Эмомалӣ Раҳмон, шахсияти бисёр кинатӯзу кинагире аст, ки дар тасмимгириҳои сиёсиаш қатъан бетаъсир нест. Ӯ фарди бадгумоне аст ва дар бораи ҳар касе гумони бад кунад, он кас аз газандаш дар амон намемонад.
Ӯ беҷиҳату боҷиҳат ба ҳама бадгумон мешавад. Ӯ ҳатто ба касоне ки ҷонашро аз сӯиқасд (покушение) наҷот дода буданд, монанди Ёқуб Салимов низ бадгумон шуд, дар натиҷа онҳоро ба ҳабсҳои тӯлонӣ зиндонӣ кард. Ӯ ба М. Убайдуллоев низ бадгумон шуд ва ӯро ба ҷасади сиёсӣ (политический труп) табдил кард ва ҳамаи касонеро ки хурдтарин иртиботе бо М. Убайдуллоев доштанд, зиндонӣ кард ва ё аз доираи сиёсии Тоҷикистон ҳазф кард.
Аммо дар ин миён Саймӯмин Ятимов, раиси КДАМ ва танҳо касе ки метавонад Э. Раҳмон ва дастгоҳу оилаю атрфоиёнашро нобуд созад, дар камин аст. Дар омодабоши он аст, ки Эмомалӣ Раҳмонро аз саҳифаи рӯзгори сиёсии Тоҷикистон ва зиндагӣ маҳв кунад. Эмомалӣ Раҳмон низ медонад, ки Саймӯмин Ятим чунин қасде дорад ва мехоҳад ӯро нобуд гардонад, бо вуҷуди ин, ӯро таҳаммул мекунад, гарчанде чанд бор даъвову низоъе байни оилаи Раҳмон ва Саймӯмин Ятим ба вуқуъ пайваста буду гап-гапи он буд, ки ӯ низ қурбонии худхоҳӣ ва бадбинии Э. Раҳмон қарор гирифта, зиндон ё ҳазф мешавад. Аммо дар зоҳир ин тавр нашуд ва сабаби таҳаммули Раҳмон, дар чӣ бошад, номаълум. Вале қатъан рӯзе хоҳад омад, ки Саймӯмин Ятим ошкоро нақшаи худро бармало мекунад ва тумори дудмони Э. Раҳмонро бармечинад.
Чаро Саймӯмин Ятимов ба Э. Раҳмон хатар дорад?
Саймӯмин Ятимов худро лоиқтарину шоистатарин фард барои президентии Тоҷикистон медонад ва Э. Раҳмон, Озода, Рустам ва дигаронро натанҳо шоистаи президентӣ намедонад, балки онҳоро сафиҳу аблаҳе беш намешуморад (ин матлабро метавон аз мақолаи С. Ятим ба даст овард, ки ӯ амният ва КДАМ-ро бошууртарину бедортарин сохтори ҶТ медонад ва ин қитъа аз мақолаи ӯ ба аблаҳ будани Э. Раҳмон ишора дорад). Ва ҳақ ҳам ҳамин аст, ки С. Ятимов мепиндорад — яъне Э. Раҳмон аблаҳу сафиҳ аст, аммо худи ӯ ба заъми худаш лоиқтарин аст. Аз ҳамин сабаб С. Ятим табаддулотчии потенсиалӣ (потенциальный переворотчик) аст ва дар зеҳнаш савдои президентии Тоҷикистонро мепарваронад.
Саймӯмин Ятимов, табаддулотчии потенсиалӣ
Аммо чаро Саймӯмин Ятимов табаддулотчии потенсиалӣ (потенциальный переворотчик) аст ва аз куҷо ин матлабро метавон ба даст овард?
Дар ҳар табаддулоте чандин сабабҳое ҳаст ва он сабабҳо боис мешаванд, ки табаддулот ба вуҷуд ояд ва шахси табаддулотчӣ ба фикри табаддулот занад. Сабабҳои табаддулот ва ё беҳтар бигӯем сифатҳои табаддулотчӣ иборатанд аз:
1.Бартару лоиқтару шоистатар донистани худ аз дигарон ба хусус ҳокими вақт;
Бар асоси ҳуки ақл ва дониши башарӣ, инсоне метавонад ҳокими мардум бошад, ки аз ҳама ҷиҳат аз дигарон бартару лоиқтар бошад. Ва фарде ки худро чунин шахсе мепиндорад, қатъан аз шахси аблаҳу нодон пайравӣ намекунад. С. Ятимов низ Э. Раҳмонро аблаҳу нодон медонад ва худашро аз Раҳмон шоистатару лоиқтару донотар. Аз ҳамин сабаб ӯ метавонад табаддулотчии потенсиалӣ бошад. Ин суханро метавон аз мақолаи С. Ятимов, ки амниятро болотару бошууртару бедортару донотар аз ҳама медонад, лоиқтарин сохтор барои идораи кишвар низ амният аст ва худаш низ ба унвони раиси амният, раисиҷумҳури Тоҷикисон низ бояд бошад.
2.Давлат ба хотири амният вуҷуд дорад, амният набошад давлат низ нест. С. Ятимов давлатро натиҷаи амният медонад ва манзури ӯ аз амният дар ҳоли ҳозир КДАМ аст, ки худаш раиси он мебошад ва ӯ аст, ки Эмомалӣ Раҳмонро пуштибонӣ мекунад ва агар ӯ набошад, Э. Раҳмоне дигар вуҷуд нахоҳад дошт: «Давлате, ки амнияти хешро таъмин карда наметавонад, ғайримаҷоз эълом гаштааст” (“Ҷумҳурият”. Мақолаи “Амният ва илм”-и С. Ятимов). Дар ин фароз С.Ятимов давлатро натиҷаи амният медонад, яъне агар давлате ки амният надошта бошад давлат нест ва ин яъне С. Ятимов ки раиси амнияти ҶТ аст, Эмомалӣ Раҳмонро ӯ ҳимоят мекунад, ки раиси ҳукумату давлати ҶТ бошад ва бе ҳимояти С. Ятимов, Эмомалӣ Раҳмон сифр аст.
“Таърихи давлат, таърихи таъмини амнияти он аст” (“Ҷумҳурият”. Мақолаи “Амният ва илм”-и С. Ятимов). Дар ин қитъа аз мақолааш, амният ва КДАМ-ро, ки худаш раиси он мебошад аз давлат ва Эмомалӣ Раҳмон болотар донистааст, ки худ бартару шоистатар буданаш ба Э. Раҳмонро таъкид дорад.
Як нигоҳи кӯтоҳ ба корномаи С. Ятимов ин ҳақиқатро, ки С.Ятимов табаддулотчии потенсиалӣ аст ва қасди ҳазфи Э. Раҳморо дорад, барои мо равшану возеҳ мекунад.
Корномаи муваффақи С. Ятимов
С. Ятимов дар корнома ва парвандаи кории худ муваффақиятҳое дорад, ки инсонро ба ҳайрат меандозад ва Раҳмону атрофиёнашро хозеъу қонеъу таслими худ намудааст. Ӯ барои қудратманд шудани Э. Раҳмон коре анҷом дод, ки тарафдорони Путин бо ҳама азамату маҳбубияту шахсияти ҷаҳониаш натавонистаанд ба ин комёбӣ даст ёбанд. Корномаи муваффақи С. Ятим иборат аст аз:
1.Таҳияи нақшаи аз байнбарии бузургтарин рақиби Э.Раҳмон; яъне ҲНИТ. С. Ятимов протоколи 3220-ро тарҳрезӣ кард ва бар асоси он чунон нақшаашро хуб ба анҷом расонд, ки ҲНИТ-ро террористӣ эълом кард ва аз саҳифаи сиёсии Тоҷикистон берун сохт. Тарҳи мунҳал кардани ҲНИТ, фикр ва нақшаи С. Ятимов буд. Ва ӯ дар иҷрои нақшаи худ бисёр муваффақ буд ва ин муваффақият дар нақшаи баъдии ӯ, яъне барчидани оилаи Раҳмон, нобудии он аз саҳифаи сиёсӣ ва зистии Тоҷикистон ва президент шудани худаш, навиде аз пирӯзӣ хоҳад буд ва гувоҳии онро медиҳад, ки ӯ дар ин нақша низ пирӯз мешавад.
2.Террор ва азбайнбарии мухолифони Э. Раҳмон. Саймӯмин Ятимов Эмомалӣ Раҳмонро барои азбайнбарии шахсони бонуфузи Тоҷикистон ташвиқ кард. Гарчӣ иддае аз ин афрод Э. Раҳмонро аз марг бо сипар қарор додани худ наҷот доданд, аммо ӯ ноҷавонмардӣ карда, ҳамаи ҳатто онҳоеро ки зиндагиаш мадюни онҳо буд, аз байн бурд. Ва ин амал, қатъан ба машварати С. Ятимов буд, чун инҳо монеъе буданд барои расидани С. Ятимов ба хостааш. Аз ҳамин сабаб, Э. Раҳмон фиреби ӯро хӯрд ва касонеро ки ҷонашро аз таркишу марг наҷот дода буданд аз байн бурд, то дигар пуштибонии қавӣ ва низомие набошад, ки дар сурати ҳамлаи С. Ятимов ба Э.Раҳмон, аз ӯ дифоъ кунанд. Ин нақша низ, бисёр нақшаи зираконае буд, ки С. Ятимов онро бо муваффақият анҷом доду ба хостааш расид.
3.Террор ва азбайнбарии мухолифони Э. Раҳмон дар хориҷ. С. Ятимов барои инки вафодории худро ба Э. Раҳмон нишон диҳад ва худашро дар боварии комили Э. Раҳмон дарорад, корҳоеро анҷом медод, ки Раҳмон ба вафодории ӯ яқин кунад. С. Ятимов ҳамаи мухолифони дар хориҷбудаи Раҳмонро, монанди Умаралӣ Қувват ва ғайра дар хориҷ террор кард. Ин нақша низ аз ду ҷиҳат муваффақиятомез буд: а) Террори мухолифин ҳатто дар хориҷ аз Тоҷикистон. б) Даромадан ба боварии комили Э. Раҳмон.
Ин нақшае буд, ки С. Ятим дар он низ муваффақ буду ба хостааш расид ва дар ҳоли ҳозир наздиктарину қавитарину зирактарин ва сад албатта душмантарин шахсе аст, ки ба Раҳмон наздик аст ва ҳар лаҳза имкони он дорад, ки табаддулот анҷом дода, Раҳмонро аз саҳифаи рӯзгор маҳв кунад. Агар Раҳмон дер биҷунбад, зиндагиашро аз даст хоҳад дод.
4. Нақши С. Ятимов дар бедин нишон додани Раҳмон. Нақшаи дигаре ки С. Ятимов дошт ин буд, ки муборизаҳо алайҳи динро сахт кунад ва аҳолии Тоҷикистонро чунон нисбат ба Раҳмон мутанаффир кунад, ки мардум дар гӯшаю канор алайҳи Э. Раҳмон ба саф истанд. Ӯ тарҳи мубориза алайҳи дини Ислом, Қуръон, масҷид ва мусулмон дар Тоҷикистонро чунон хуб тарроҳӣ кард, ки имрӯза ҳама, алайҳи Э. Раҳмон ба саф истодаанд ва дар нобудии ӯ ташна ҳастанд. Чун хиёнатҳое алайҳи Исломи азиз кард, ки қасди нобудиашро суръат бахшид.
Ин нақша низ нақшаи Ятимов буд, то мардум алайҳи Раҳмон бархезанд ва дар сурати кушта шудани ӯ — чӣ ба дасти С. Ятимов ва чӣ ба дасти дигарон, маргаш ба дӯши дигарон биафтад. Ин нақша низ бисёр зиракона ва то имрӯз муваффақ буд, ки имкон дорад Ятимов аз он низ пирӯз берун биёяд.
Ҷамшеди Хатлонӣ