Friday, May 16, 2025
ads
HomeХабарҳо“Лона”-и Таҳмина Раҳмонова даҳҳо миллион сомониро гардиш медиҳад

“Лона”-и Таҳмина Раҳмонова даҳҳо миллион сомониро гардиш медиҳад

«Лона» ташкилоти  ҷамъиятии хайриявии Таҳмина Раҳмонова, духтари Эмомалӣ  Раҳмон, Президенти Тоҷикистон  соли гузашта аз соҳибкорон ҳудуди 2 миллион сомонӣ кӯмаки хайрия ситонидааст.


«Лона», ки зиёда аз 5 сол аст дар Тоҷикистон фаъолият дорад, ба табобати бемориҳои саратони атфол машғул аст. Яке аз сарпарастони бахши бемориҳои анкологии Қарияи боло мебошад. Солона даромади ин ташиклот аз ҳисоби кӯмакҳои хайриявӣ ва грантҳои ташкилотҳои хориҷӣ ҳудуди 2 миллион долларо дар бар мегирад.


Ин ташкилот ҳамчунин барои кӯмак ба фонди худ консертҳои хайриявӣ бо иштироки сарояндагони ҷавони имрўз баргузор намуда, маблағҳои чиптаро аз худ мекунад.

Аксари соҳибкорон мегӯянд, ки “миёнаравҳо барои кӯмаки молиявӣ ба ин фонд корҳои асосиро анҷом медиҳанд ва мо ҳам ба ҷузъ пардохт кардан дигар чора надорем.”

Ин ташкилот 7 сол қабл бо ибтикори Озода Раҳмон таъсис шуда, баъдан бо сабабҳои номаълум дар дасти Таҳмина қарор гирифтааст. Дар сомонаи худи ташкилот ҳам дар ин бора ёдоварӣ шудааст: “Маврид ба ёдоварист, ки Фонди хайрияи «Лона» соли 2009 бо ибтикору дастгирии фарди соҳибзамиру саховатпеша Озода Раҳмон таъсис ёфта, дар ин муддати начандон тӯлонии фаъолияти худ аллакай ҷиҳати ёрии амалӣ ба наврасони гирифтори бемориҳои саратон ва сӯхтагӣ корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст.”

Як манбаъ дар Кумитаи андоз ба шарти ифшо нашудани номаш ба мо гуфт, ки «Лона» чун ташкилоти ҷамъиятӣ аст, андоз пардохт намекунад. «Вале на аз  ҳама корхонаҳои дигари Таҳмина андоз ситонида мешавад, ҳатто тафтиш намераванд»- гуфт ҳамсӯҳбати мо.


Номи  Таҳмина  Раҳмонова, қаблан низ барои ҷомеа ошно буд, албатта бо рафторҳои зидду нақизаш. Вале то ба ҳол мустақиман дар ягон чорабинии кушод назди дурбини хабарнигорон пайдо нашудааст.  Баъзан номи «Лона» ба ҳайси маблағгузор дар бархе маводи тарғиботӣ гирифта мешавад, аммо то ба имрӯз аз Таҳмина ҳамчун асосгузор ва молики ин ташкилот ном бурда намешавад. Сабаби ин метавонад ду чиз бошад, ки васоити ахбори омма аз молик будани ў иттилоъ надоранд ё доранду аз тарс чизе дар ин бора наменависанд.

Дар ҳоле, дар Тоҷикистон ВАО аз чӣ кораву чӣ моликият доштани фарзандони президент худдорӣ мекунанд, ки дар кишварҳои дигар дурбини ВАО ҳамеша аз пайи тадқиқ ва ифшои чикора будани фарзандони президентҳо аст.  Дар Тоҷикистон мақомоти қудратӣ инъикоси ҳаёту чикора будани фарзандони Президентро зери назорат гирифтаанд, ки ба ҳаёт ва саломатии хабарнигорон хатар дорад. Барои ҳамин ВАО ба ин зовия камтар таваҷҷӯҳ мекунад.


Таҳмина  на танҳо ташкилоти хайриявии «Лона» дорад, ки солона даҳҳо миллион сомониро чарх мегардонад, ҳамчунин тиҷорати бузург ҳам дорад. Воридоти калонҳаҷми мол аз Чин бидуни пардохти боҷ, фурӯши чиптаҳои ҳавопаймо ва чандин бизнеси дигари ӯ дар омӯзиши мо қарор доранд, ки ба зудӣ иттило хоҳем дод. Рекет ё бо зӯр ситонидани бизнеси дигарон ҳам як қисми бизнеси ин хонум аст. Аз ҷумла як қисми яклухтфурушии бозори «Корвон»-ро аз дасти оилаи Машрабовҳо ҳам гирифтааст, ки яке аз манбаъҳои даромади иқтисодии Таҳмина ба ҳисоб мераванд.  Яке аз фарзандони Хол Машрабов, собиқ раиси ноҳияи Рўдакӣ ва  бундёгузори бозори «Корвон» ҳам тасдиқ кард, ки як қисмати бозорро духтари Раисҷумҳур гирифтааст.

Ҳафтаи гузашта зимни сафари Раҳмон ба Хатлон ширкати ӯ дар ифтитоҳи корхонаву иншооти «соҳибкорони ватандўст» — хусурбачааш Амонулло  Саъдулло ва хоҳарзанаш Мадина Асаъдулоева, роҳбари ширкати сохтмонӣ, расонаӣ шуд.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика