Тибқи иттилои корбарони шаакаҳои иҷтимоӣ, калонтарин бозори Тоҷикистон — “Корвон” оташ гирифта, дар ҳоли сӯхтан аст.
Чанд корбари шабакаҳои иҷтимоӣ аз нуқоти гуногуни Душанбе иттило медиҳанд, ки дуди ғазизе аз ҷониби ин бозор ба осмон печида, аз чандсад метр алангаи оташ дида мешавад.
Онҳое, ки мустақиман дар назди бозор қарор доранд, мегӯянд, ки оташсӯзӣ аз наздикии дарвозаи рақами 7-и ин бозор оғоз шуда, ба дарвозаи рақами 6 расидааст ва бо шиддат паҳн мешавад.
Дӯкондорҳои ин бозор бо зангҳои телефонӣ ҳамдигарро аз ин сӯхтор огоҳ мекунанд ва қисме аз онҳо ба барвардани амволашон аз дохири дӯконҳояшон дар бозор оғоз карданд.
ин акс чанд дақиқа пеш бардошта шудааст
Тибқи иттилои як корбари фейсбук — Гули Зард, ҳамин лаҳза садои баланди таркиш ҳам шунида шудааст. Ӯ мегӯяд бӯи бензину пашми сӯзта ба машом мерасад.
Бозорсӯзӣ дар Тоҷикистон ҳодисаи нав нест ва сари ҳар чанд вақт рух медиҳад. Худи ҳамин бозори “Корвон” ҳам соли 2012 сӯхта, хисороти бузурге ба дӯкондорон ворид сохта буд.
Коршиносон мегӯянд сӯзтор дар бозорҳо коридасти мафиябозҳое аст, ки мехоҳанд бозорро соҳиб шаванд, ва чун соҳибшавӣ ба осонӣ даст намедиҳад, онро оташ мезананд.