Вақте номаро тамом кардаму аз дӯстони кордонам пурсидам, ки дар куҷо нашр кунам, аксарият гуфтанд, ки ҳеҷ нашрия ҷуръати чопи ин номаро надорад ва агар чоп ҳам карданд, ба шумо намерасад. Яке аз дӯстонам маслиҳат дод, ки ба “Паём” фиристам, ки ҳам нашр мекунанд ва ҳам имконаш ҳаст, ки худи шумо онро мустақиман хонед. Ҳамин корро мекунам ва умед дорам, ки шумо бихонед.
Ҷаноби Президент!
Шумо имрӯз пазироии мардум аз худатонро дидед ва бовар дорам хеле хурсанд ҳам шудед, ки ин қадар халқатон шуморо дӯст медорад. Аз шеърхониву мадҳсароӣ дар пешорӯятон, таъзими дастпешибар бар поятон, дастафшонии умумӣ дар тарафе, ки нигоҳатон ҳамон ҷо тоб хӯрд, шукронаи сулҳу истиқлолу пешрафти ватани биҳиштосо ва албатта пешвои ғамхор қабат-қабат гӯшт гирифтед ва итминон ҳосил кардед, ки як пешвои миллии дӯстдоштанӣ ҳастед.
Вале оё шумо медонед, ки ин ҳама дурӯғ аст? Медонед, ки мадҳу ситоиш, шеър дар васфатон, кафкӯбиҳо, таъзимҳо — ҳама зери мили тӯфанг садо додаанд? Медонед, онҳое, ки бо табассум ба тарафи шумо даст меафшонанд, бесадо ҳазорон лаънат ба ҳафт пуштатон мефиристанд? Медонед, ки ин духтаракони атласпӯши зебо, ки аз диданашон чашмонатонро об медиҳед, барои ин чашмобдиҳии чандсонияии шумо 2 моҳ зери офтоби сӯзон ва аксар рӯзадор машқи таъзиму дастафшониву табассум кардаанд? Ва аз ин машқи ҷонсӯзи табассум, Сабринаҷони 16-сола бо табассуми зӯран ба лабонаш часпонидашуда ҷон дод, медонед?
Ба ман раҳбари мактаб амр кард, ки дар васфатон шеър нависам. Гуфтам шеър бояд худаш берун таровад, бо супориш шеър навишта намешавад. Шеър хонаи кабӯтар нест, ки тахтаву мех пайдо куниву созӣ. Гуфт супориши боло аст ва агар нанависам имкон дорад аз мактаб ихроҷ шавам. Рости гап тарсидам ва хеле кӯшиш кардам, ки ду се байт нависам, вале нашуд. Ахир гуфтам агар барои мадҳ насароиданам аз мактаб меронанд, бигзор ронанд. Ба Россия меравам.
Ҳамон як ҷуръати хурдакакам ба ман боз ҷуръати бештар дод ва дар варзишгоҳ вақте ҳама бароятон кафкӯбӣ мекарданд, ман накардам. Вале аҷибтар аз кафкӯбӣ накардани ман, суханҳои онҳое буд, ки дар чор тарафам меистоданд. Он қадар дар ҳақатон “лутфу меҳрубонӣ” карданд, ки бо ягон бел бардошта намешавад. Инак ҷуръатам боз бештар шуд ва ин номаро, ҳарчанд бо каме тарс ба шумо менависам. Тарсам аз ин аст, ки маро пайдо карда на танҳо аз кор меронанд, балки шояд ҳабс кунанд. Вале аз ин нуқтаи назар, ки торафт ҷуръатам бештар мешавад, шояд вақте барои ҳабс карданам омаданд, дигар натарсаму бо сари баланд ба зиндон равам.
Ҳоло ин мактубро ба шумо менависам ва фикр мекунам, ки чаро ман 15 сол аст, ки ба шумо ғуломвор хидмат мекунам? Шумо аз муаллимон ғуломи ҳалқабарғӯш сохтаед ва дар ҳама корҳои пасту ҳама ҷиноятҳоятон истифода мекунед. Муаллими бечора дурӯғро ҳам аз номи шумо хона ба хона мегӯяд ва боз вақте ба дурӯғаш бовар накарданду ба шумову ҳизбатон овоз надоданд, овозҳояшонро дуздида ба шумо медиҳад. Ба хонандаҳо ҳам дурӯғ мегӯяд. Ҳамин ҷашни ваҳдататон магар дурӯғ нест? Муаллими дузду дурӯғгӯву гадо чӣ гуна шогирд метавонад тарбия кунад?
Ҷаноби Президент!
Рости гап дар аввали нома хеле кӯшидам “Мӯҳтарам” нависам, дастам нарафт. Ҳатто ҳамин калимаи “Ҷаноб”-ро бо мушкилӣ навиштам. Чунки шумо мӯҳтарам нестед! На барои ман ва на барои ҳамон 25000-е, ки имрӯз бароятон қарсак мезад. Зеро ҳамаи онҳоро зӯран онҷо овардаанд. Ҳама аз тарси рондашудан аз кор, донишгоҳ, мактаб, аз тарси кашида гирифта шудани замин, дӯкон, мағоза, тиҷораташон, аз тарси террорист эълон шудани фарзанди дар Русия будаашон барои шумо кафкӯбиву дастафшонӣ мекарданд. Аз тарси ин ки яке аз хешовандонашон замоне тарафи дигари ҷанг буду бо шумо сулҳ кард, вале шумо сулҳро азони худ кардеду онҳоро ҷангҷӯву террорист эълон кардед ва агар ба шумо тамаллуқ назананд, “ҷинояти” он хешашонро ба хотир меоваред, наздатон таъзиму шеърхонӣ карданд.
Оё диққат кардед, ки ҳарчӣ номаам дарозтар мешавад, ҷуръатам ҳам бештар мешавад? Як рӯз ҳамин тавр ҷуръати мардум ҳам пайдо мешавад, бо суръат меафзояд ва… Он вақт аз худатон гила кунед.
Ҳамин мансабдоронатон, ки имрӯз мардумро ба таъзим ба шумо водор мекунанд, аввалин шуда шуморо мефурӯшанд. На танҳо мефурӯшанд, балки калтак дар даст ҳамроҳ бо мардум ба саратон меоянд. Он вақт аз худатон гила кунед.
Ҳамин фарзандонатон, ки барои сари мансаб овардани онҳо шуда ин қадар ҷиноят кардед, аввалин шуда мегурезанд. Шуморо партофта мегурезанд. Агар зарурати фурӯхтани шумо пеш омад, аввалин шуда мефурӯшанд. Ин кашфиёти ман нест. Ин ҳақиқати таърихӣ аст. Он вақт аз худатон гила кунед.
Ҳоло барои ошкор кардани номам ҷуръат надорам. Вале як рӯз албатта ошкор хоҳам кард. Вале он рӯз ман танҳо нахоҳам буд. Он вақт аз худатон гила кунед…
Муаллим