Ин номаро як модари тоҷик барои нашр фиристодааст. Мо ҳам тасмим гирифтем онро бидуни ҳеҷ таҳрире нашр кунем:
Вой бар ҳолатон, ай мудаъиёни фарҳангпарвар! Чаро бо ҳиҷобе ки тӯли ҳазорсолаҳо бо он модари тоҷик ба дунё фарзандони баруманд ҳадя кард, ки барои дигарон намуна буданд, ба мисли Абуҳанифа ва Сино ва Берунӣ ва ғайраҳо ва ҳам ин ҳиҷобе, ки фарзкардаи Аллоҳ мебошад ҷанг эълон кардаед?
Оё шарм намедоред? Чаро боре як фурӯшандаи либосҳои ғарбиро тафтиш намекунед, чаро онҳое ки либоси ғарбӣ мепӯшанд ба онҳо намегӯед ин фарҳанги бегона аст? Аламоавараш ҳамин мебошад! Ман дар як чиз ҳайрон ҳастам: агар худро фарзанди тоҷик ва мусалмон ҳисоб кунед, о ҳиҷоб фаризаи илоҳист ва ба фарҳанги миллати тоҷик ягон бегонагӣ надорад зеро модари Исмоили Сомони бо ҳиҷоб буд ва ҳам модари Садридин Айни, на бо юбка ва либосҳои нимабараҳна буданд.
Мебахшед, агар шумо мушкил бо ин миллат ва динаш дошта бошед, ошкор гӯед то ҳамагон фаҳманд!
Ин миллати мазлумро ба ҳолаш гузоред! Тамоми мушкилоте ки дар асри 19 дигар миллатҳо доштаанд, дар асри 21 ба сараш овардаед!
Шумо ӯро бо барқ таъмин кунед, ки 8 моҳ барқро намебинад, ӯро бо ҷойи кор таъмин кунед, ки ҳамчун ғулом дар ҳиҷрат набошад, то ки фарзандонашон зинда ятим ва ҳамсараш зинда ҷудо набошанд!
Чӣ. магар ҳама юбка пӯшанд мардум ба барқ ва ҷои кор таъмин мешавад? Фасоди идорӣ аз байн меравад? Хоҳарон дигар даст ба худкушӣ намезананд?
Агар ҳамаи ин мушкилот ба сабаби ҳиҷоб бошад, мардумро фаҳмонед, ки сабабгори ин мушкилот ҳиҷоб аст. Шумо сад дар сад медонед, максад дигар аст, Агар мехоҳед мардумро аз ифротгароӣ боз доред, бо ин роҳ нахоҳад шуд ва ин кори шумо худ ҷалби ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ мебошад.
Хитоб ба онҳое, ки дар бозорҳо рейд мекунанд: оё мехоҳӣ ҳамсарат бо либоси нимабараҳна бошад ? Агар не, чаро дигаронро маҷбур мекунӣ?
Бародари азиз, ин дунё ва ин мансаб дӯ руз ҳаст, мегузарад ва фардо пеши он Зоте ки ҳиҷобро фарз карда буд, хоҳӣ рафт ва ҷавоб хоҳӣ гуфт.
Аллоҳ ҳамаро ҳидоят кунад ва ин миллати мазлуми тоҷикро аз ин фитнаҳо раҳо кунад. Омин