Monday, June 16, 2025
ads
HomeХабарҳоАмр: Куртаи атлас ва чакан тайёр кунед!

Амр: Куртаи атлас ва чакан тайёр кунед!

Дастандаркорони маршировкаи рўзи истиқлолият ба даҳҳо кормандони вазорату идораҳои давлатӣ ва  донишҷӯён супориш додаанд, ки то 9 уми сентябр аз ҳисоби шахсии хеш куртаи атлас ва чакан тайёр кунанд.


Онҳое, ки дар дар маршировка иштирок мекунанд, изҳори нигаронӣ доранд, ки ба онҳо амр шудааст ки фавран то чанд рўзи дигар кутаҳои атлас ва чаканашон омода бошад.


«Аз аввали моҳи август аввал гуфтанд, ки 60-80 сомонӣ биёред, бароятон куртаҳои атлас медӯзем. Бархеҳо бурданд, бархеи дигар не. Аз охири моҳи август маҷбур доранд ки куртаҳои атласро худатон бояд харед ва фавран омода кунед. Хайр худашон аз ҳисоби давлат харида диҳанд мо аз куҷо меорем» -,мегуяд яке аз донишҷўён.


Ба гуфти ҳамсӯҳбати мо дар давоми ду моҳи тамрин ҳатто як дирам роҳпулӣ аз ҳисоби маршировка ё донишгоҳ нагирфтааст.

Мурод корманди яке аз вазоратхонаҳои кишвар мегўяд, онҳо дар  варзишгоҳи яке аз донишгоҳҳо тамрин доранд ва бояд рўзи раҳпаймоӣ портрети Эмомалӣ Раҳмонро бардорад. Мурод ҳам мегӯяд, ки ба хонумони ҳамкори ў низ тавсия дода шудааст, то рўзи 7 уми сентябр куртаи якрангаи атласашон омода бошад.


Имрўзҳо то вазирону раисони Кумитаҳо ҳам дар тамрин иштирок мекунанд. Дар назар аст, ҳудуи 300 портрети хурду калони аксҳои Эмомалӣ Раҳмон, бо иловаи 1200 шиору лавҳаҳои навиштаҷоти сиёсати Пешвои миллат ва зиёда аз 200 ҳазор парчам роҳпаймоии рўзи 9 сентябрро оро диҳанд.

Дар баргузории чорабинии мазкур, ки 7 соат барои чорабинии фарҳангӣ ҷудо шудааст, ҳудуди 10 милион доллар сарф мешавад. Бино ба маълумотҳои муътамад 3 миллион доллари сарфи он аз ҳисоби қарзи хориҷӣ мебошад.

Омодагӣ ба маршировка

Омодагӣ ба маршировка

Омодагӣ ба маршировка

Омодагӣ ба маршировка

Омодагӣ ба маршировка

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?