Ба номи Худованди ҷону хирад,
К-аз ин бартар андеша барнагзарад.
“Бихон ба номи Парвардгорат, ки офарид. Парвардгоре, ки офарид инсонро аз хуни баста. Бихон ва (бидон), ки Парвардгори ту беҳтарини икромкунандаҳост. Худое, ки навиштанро омӯзонд. Ва инсонро чизҳоеро омӯзонид, ки намедонист..”
Хондану навиштан бо ҳама васоили мавҷуда ва пешрафта, ки башарият ба он даст ёфта, аз аввалин иршодоти илоҳӣ мебошад, ки Аллоҳ тавассути охирин фиристодаи худ ба бандагонаш иблоғ кард. Донистани ашёи бузург ва муҳим аз хондан сарчашма мегирад. Бар ҳамин асос аст, ки Аллоҳи меҳрубон ҳангоме аз мавзуъҳои муҳим ва мураккаби ҳаёт сухан кунад, ба ибораҳои “оё намедонед” ва ё “ва шумо, ки медонед” мегӯяд..
Бояд бидонем, ки Аллоҳи тавоно илмро нерӯ ва тавоноӣ гуфтааст, ҳатто дар қадру манзилат байни олим ва ҷоҳил имтиёз гузоштааст.. “Оё касоне, ки медонанд ва касоне, ки намедонанд бо ҳам баробаранд?”
Паёмбари меҳрубон (с) дар яке аз суханони худ, омӯзгор будани худро илова бар паёмбар будан, масъуллият ва мояи ифтихор медонад: “Бешак ман як муъаллим фиристода шудаам..”
Имрӯз аввали санаи нави хониш аст. Имрӯзро барои падару модарон, омӯзгорону мураббиён ва кулли муҳассилин, хосатан барои хурдсолони азиз, ки бори нахуст пой бар остонаи мактаб мегузоранд табрик мекунем ва аз Аллоҳи пок мехоҳем барои омӯзгорони мӯҳтарами мо тавоноӣ ва барои ҷавонони азиз комёбӣ дар саводомузӣ ва дастёбӣ ба қуллаҳои баланди дониш ва касби илмӣ насиб кунад..
Соли нави хониш муборак, донишомӯзону донушҷуёни азиз..