Thursday, May 22, 2025
ads
HomeХабарҳоМероси падар хоҳӣ…мансаб хар

Мероси падар хоҳӣ…мансаб хар

Раванди соҳиби рутбаҳо ва мансабҳои муҳиму масъулиятталаб гаштани ашхоси нолоиқ дар мақомот, водор месозад то ин мавзӯъ ба риштаи таҳлил кашида шуда пешкаши хонандагон гардад.
Мансаби нави писари Абдуфаттоҳи Ғоиб дар Вазорати умури дохилӣ намунае аз соҳиб шудани мансабҳо бо роҳи «тағабозӣ» дар ҳукумати феълӣ аст.
Шоҳрух Саидзода аз намояндагони “ҷавонони тиллоӣ”, ки фарзандони мансабдорони баландпояи Тоҷикистонро дар бар мегирад, мебошад. Ӯ, ҳамин тавр, аз афроди хеле наздик ба Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе ва писари калонии раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ном бурда мешавад.
Шоҳрух Саидзода ва Рустами Эмомалӣ ҳарду соҳиби рутбаҳои баланд мебошанд, ки ҳатто хидмати ҳарбӣ ҳам накардаанд ва ин мақомҳо аз тарафи падаронашон ба онҳо тӯҳфа шудааст.
Ҳар як мансаб ва вазифаи давлатӣ тақдири инсонҳоро ҳал мекунад ва анҷом додани амале аз ноӯҳдабароӣ метавонад ояндаи садҳо ва ҳазорон нафарро бо аҳли байташон бисӯзад.
Шаҳрвандон бо умеди дигаргуни ва тағйири насли ҳоким дар ватани азизамон сабрро пеша карда тамоми машаққати зиндагӣ ва зулму ғорати мансабдорони феълиро бар дӯши худ мекашанд. Ғофил аз онки ин афрод ҷои худ нафарони нолоиқу ноӯҳдабарои дигарро омода кардаанд ва ин миллатро мебояд ҳамеша ба мисли бардаи беҳуввият дар хидмати ин гурӯҳ ва наслҳои баъдияшон бошанд.

Муртазо Мирзоев

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика