Узви Раёсати олии ҲНИТ хонум Зарафо Раҳмонӣ, ки баъди “кудато”-и нофарҷоми Ҳоҷи Ҳалим бо иттиҳоми ширкат дар он боздошт шуда буд, имрӯз озод шуда ба хонааш баргаштааст.
Ӯ ҳамроҳ бо 12 узви дигари Раёсати олии ҲНИТ боздошт шуда буд. муҳокимаи Аъзоёни РО ҲНИТ пушти дарҳои баста ,бедуни ҳузури хабарнигорон ва ҷомеъаи шаҳрванди баргузор гашт .
Бону Зарафо Раҳмони , хамчун зан ва модари чаҳор фарзанди ноболиғ , дар асоси қонуни авф ба муносибати ҷашни истиклолияти кишвар озод шудааст. Ёдовар мешавем, ки Зарафо Раҳмонй ягона зани узви РО хизби нахзати исломии Тоҷикистон аст. қаблан созмонҳои байналмилалии ҳоми хуқуқи башар ва кишвархои Ғарби аз муносиботи баду зери шиканҷа қарор гирифтани хонум Раҳмонй изҳори нигаронй намуда буданд.
Зарафо Раҳмонӣ байни аъзои боздоштшудаи Раёсати олии ҲНИТ танҳо зан буд ва яксоли умри худро дар боздоштгоҳ сипарӣ кард.