(дар бораи фикри айбдоркунӣ)
Мутобиқи талаботи моддаи 300 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нусхаи фикри айбдоркунӣ ба судшаванда бояд сари вақт супорида шавад, то ки ӯ ба ҳимояи худ тайёрӣ бинад. Вале дар мисоли мо тафтишот ва Прокуратураи генералии Ҷумхурии Тоҷикистон инро раво надид. Мо имконияти пурра шинос шудан бо маводҳои дар фикри айбдоркунӣ овардаро надоштем. Ба мо фикри айбдоркунӣ ҳангоми мурофиаи судӣ ба дастамон дода мешуду баъди анчоми он аз дастамон гирифта мешуд.
Ба гайр аз ин, мутобиқи талаботи моддаи 245 қисми 1 КМҶ:- ба фикри айбдоркунӣ рӯйхати айбдоршаварда, ҷабрдида, шоҳидон, коршинос, ки бояд ба маҷлиси суд даъват шаванд, замима мегардад. Ин талаботи қонун низ аз тарафи муфаттишони Прокуратураи генералӣ дағалона вайрон карда шуд.
Ман ва ҳимоятгарам оиди он, ки киро ба суд ба сифати шоҳид ё ҷабрдида даъват кардаанд намедонистем ва аз ин ҷо фурсати тайёрӣ ба саволу ҷавобҳо бо онҳоро надоштем. Ин боз як бори дигар оиди яктарафа бурдани тамоми мурофиаи ҷиноятӣ шаҳодат медиҳад. Ин амал як роҳи маҳдуд кардани ҳуқуқҳои мо ба ҳимоя мебошад. Вале аз чи сабаб бошад, ки ба ин хатогӣ на суд ва на прокурор диққат накарданд. Гӯё ки маҳдуд кардани ҳуқуқҳои мо ва талаботи қонуни мурофиавӣ ин кори оддӣ аст ва иҷроиши онҳо ҳатмӣ нест.
Чунин хулоса кардан мумкин аст, ки фикри айбдоркунӣ дар ду намуд аст — яке барои ҳайати суд ва дигаре бо ихтисороташ барои мо. Ин яке аз роҳҳои маҳдуд кардани ҳимоя мебошад. Савол ба миён меояд — чаро ин тавр карда шуд? Наход, ки роҳбари гурӯҳи тафтишотӣ Иброҳимзода ва дигар муфаттишон ба чунин ҳуқувайронкунӣ роҳ доданд. Нотарсида, ки ба қавобгарӣ кашида мешавад, саросемавор парвандаро ба итмом расонида онро ба суд ирсол намуданд.
Ба фикри ман маҳз фармоишӣ ва сохтакорӣ будани тамоми парванда сабаб шуд, ки касе аз роҳбарияти Прокуратураи генералӣ ба ин кор аҳамият намедоду онро баръакс дастгирӣ мекард.