Friday, May 16, 2025
ads
HomeХабарҳоМуҳоҷирони бесарпаноҳи тоҷик. Кӣ бояд аз онҳо дифоъ кунад?

Муҳоҷирони бесарпаноҳи тоҷик. Кӣ бояд аз онҳо дифоъ кунад?

Бетаваҷҷӯҳии режими худкомаи Эмомалӣ Раҳмон ба аслитарин манбаъи даромади кишвар — муҳоҷирони корӣ ин гурӯҳи беш аз миллионнафараи мардумро, ки на танҳо оилаҳои худ, балки буҷаи кишварро ҳам таъмин мекунанд, ба беҳуқуқтарин ҷамъи мавҷуд дар Русия табдил додааст.
Пулиси фасодзадаи рус ҳам, ки медонад муҳоҷирони тоҷик ҳеҷ сарпаноҳе надоранд ва ҳаргиз сафорати Тоҷикистон барои дифоъ аз шаҳрвандонаш садо баланд нахоҳад кард, тоҷиконро ба манбаи аслии даромади худ табдил додааст. Солона на кам аз миллиард рубл тавассути пулиси рус аз муҳоҷирони тоҷик ситонида мешавад.
Роҳҳои пулситонӣ ва таъқиби тоҷикон зиёданд. Мавзӯъи имрӯзаи мо мушкилоти сафари муҳоҷирон аз дохил ба сарҳадҳои Русия барои қонунӣ кардани будубошашон аст.
Муҳоҷиронро барои хурӯҷу духули сарҳад асосан гурӯҳи таксиронҳои тоҷик мекашонанд, ки шаҳрвандони Русия ҳастанд. Маблағи роҳкиро вобаста аз масофаи шаҳри истиқоматӣ то сарҳад аз 2 то 5 ҳазор аст. Аз шаҳри истиқоматии муҳоҷирон то сарҳад даҳҳо шикорчӣ-пулиси Русия дар камин ҳастанд, ки мехоҳанд аз ин сайдҳо ҳаққи худро ситонанд. Бештари онҳо на танҳо ҳақ меситонанд, балки қисмеро ба додгоҳ кашида, ҷарима ё ихроҷ мекунанд. Танҳо таҷриба ва тезкориву чаққонии таксиронҳои тоҷик аст, ки бештари ин шикорчиёнро тавассути дашту бешаҳо “объезд” мекунанд ва масрафи роҳ ба маротиб кам мешавад. Аммо “объезд”-ҳо на ҳама вақт муваффақ анҷом меёбанд ва таксиронро қисме аз муштариёнашонро адр роҳ аз даст медиҳанд. Яъне онҳоро боздошт ва ихроҷ мекунанд. Як таксирон гуфт, ки гоҳо “облава” сурат мегирад ва мо барои ба дасти онҳо нафаромадан 10-15 ва ҳатто 25-30 соат дар бешаҳо пинҳон мешавем. Гоҳе обу хӯрокамон то рафтани облавачиён тамом мешавад ва маҷбур берун мешавему ба дасти онҳо меафтем. Гоҳе муҳоҷирон барои ба хотири ба дасти пулис нафаромадан гуруснагиву ташнагиро ҳам таҳаммул мекунанд.
Аммо саломат гузаштан аз дасти шикорчиҳо ҳанӯз далели наҷот нест. Дар сарҳад шикорчиёни аслӣ нишастаанд, ки ҳам сахтгиртаранд ва ҳам нафсашон калонтар. Дар сарҳади Қазоқистон бештари нафароне, ки бори дуввуму саввум ба сарҳад омадаанд, агар патент надошта бошанд, ҷарима ва ихроҷ мекунанд. Ҳатто агар донишҷӯ ё барои табобат рафта бошад. Таксиронҳо мегӯянд моҳҳои охир ҳудуди 20 ва гоҳо то 30 дарсади муҳоҷирони сарҳадраванда ихроҷ мешаванд. Гоҳе ҳатто онҳоеро, ки ҳеҷ айбе надоранд ихроҷ мекунанд. Сабаб танҳо писанд наомадани ситорааш ба сарҳадбон ё пулис аст. Як таксирон нақл кард, ки бемореро, ки аз беморхона ҳам маълумотнома дошт ва тамоми ҳуҷҷатҳояш дуруст буданду танҳо барои дароз кардани мӯҳлати будубошаш ба сарҳад рафта буд ва дар роҳ ҳам чанд бор бо сабаби бемории ӯ таваққуф кардем,
Дар сарҳади Укроин муҳоҷиронеро, ки бо таксиронҳои тоҷик рафтаанд 10-12 соат зери офтоб нигоҳ медоранд, то онҳо минбаъд аз таксиҳои тоҷикон неву аз автобуҳои махсус ташкилнамудаи мафиёи сарҳадбонону пулис истифода кунанд. Дар ин минтақа гузаштан аз сарҳад ҳам танҳо тариҷи додани пора имкон дорад. Миёнаравҳо аз муҳоҷирон 2-2,5 ҳазо рублӣ ҷамъ мекунад ва танҳо баъди он ба гузаштани сарҳад иҷоза медиҳанд. Сарҳадбонони Укроин ҳам 1-1,5 ҳазор рубл пора мегиранд.
Муроҷиати муҳоҷирон аз бедогариҳои пулиси рус ба сафорату консулгариҳои Тоҷикистон на танҳо бидуни посух мемонад, балки кормандони сафорату консулгарӣ ба онҳо мегӯянд, ки бо ҳар гуна майда-чуйда ба онҳо муроҷиъат накунанд.
То кай ҳукумати Тоҷикистон ба тақдири ноноварҳои аслии худ бетаваҷҷӯҳ боқӣ хоҳад монд, суоли матраҳ аст.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика