Адибони Тоҷикистон бо шеваи мақоми ”оби дари хона қадр надорад” рафтор карда, зодрўзи ягона адиби ҷаҳонии миллатро ҷашн нагирифтанд. Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз таҷлили 80-умин солгарди Темур Зулфиқоров адиби ҷаҳонӣ даст кашидаанд ва баргузории маҳфили адабиеро зарур надонистанд.
Имрўз Темур Зулфиқоров, ба синни 80 қадам гузошт ва дар чунин рўз ў дар кўчаҳои Душанбе танҳо қадам мегузошт.
Темур Зулфиқоров, адиби русзабони тоҷик, ривоятгари рӯзгори Хоҷа Насриддин, шахсе, ки дар назму насри омехта бо забони русӣ маъруфият ва шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст. Ў бо забони русӣ эҷод мекунад, аммо шираи асарҳою ҳаёти қарамонҳояш аз чашмаи фарҳангу илҳоми миллии тоҷикӣ об мехўрад. Адибе, ки ки ду маротиба ба дарёфти ҷоизаи адабии Нобел пешниҳод шудааст, аммо дар ватанаш ҳеч ҷоизаро шоистаи ӯ надонистаанд.
Темур Зулфиқоров 17-уми августи соли 1936 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Падараш Қосим Зулфиқоров котиби аввали Ҳизби коммунисти ноҳияи Шаҳринав будааст, ки соли 1937 ҳадафи тири “тройка” қарор мегирад.
Се сол қабл Эмомалӣ Раҳмон ба адиб дар маркази шаҳр ба ў хона тақдим кард. Аммо бо гузашти ин се сол хона ба ў тақдим нашуд. Ҳамин тавр ўро дар ватан қадр накарданд, вале бо вуҷуд ў тарки ватан накардааст ва зиндагии хоксоронаро ба дунёи пурталотуми эҷодӣ тарҷеҳ додааст.
Темур Зулфиқоров дар баробари адиб муаллифи филмҳои мустанад ҳам аст. Сомонаи «Тоҷнюс» ба эҷодиёти адиб руҷуъ карда навиштааст, аз ҷумлаи ин сенарияҳо ба филмҳои “Инсон аз пайи паррандаҳо меравад”, “Мурғи сиёҳ ва ё сокинони зеризаминӣ”, “Сароби ишқ” ва ғайра мебошанд.
Аввалин асари Зулфиқоровро бо забони тоҷикӣ нависандаи хушкаломи тоҷик, марҳум Муҳаммадзамони Солеҳ тарҷума кард. Ба ин тарҷума худи адиб баҳои баланд додаву гуфта буд, ки аз асл беҳтару равонтар аст. Баъдтар нависандаи тавонои тоҷик Нур Табаров низ чанд асари ӯ, аз ҷумла “Афъимори марҷонӣ”, “Чойхонаи лаби ҷар”, “Марг нест”, “Як рӯзи бачагии ҳазрати Муҳаммад” (с)-ро ба тоҷикӣ баргардонд, ки ҳоло дар шакли китоб дар “Адиб” нашр шудааст.
Аниса Собирӣ, адибаи тозагӯи тоҷик мегӯяд, ки
“шеъри Темур Зулфиқоров метавонад тафаккури шуморо ба олами кайҳонии сухани ҷодуӣ савқ диҳад. Борҳо сари ин суол андеша рондаам: эҷодиёти адибро ба кадом адабиёт мебоист мансуб донист, яъне ба самти кадом миллат аст пайроҳаи ӯ. Баъди муколамаи бисёрсола бо ӯ моил ба он мешавам, ки дар рӯ ба рӯйи мо уқобе дар авҷи парвоз дар фазои ин ду роҳ аст, ки тавонистааст ин ду роҳро бо муҳаббати ба худ хос, ба шеваи классикӣ дуруст ба мушоҳида гирад”.
Адиби шинохта Анатолий Ким, мегӯяд Зулфиқоров як устоди асили назму насри муосир аст ва дар адабиёт падидаи нотакрорест, бар ин назар аст, ки дар Русия қадрашро надонистаанд.
Вларий Плантер ҳам ӯро падидаи нодир дар услуби нигориш ва забони баён медонад. Профессор Артём Таласов мегӯяд:
“Барои рамзкушоии Зулфиқоров шумо ба як муассисаи адабӣ, фалсафӣ ва адёншиносӣ ниёз пайдо хоҳед кард”.