Марги атфоли гирифтори бемории дил, ки ба дастгирии молии давлат ниёзи шадид доранд.
Ҳудуди 4 миллион сомоние, ки Ҳукумати шаҳри Душанбе солона барои ҷарроҳии атфоли бемории дил ҷудо мекунад, то охири сол ҳамагӣ 60 дарсади он ҷудо мешаваду халос. Дар ҳоле, ки ниёз ба ин маблағҳо барои ҷарроҳии атфол зиёд аст, вале усули бюрократӣ ё механизми сари вақт ҷудо шудани маблағ ва анҷом додани амалиёти ҷарроҳӣ монеа эҷод мекунад ва саломатии атфол зери хатар қарор мегирад.
Солона дар шаҳри Душанбе ҳудуди 40 кӯдак аз сабаби надоштани тавоноии ҷарроҳии дил мефавтанд. Дар ин бора, як манбаь аз созмонҳои байналмилалии тандурустӣ ба мо иттилоъ дод.
Ҳукумати Тоҷикистон миқдори муаяйни маблағ барои ҷарроҳии атфол ҷудо мекунад, аммо ин миқдор маблағ дар баробари таваллуди кўдакони мубталои дил хеле ночиз аст. Ва механизми ҷудо кардани маблағ ҳам бо усули бюрократӣ аст, ҳатто то маблағ ҷудо мегардад, ки бемор мефавтад.
Барои мисол танҳо дар шаҳри Душанбе мо омореро дастрас кардем, ки аз ҳисоби буҷаи шаҳрдорӣ солона то 3,5 миллион сомонӣ ҷудо мешудааст, аммо танҳо 30 дарсади ин маблағ харҷ мешудааст, чаро? Чунки усули бюрокатӣ аст. То миқдори аввал ҷудошударо санад карда насупоред, маблағи баъдиро барои муолиҷаи дигарон намегузаронанд»- гуфт ин мусоҳиби мо.
Нусратулло Салимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳам зимни нишасти матбуотӣ мизони таваллуди кўдакони мубталои бемории дилро нисбат ба солҳои қабл зиёд хонд, аммо аз шарҳи омории дақиқ худдорӣ кард. Ба гуфти вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар мавриди чаро маблағҳои ҷудошудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе пурра харҷ намегардад, бояд аз мақомоти масъул пурсид. Як манбаъ дар ҳукумати шаҳри Душанбе гуфт, ки талабот ҳамин аст, аввал бояд хароҷоти се моҳаро вазорат супорад, баъдан маблағи боқимондаро мегирад.
«Соли гузашта 60 дарсади маблағҳои ҷудошуда сарф шуд. Мо ҳам медонем, ки барои беморон сари вақт бояд маблағро кунем. Аммо низоми кори мо ҳамин аст, ки то ҳисоботу розигии сохторҳои дигарро нагирем маблағҳои боқимондаро гузаронида наметавонем. Мо иҷрогарем аз пеши худ наметавонем, ки маблағ гузаронем ва маблағ тавассути бонку молия мегузарад»- гуфт манбаъи мо.
Нилуфар Шерова, сокини шаҳри Душанбе, пушти дари яке аз беморхонаҳо рӯйи дасташ духтарчаи 1 солаашро дорад, ки табибон фавран ҷароҳии дил тавсия доданд. Аммо барои ҷарроҳӣ намудан, ҳудуди 4 ҳазор доллар лозим аст. Дар вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба ӯ гуфтанд, ки дар сурати Ҳукумати шаҳри Душанбе маблағ ҷудо кардан имкони ҷарроҳӣ намудани тифлаш аст, дар акси ҳолат ба гуфти табибон Нилуфар ҷигарбанди кўчакашро аз даст хоҳад дод.
Яке аз табибон, ки аз ҳолати ночории худ аз эҳтимоли талаф додани тифл дар чашмонаш об ҳалқа зада буд, гуфт , даҳҳо Нилуфарҳо бо умедвориҳо назди мо меоянд, аммо дасту пойи мо баста аст. Нусратулло Ҷаҳонгир, табиби атфол мегўяд. ки агар Ҳукумат миқдор ва харҷи чорабиниҳои фарҳангӣ ва рақсу худнамоиро кам кунанд, имкони харидани ҷони даҳҳо тифли мубталои бемории дил ба вуҷуд меояд.
Аз ин мешавад хулоса кард, ки агар барои ҷарроҳии як кӯдак 4000 доллар масраф мешавад, пас бо 10 миллион долларе, ки 25 солагии истиқлолиятро мехоҳанд ҷашн гиранд, мешавад 2500 кӯдакро аз марг наҷот дод.
«Ин ҳам ногуфта намонад, ки агар Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмадсайид Убайдуллоев теъдоди муҳофизони тайёрхўрашонро кам кунанд, ба вазиру вакил нақлиёти давлатии хизматрасонии то 40 ҳазор доллар арзиш доштаро қатъ кунанду дуздони маблағҳои буҷаро ҷазои сангин диҳанд, нисбат ба табақаи аксари ҷомеа чунин ноадолатиҳо шиддат намегирад.
Ҳукумати шаҳри Душанбе, ки эълон мекунад ҳудуди 4 миллион сомонӣ барои ҷарроҳии кӯдакони мубталои бемории дили пойтахт ҷудо мекунад, вале дар асл то 60 дарсадаи онро медиҳаду тамом. 40 дарсад куҷо мешавад мо ҳам намедонем»- гуфт табиб.
Соли ҷорӣ МИҲД шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ 3 миллиону 800 ҳазор сомонӣ барои ҷарроҳии кӯдакони бемории дил пешбинӣ намудааст. Бино ба итилоъи вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ давоми шаш моҳи соли ҷорӣ ҳамагӣ 65 кўдаки сокини пойтахт аз ҳисоби ин маблағҳо ҷарроҳӣ шудааст ва ҳудуди 200 нафари дигар дар навбат аст