Раҳбари Созмони ҷавонони тоҷик дар Русия Иззат Амон бо ироаи як муроҷиати расмӣ ба мақомоти кишвар аз онҳо хостааст ба қазияи 4 нафар тоҷике, ки аввал фиреб хӯрдаву аз дасти пулиси рус латукӯб шуда, то ҳанӯз дар боздошт қарор доранд, расидагӣ кунанд.
Матни муроҷиатнома ба тарзи зер аст (бидуни таҳрир):
Ба таваҷҷуҳи сафири фавқулъодда ва худмухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Руссия муҳтарам Имомуддин Сатторов ва низ тамоми намояндагиҳои ҶТ дар ФР.
Муҳтарам сафир
18 августи соли ҷорӣ дар ҳудуди навоҳии Маскав, дақиқан дар деҳаи «Старая Купавна» воқеае сурат гирифт, ки мислу монанд надорад.
4 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон зодаи шаҳри бостонии Панҷакент аз ҷониби Кумитаи тафтишоти (следственный комитет) шаҳри Руза бо гуноҳи одамрабои (ч.2 ст.126 УК РФ) боздошт шуданд.
Чуноне, ки ба мо баъд аз суҳбат бо боздоштшудагон дар СИЗО маълум гашт, инҳо ҳама дар як манзиле тули 6 моҳ кор кардаанд, вале ҳаққи корашонро ки 200 000 рублро ташкил медиҳад гирифта натавонистаанд.
Миёнҷӣ ва ё ҳамон посредник байни коргарон ва соҳиби кор низ шаҳрванди Тоҷикистон зодаи Душанбешаҳр буда аст.
Соҳиби кор ба шаҳрвандони мо гуфта аст, ки ҳаққи корро ба миёнҷӣ пурра дода аст, вале миёнҷӣ нахоста, ки ин пулро ба коргарон баргардонад.
Коргарон миёнҷиро пайдо карда оварда дар манзиле, ки зиндагӣ мекардаанд як шаб меҳмон кардаанд. Билохира миёнҷӣ розӣ шудааст, ки пулро баргардонад. Бо баҳонаи пул дар корти бонкӣ ва корти бонкӣ дар манзилам гуфта бачаҳоро ба хонааш овардааст. Ба хонааш даромада дигар набаромадааст.
Зани ин миёнҷии бадбахт рус будааст. У пулисро даъват мекунаду пулис бачахоро ба ҳабс мегирад. Пулис 4 нафар коргар ва 3 нафари дигар, ки он шаб дар манзили онҳо меҳмон будаанд чунон лату куб мекунад, ки яке аз ин меҳмонон бо гузашти 10 руз ҳануз ҳам аз ҷой хеста наметавонад.
Аҳволи он 4 нафаре ки дар СИЗОи шаҳри Можайск қарор дорандро Худо худаш беҳтар медонад. Бо гузашти 12 руз ҳануз ҳам онҳо дар ҷое ба ном «карантинка» қарор доранд. Яъне онҳоро чунон задаанд, ки СИЗО қабулашон накардааст.
Дар ҳоле ки коргарон миёнҷиро ҳатто «ту» нагуфтаанд.
Дар ҳоли ҳозир одриси ин миёнҷии бадбахт ба мо маълум нест. Ин шаҳрванди хиёнаткор ва ҷинояткор бештар аз 100 нафарро кор фармонда музди корашонро надода будааст.
Синни як нафар аз коргарон ки дар маҳбас қарор дорад ба 55 расидаасту вазъияти саломатиаш хеле вахим аст. Яъне агар зудтар даст ба кор нашавем уро аз даст медиҳем.
Ман аз тамоми мақомоти давлатӣ: КДАМ, ВКД, ВКХ, Додситонии кулл эҳтиромона хоҳиш менамоям барои пайдо кардани ин ҷонзот ба мо кумак расонанд.
Аз дустон хоҳиш ин постро дар саҳфаҳояшшон нашр намоянд.
Шумора барои тамос: +79645594961, +79252776595