Thursday, May 22, 2025
ads
HomeХабарҳоМуҳиддин Кабирӣ: Раҳмон бо «қайчии маъруфаш»охирин риштаи сулҳро бурид

Муҳиддин Кабирӣ: Раҳмон бо «қайчии маъруфаш»охирин риштаи сулҳро бурид

Паём.нет тасмим гирифт, оид ба таҳаввулоти ахири Тоҷикистон, минтақа ва фаъолияти ҲНИТ дар ҳиҷрат чашмандозе намояд. Бо мақсади посух ёфтан ба суолҳо ва таҳлили вазъи масоили фавқуззикр бо Муҳиддин Кабирӣ роҳбари ҲНИТ, суҳбат анҷом додем . Бахши аввали сӯҳбат пешниҳоди хонандагони сомона мегардад. 

— Билохира Раҳмон расман ҲНИТ-ро ба оғози чанги шаҳрвандӣ муттаҳам кард. Чаро раисҷумҳур ба худаш иҷоза дод дар ҳузури миллионҳо шоҳид рӯирост дурӯғ гӯяд ва чаро маҳз ин замон? Ӯ бо ин ҳарфҳо ба кӣ ва чӣ паёме мехост бидиҳад?

— Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон.

Паёми ин суханронӣ ҳамин аст, ки ӯ дигар  сулҳу ваҳдат ва миллати ягонаи тоҷикро эътироф надоранд. Барояшон мардуми тоҷик ба ду гурӯҳ тақсим  мешаванд: дӯст ё душман, худӣ ва бегона, онҳое, ки ғуломона бояд итоат кунанд ва онҳое, ки бояд кушта ё зиндонӣ шаванд. Дигар ба касе раҳм нахоҳад шуд, на ба худаш, на ба хешу табор ва на ба молу мулкаш. Агар пештар бо рафторҳо ин паёмро мефиристоданд, ҳоло ошкору возеҳ мегӯянд. Дигар мақоме ё нафаре дар кишвар вуҷуд надорад, ки кафили ҳуқуқ ва озодиҳои ҳар шаҳрванд, сарфи назар аз ҷаҳонбиниву ақидаву забону минтақааш бошад. Танҳо як касе  вуҷуд дорад, ки бояд ҳама чиз, аз қонунҳо шурӯъ карда то зиндагии хонаводагии инсонҳо, либосу хӯроку маргу зиндагии мардум тибқи хоҳишу ҳавасҳои ӯ амалӣ шаванд.

Паём ошкор аст ва интихоб аз мардум аст, ки худро дар кадом гурӯҳ дидан мехоҳанд, бо хоҳишу ҳаваси як кас зистан, ки аслан онро зиндагӣ ҳам гуфтан ҷоиз нест, ё аз ҳама чиз маҳрум шудан. Миллат дар ҳолате гузошта шуд,  ки бояд аз ин ду бад якеро интихоб кунад. Онҳо барои худашон ояндаро интихоб кардаанд,  яъне, кишвар ба як нафар ё хонавода таъаллуқ дорад ва  ҳама боқимонда хидматгор, мусофиру меҳмон ва одамони тасодуфӣ ҳастанд инҷо. Мехоҳед ҳамин, намехоҳед, айби худатон. Намедонам, оё миллат паёмро гирифт ё не, мо гирифтем. Вале, суол ба вуҷуд меояд, ки оё воқеан миллат ҷуз ҳамин ду интихоб саввумиро надорад? Ба назари ман дорад ва бояд дошта бошад. Чун , мавзӯъи сӯҳбати имрӯзаи мо нест, онро ба вақти дигар мегузорем.

— Посухи ҲНИТ ҳам мисли қабл бо истиҳола набуд ва ҳизби Шумо Раҳмонро, ки ба худаш унвони “Асосгузори сулҳу ваҳдат”-ро додааст, яке аз саркардагони ҷанг хонд. Яъне сулҳ ҳам дигар расман ба поёни худ расид?

— Ресмони сулҳро аз соли 2010 ба баъд ҳар рӯз як риштаашро мебуриданд ва мо талош мекардем , ки ҳадди ақал як ришта боқӣ бимонад.

Ин ҳама гузашту сабр ва шунидани танқид ва тамасхуру таҳқир ба хотири ҳамон як ришта буд, ки канда нашавад. Вале, билохира ҳамон «қайчии маъруфе», ки ҳар рӯз як лента мебурад,  риштаи сулҳро ҳам бурид. Худованд ва миллат шоҳид аст, ки то лаҳзаи охир Наҳзат ҳама корро кард, то ин беақлиро накунанд,  касеро ба ҷанг муттаҳам накард ва ҳатто, ҷиноятҳо алайҳи сулҳу ваҳдатро ҳам ба шахсе ё гурӯҳи хоссе нисбат намедодем.

То ин, ки як нафар ҳадди ақал аз ин кашмакашҳои сиёсӣ, қонуншиканиҳо ва аблаҳиҳо дуртар бимонад ва номаш олуда нашавад. Агарчӣ олуда ҳаст ва ҳама медонанд, ки аз аввал то охир ҳама мусибатҳо аз як ҷо сарчашма мегиранд. Вале, манфиатҳои миллат ва кишвар тақозо мекард, ки мулоҳиза кунем ва ҷойгоҳи як нафар бояд ҳамеша болотар аз ҳизбу ҳаракатҳо, гурӯҳҳо ва масоили хурду реза бошад. Аммо, инсон, ки қадру ҷойгоҳи худро нашиносад, рисолату вазифаашро нафаҳмад, аз дасти мо дигар чӣ кор меояд?

Аммо, вақте суол мегузоред, ки оё сулҳ ба поён расид, бояд дақиқ гуфта шавад, ки кадом сулҳ ва кадом ваҳдат? Созишномаи 1997 сулҳу ваҳдати миллатро ба вуҷуд овард, танишҳои минтақаӣ ва қавмиву ҳизбиро кам кард. Дигар ҳар касе ҳам бихоҳад аз нав миллатро ба минтақаҳо ҷудо карда наметавонад ва ҳатто агар Фронти Халқиро ҳам аз нав ба шакли дигар роҳандозӣ кунанд, дигар мардуми як минтақа фиреби онҳоро нахоҳад хӯрд. Ҳамчуноне, ки агар Наҳзат бихоҳад такя ба як минтақа ё қавм кунад, ба шикаст мувоҷеҳ хоҳад шуд. Ин маънои онро дорад, ки сулҳу ваҳдати миллат дар сатҳи минтақаҳо, қавмҳо ва инсонҳои оддӣ мустаҳкам аст ва иншоаллоҳ, аз байн нахоҳад рафт.

Ман боварии комил дорам, ки аксари аъзои ҳукумат ва кормандони давлатӣ ҳам бар ормонҳои сулҳу ваҳдат вафодор мондаанд. Онҳо низ ин миллату ватанро дӯст медоранд ва мехоҳанд, ки ба миллат хидмат кунанд, на ба як шахс.

Магар, як мансабдори тоҷик намехоҳад, ки дар хориҷ намояндагӣ аз як кишвари озод ва орому демократӣ кунад? Оё ба онҳо ҳам маъқул аст, ки дар ҳама конференсияҳову маҳфилҳои дохиливу  хориҷӣ хиҷолат бикашанд ва ҳамеша кишварашонро дар рӯйхати »ақибмондатарин», »фасодзадатарин», »худкоматарин»-ҳо бубинанд?  Тӯли даҳ соли кор дар парлумон  шиносии хубе аз кадрҳои миллӣ ҳосил кардем, ки дар ҳамаи сатҳҳо ва самтҳо кор мекунанд.

Пас, сулҳу ваҳдати ботинӣ, фикрӣ ва миллӣ бо ҳама касоне,  ки ватанро пешрафта, озод ва қонунмеҳвар дидан мехоҳанд, вуҷуд дорад ва боқӣ хоҳад монд. Як кас дар сулҳ мушкилӣ ба вуҷуд овард ва набояд ҳамаи ҳукумат ва мансабдоронро гунаҳкор донист. Он як нафар ки ислоҳ шуд, ё ислоҳаш карданд, тамоми мушкилоти кишвар дар роҳи сулҳу Ваҳдат аз байн хоҳад рафт.

— Ҷанги нави иттилоотӣ, ки инак байни ҲНИТ ва режим оғоз шуд, наметавонад ба як ҷанги воқеъии дигар расонад?

— Мо ҳама талошамонро хоҳем кард, ки аз ин  бештар ва доғтар  нашавад. Аммо, ҳама чиз аз мо вобаста нест. Он тараф дорад кори худро мисли як ҷанги тамомулайёр анҷом медиҳад. Куштан дорад, зиндоникунӣ ва ғорату ғаниматгирии амвол дорад. Ҳатто, кор ба ҷазодиҳии авлодиву пиру атфол расидааст, ки дар ягон қонуни ҷанги маъмулӣ ҳам нест.

Мо наметавонем ҳама чизеро, ки медонем ва санад дорем, расонаӣ кунем. Чун, ҷони инсонҳо дар хатар аст. Қурбониёни ин ҷиноятҳо зораву тавалло мекунанд, ки ба касе гуфта нашавад, чӣ мусибатҳое болои сари онҳо оварданд. Онҳо мехоҳанд, ки дардашонро ба мо бигӯянд ва мо онҳоро бишнавем, вале омода нестанд, ки ҳоло ин ҳама расонаӣ шавад. Агар ҳама даҳшатҳои рухдода рӯзе ошкор шаванд, мардум чеҳраи аслии баъзе интелегентнамоҳоро хоҳад дид.

— Марги Ислом Каримов чӣ таъсире ба минтақа хоҳад дошт?

— Таъсири марги Каримов ба минтақаро бигузор таҳлилгарон бигӯянд. Ман бо воқеиятҳо кор дорам. Имрӯз ӯ нест ва каси дигар хоҳад омад. Барои ман муҳим аст, ки нафари дигар нисбати Ватан ва  миллати ман чӣ сиёсате хоҳад дошт. Агар дар бораи шахсияти Ислом Каримов ё ҳар каси дигар назаре дода мешавад, бояд инсоф ва мавзӯъро риоят кард. Дар бораи кадом Каримов ва аз нигоҳи кӣ мо назар медиҳем? Ҳамчун инсон ё ҳамчун роҳбари як кишвар ё як сиёсатмадор? Агар як шаҳрванди Ӯзбекистон дар бораи Ислом Каримов ҳамчун президенти кишвараш ҳарфи хубе зад, мо набояд нороҳат шавем. Шояд ӯ барои кишвараш кори хубе кардааст ва бояд карда бошад. Аммо, вақте ки мо, аз нигоҳи як тоҷикистонӣ ба ӯ баҳо медиҳем, дигарон ҳам набояд нороҳат шаванд. Ӯро ман ҳамчун як диктатор мешиносам. Вале, диктатори огоҳ, босавод ва самимӣ. Диктаторе, ки шаҳрвандонаш аз дасти ӯ дар дохил азоб мекашиданд, вале дар хориҷ аз ӯ шарм намекарданд.

Ҳама диктаторҳо барои миллатҳояшон мусибатанд, вале мусибат даҳчанд мешавад, вақте шумо як диктатори бесавод ва худкамбин (с комплексом) дошта бошед. Ҳам азоби дохилро дореду ҳам хиҷолати хориҷро.

Маьлум нест, ки Каримов соли 1992 чӣ мехост, вақте сессияи 16-умро пурра таҳти контрол гирифт ва баъдан Э. Раҳмонро ба Тирмиз бурду баъди  як ҳафта бо танку ҳавопаймо ба Душанбе равон кард. Вале, аниқ , ки чанд сол пас пушаймон шуд ва ин пушаймониашро бо даъвати роҳбарони оппозитсиюн ба Тошканд нишон дод.

— ҲНИТ дар як соли ҳиҷрат чӣ корҳое анҷом дод?

— Вазифаи асосии мо соли гузашта аз нав ташкил кардани сохторҳои ҳизб дар хориҷ буд, ки бо лутфи Худованд ва кӯмаки бародарону хоҳарон анҷом гирифт. Кори осоне набуд, чун мо бузургтарин талафоти кадриро додем ва беҳтаринҳои мо зиндонӣ шуданд. Аз ҳолати шок берун овардани мардум ва корро аз нав оғоз кардан ҳам вақт мехост, ҳам заҳмат.

Ҳоло кори дафтарҳо ва бахшҳо дар кившарҳои гуногун ба танзим даромад, барномаи кӯтоҳмуддати ҳизб дар ҷаласаи ахири Раёсати Олӣ тасдиқ шуд ва масъулин аз пайи иҷрои қарорҳои Раёсати Олӣ ҳастанд. Душвортарин кор ин танзими раванди ҳиҷрати аъзо ва ҷонибдорони мо буд ва ҳоло ҳам мемонад. Садҳо хонавода ҳама чизро раҳо карда худро ба марзҳои Аврупо расонданд, қисме ба Туркия ва Русия рафтанд.

Ҳиҷрати сиёсӣ аз Тоҷикистон барои ҳамагон як падидаи нав буд ва ҳеҷ кас намедонист бо ин ҳолат чӣ гуна муносибат кунад. Пас аз мулоқотҳои зиёд бо сафоратҳо, созмонҳо ва ҳукуматҳо тавонистем  фаҳмонем, ки  тоҷикҳо аз ноилоҷӣ ва маҷбурӣ даст ба ҳиҷрат мезананд.

Канда шудан аз Ватан барои як тоҷик мисли миллати дигар нест. Мо миллати вобаста ба замин, хок ва Ватан ҳастем.

Ин ҳама вақт мехост ва санаду далел лозим буд, ки ин кишварҳо ҳаҷми мусибат ва мушкилии тоҷиконро дарк кунанд. Намегӯям, ки пурра ҳал шудааст, вале огоҳӣ аз вазъи миллати тоҷик бештар шуд.

Муҳим аз ҳама, мо аз лиҳози равонӣ худро барои як марҳалаи душвор ва замонаш номаълум  дар ин сол омода кардем. Дигар мо дар дохили кишвар кор намекунем, балки барои кишвар кор мекунем. Мо талафоти бузург додем, вале ҳоло уфуқҳои васеътаре пеши ҳизб боз шуд, ки дар дохил онро надоштем. Аз ҳама муҳим, агар фардо ҳар иттифоқи наве ба ҳизб ё роҳбарияти он пеш биёяд, он кори худро дар хориҷ муназзам идома дода метавонад.

— Баъди як ҳафтаи он, ки ИМА эълон кард барои маълумот дар бораи Гулмурод Ҳалимов 3 миллион доллар пардохт хоҳад кард, расонаҳо хабар доданд, ки ӯ сарлашкари ДОИШ баргузида шудааст. Ин ду хабар иртиботе бо ҳам доранд?

— Шояд рабти мустақим надошта бошад, вале Амрико маълумотҳои кофиро дар бораи ҷойгоҳ, таъсир ва фаъолиятҳои ояндаи Ҳалимов доштааст, ки ин ҷоизаро барои додани маълумот дар бораи ӯ эълон кард. Чанд рӯз баъд аз ин эълон мақоми болотар гирифтани Ҳалимов дар ДОЪИШ баёнгари доштани иттилооти кофӣ аз тағйиротҳо дар дохили ин созмон  аст.

— Ба андешаи Шумо бозгашти ҲНИТ ба Тоҷикистон кай ва дар чӣ шакле сурат хоҳад гирифт?

— Дар ин бора  ҳатто тахминӣ ҳам чизе гуфтан имкон надорад. Раванди ҳодисаҳо дар замони мо он қадар печида аст, ки метавонад хеле тулонӣ бошад ва ҳамчунин метавонад дар наздиктарин вақт сурат бигирад. Мо бояд ба ҳарду ҳолат омода бошем. Аммо, он чизе ки аниқ мебошад, он аст, ки дигар дар шакли пешина барнамегардад.

Зарурати ислоҳот дар барнома, дидгоҳҳо ва шакли фаъолиятро мо дар ҳамон дохил дарк карда будем ва бояд дар анҷумани навбатии сентябри 2015 тағйиротҳое сурат мегирифт. Вале, талош шуд, ки пеши роҳи ин ислоҳот гирифта шавад. Дертар ҳам бошад, ин ислоҳот ҳатман сурат хоҳад гирифт ва шояд беҳтарин фурсат ҳамин даврони ҳиҷрат аст.

— Номи Шумо дар феҳрасти Интерпол пайдо шудааст. Ба андешаи Шумо чӣ гуна мақомоти Тоҷикистон тавонистаанд бо далелҳои сохтаашон пулиси байналмилалро мутақоид кунанд?  Ин хавфи боздошт ва истирдоди Шуморо бештар мекунад?

— Чанд нуқтаро дар ин масъала бояд равшан кард. Аввалаш ин, ки Интерпол як ташкилоти пулисии  байниҳукуматӣ аст. Тибқи асосномааш ҳар исмеро ки ҳукуматҳои узв тақдим карданд, бояд онро бипазирад ва эълон кунад. Интерпол танҳо эълон мекунад ва мустақиллона тафтишот намебарад, тафтишот бар дӯши ҳукуматҳои узв аст.

Агар боздошт дар кишварҳои ноозод, мисли кишварҳои собиқ Шуравӣ сурат бигирад, эҳтимоли истирдод хеле болост. Чун, дар ин кишварҳо масоили ҳуқуқи башар аҳаммияти зиёде надорад ва ҳатто бо роҳи ришва ҳам масъаларо ҳал мекунанд. Аммо, дар кишварҳои демократӣ эҳтимоли боздошт хеле поин ва эҳтимоли истирдод қариб ба сифр баробар аст. Инҷо масъалаи мутақоид кардану накардан нест, масъала сирф техникӣ аст.

Бюрократҳои Интерпол ҳам мисли ҳама пулисҳои оламанд, худро зиёд даргири ҷузъиёту вежагиҳои ин ё он кишвар ва шахсият намекунанд. Аксари мухолифони сиёсии кишварҳои Осиёи Марказӣ аз »ғалбери» Интерпол гузаштаанд, вале касеро то ҳол аз Аврупо истирдод накардаанд.

Бо вуҷуд, ба ҳама чиз бояд омода буд ва камтарин эҳтимолро ҳам бояд ҷиддӣ гирифт. Бинобар ин, вакилони дифоъи мо болои ин қазия корро ба зудӣ шурӯъ хоҳанд кард. Бо вуҷуди он, ки рӯзи якшанбе ин хабар паҳн шуд, худи ҳамон рӯз чандин созмонҳо ва адвокатҳои байналмиллалӣ  тамос гирифтанд ва изҳори омодагӣ барои кӯмак карданд. Ба назари ман, мақомоти кишварамон тамоми талошро хоҳанд кард, то номи ман дар рӯйхат боқӣ бимонад, то имкони ҳаракат ва фаъолияти сиёсӣ маҳдудтар шавад. Мо ҳам талоши худро хоҳем кард. Боқӣ ҳама чиз дасти Худованд аст.

Идома дорад…

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика