Шӯҳрат Қудратов, вакили дифои Зайд Саидов, соҳибкори муваффақи тоҷик ва раҳбари ҳизби сабтиномнашудаи “Тоҷикистони нав” охирҳои моҳи сентябри соли равон аз зиндон озод хоҳад шуд.
Дар ин бора Раҳматулло Зойиров, адвокати Шӯҳрат Қудратов иттилоъ додааст ва гуфтааст, ки шахси зерҳимояаш дар охирҳои моҳи сентябр ба озодӣ мебарояд. Вай таъкид кардааст, ки Қудратов тибқи Қонуни афв аз маҳбас халос мегардад.
Шӯҳрат Қудратов аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсия бо ҷурми қаллобӣ, таҳрикдиҳӣ ба ҷиноят ва додани пора боздошт гардида буд. Боздошт гардидани вай 21 уми июли соли 2014 ба амал омада, он вақт ӯ вакили мудофеи Зайд Саидов буд.
Аммо коршиносон мегуфтанд, ки мақомот Қудратовро барои ҳимоя аз Зюйд Саидов мавриди боздошт қарор дод ва айбномаҳо дар қиболи вай як мазҳакаи сохтае буд, ки мақсад аз раванди баррасии шаффофи парвандаи раиси ҳизби сабтиномнагаштаи “Тоҷикистони нав” канор андохтани як шахси огоҳ ва барои равонаи зиндон кардани ӯ роҳро барои худ ҳамвортар сохтан иборат буд.
Ёдовар мешавем, ки Шӯҳрат Қудатовро Додгоҳии олии Тоҷикистон моҳи январи соли 2015 бо судури як ҳукм 14 сол равонаи зиндон намуда буд ва ҷазои ӯ дар натиҷаи татбиқи қонуни афви гузашта ба 9 сол коҳиш дода шуд. Дар ҳамин ҳол Додгоҳи олӣ ҷазои Шӯҳрат Қудратовро боз ҳам кам кард ва ба 3 солу 8 моҳ поин овард.
Инак тибқи “афви тиллоӣ”, ки мақомот ба шарафи 25 солагии ҷашни Истиқлоли Тоҷикистон роҳандозӣ карданд, дар қатори 12 ҳазор нафар маҳбусҳои зиндонҳои ин кишвар Шӯҳрат Қудратов низ ба озодӣ хоҳад расид.