Ба шабакаҳои телевизионӣ ва радиои давлатӣ супориш шудааст, ки аз истифодаи номи «Худованд» ва «Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим» худдорӣ кунанд.
Як корманди собиқи яке аз телевизионҳои давлатӣ ба мо гуфт, ки ба наттоқон ва муҳаррирон супориш шудааст, ки дар эфир аз баёни номи Аллоҳ, Худованд ва бисмиллоҳ худорӣ кунанд.
«Ду сол қабл ин супориш шуда буд. Онҳое, ки агар ногаҳон номи Худову Расул ва бисмиллоҳро гиранд, ҳатто аз кор ихроҷ мешаванд. Дар Радиои Тоҷикистон чанд нафарро барои он, ки дар барнома номи Худовандро гирифтаанд аз кор озод карданд. Вале худи кормандони рондашуда инро намедонанд. Сабаби аз кор ронданро дар ҷавобгӯ набудани ҳирфаияти онҳо гуфтаанд»- гуфт ин манбаъ.
Яке аз кормандони родиои Тоҷикистон дар тасдиқи ин хабар гуфт, ба сабаби он, ки матни барномаро бо номи «Офаридгори олам» шуруъ мекардааст, як сол қабл аз кор ронда шуд.
«Зиёда аз 5 соле, ки кор карда будам, ҳамин хел шуруъ мекардам. «Папкаҳои маро хонданд ва барномаҳоро куратори амнияти радио гўш кардааст ва ҳамкорон ҳам хабар доданд, ки ман бо номи Офаридгор матнро менависам, бо баҳонаи ба кор дер омадан маро огоҳӣ доданду аз кор ронданд. Ба куҷо муроҷиат мекунӣ, ҳеҷ кас додатро гӯш намекунад.
Намедонам шояд ба ҷойи номи Офаридгор агар Пешвои миллат ва Президент менавиштам аз кор ихроҷ намешудам?. Ҳоло дар Русия муҳоҷири бекорам»- гуфт ин собиқ корманди радио.