримзода, муовини якуми додситони кулли кишвар, дар зиндонҳои Тоҷикистон 1 ҳазору 507 нафар маҳкумшудагон танҳо барои гузоштани “лайк” ё навиштани шарҳ зери маводи дорои “мазмунҳои экстремистиву террористӣ” қарор доранд. Ин рақам бори аввал расман эълон шуд.

То ҳол ин гуна омор ва ҳатто худи мавҷудияти чунин қонун ба таври густарда махфӣ нигоҳ дошта мешуд. Додгоҳи олӣ ва дигар мақомот аз посух ба саволҳо дар бораи шумори маҳкумшудагон худдорӣ мекарданд.

“Шарҳ” ҳам мумкин аст, ҷиноят бошад?

Бо вуҷуди тағйири қонун дар заминаи “лайк”, муайян нест, ки навиштани шарҳ (комментария) зери чунин маводҳо ҳамоно боқӣ мемонад ё не. Дар сомонаҳои расмии парлумон ва нашрияи “Садои мардум” дар ин замина ҷузъиёти бештар оварда нашудааст.

Қадаме ба сӯи озодии баён ё ислоҳи сиёсӣ?

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, худи мавҷудияти қонунҳое, ки барои “лайк” ва “поделиться” одамонро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ мекашиданд, нишондиҳандаи маҳдуд кардани озодии баён дар кишвар буданд. Ҳоло, бо ислоҳи қонун, як бахши хурди ин маҳдудият бекор шуд, вале садҳо нафар то ҳол пушти панҷара мондаанд.

Коршиносон бар ин назаранд, ки мақомот бояд бо қабули тағйирот танҳо қонунро на ба оянда, балки ба гузашта низ татбиқ кунанд ва парвандаҳои қаблӣ бознигарӣ шаванд.

Қадами навбатӣ — тасдиқи Маҷлиси миллӣ ва имзои президент

Барои расман мавриди амал қарор гирифтани ин тағйирот, он бояд аз сӯи Маҷлиси миллӣ тасдиқ ва аз ҷониби президент Эмомалӣ Раҳмон имзо шавад.

Ин тағйирот яке аз камтарин ҳолатҳост, ки баъди интиқоди шахсии раиси ҷумҳур, парлумон вокуниш нишон медиҳад ва қонунро ислоҳ мекунад.

TajNews мавзӯъро пайгирӣ мекунад.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика