Thursday, May 22, 2025
ads
HomeХабарҳоДастархони Рамазонӣ —ҷузъи барномаи бузург

Дастархони Рамазонӣ —ҷузъи барномаи бузург

Инак беҳтарин моҳи сол ба поён расид ва фарҷоми онро тамоми мусулмонон бо хушҳолӣ ва оростани хони идӣ ҷашн мегиранду ба аёдати ҳам мераванд.

Бо наздик шудани ин Ид раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тазаккур дод, то мардум хони хоксорона биороянд ва сарфаҷӯйи бикунанд. Аз ин қофила муфтии кишвар ақиб намонда, «идгардаки кӯдакон» ва дастархони бодабдаба оростанро хилофи шариъат хонд, ки қисман дар мавриди исроф кардан дуруст фармудаанд.

Дар пайи хурӯҷи ин хабар, як дӯсти банда дар КДАМ чунин тавзеҳ дод: ин ҷузъи як барномаи бузургест, ки оғозаш аз маҳрум сохтани ҷавонон аз насиҳату роҳнамоии рӯҳониёне амсоли Эшони Нуриддинҷон, Ҳоҷӣ Мирзо ва дигар олимони дин шурӯъ шуда буд. Ин як барномаи муназзамест, ки бояд бар асоси он марҳила ба марҳила арзишҳои динӣ ва муқаррароти он то рафт камранг ва каммоҳият бигардад.

Далеле чанд бар тақвият ин гуфтаҳо:

  1. Дур сохтани олимони воқеъи аз минбарҳо.
  2. Таблиғи наворҳои фаҳши намояндагони қишри диндор аз тариқи телевизиюнҳои давлатӣ ва бадном сохтани онҳо
  3. Манъи таълимоти динӣ гирифтани наврасон.
  4. Хароб сохтани аксар масоҷид бо баҳонаи набудани аснод.
  5. Манъи ҳиҷоб дар мактабу донишгоҳҳо ва идораҳои давлатӣ.
  6. Манъи рафтани занон ба масҷид.
  7. Манъи ҳаҷҷ кардани афроди аз 40 сола пойин.
  8. Қабули қонуни масъулияти волидайн, ки бар асоси он афроди то 18 сола ҳуқуқи ба масҷид рафтан надоранд.
  9. Тарошидани риши мардҳо зери исми мубориза алайҳи экстремизм.
  10. Кашидани сатри занону модарон дар хиёбону бозорҳо ва ғайра…

Зиддият бо идгардак низ ба шакле барои камрангу бемуҳтаво намоиш додани маросимҳои динӣ ба кӯдакон ва ҷавонон мебошад, то шавқу шодии қаблияшро аз даст дода ба як маросими таъоруфи ва начандон муҳим табдил ёбад. Ҳама он монеъияте, ки боло зикр шуд ҷузъи як барномаанд, ки маҳз барои коркарди зеҳни насли имрӯз ва оянда равона шудааст.

Ин корманди КДАМ афзуд: «таҳқиқоти тарроҳони ин барномаҳо чунин натиҷа додааст, ки тағйири афкор ва мағзшуйии афроди мустақили аз 25 боло осон набуда, барои дастёбӣ ба аҳдофи зидди динии худ бояд шурӯъ аз боғача, мактабҳо, сипас донишгоҳҳо ва дар ҷомеъа афкори зидди динӣ қадам ба қадам тарғиб шавад».

Тарроҳони асосии ин барномаи барои ояндаи миллат фоҷиабор, масъулини баландпояи КДАМ ва ВКД мебошанд, ки бо мусоидату машваратҳои Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мешаванд. Раиси КДАМ С. Ятимов зиддият ва нафрати худ алайҳи Исломро пинҳон накарда дар амалӣ шудани ин барномаҳояш пофишори мекунад…

Мӯҳтавои сӯҳбат бо ин дӯсти амниятӣ ин буд, ки ҳукумати Тоҷикистон пеши худ ҳадаф гузоштааст, ки бояд қадам ба қадам ва марҳила ба марҳила арзишҳои динӣ ва миллии шаҳрвандон коста гардад. Барои онҳо дин, мулло ва пайравони ба хости онҳо идорашаванда пиcанд аст.

Муртазои Мирзо

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика