Thursday, May 15, 2025
ads
HomeХабарҳоСулҳ дар Ҳалабро аз Путин талаб доранд

Сулҳ дар Ҳалабро аз Путин талаб доранд

Пас аз инҳисори дубораи шарқи Ҳалаб аз тарафи артиши давлати Сурия ҷомеъаи ҷаҳонӣ талош дорад, ба раисҷумҳури Русия Владимир Путин фишор орад, то долони кӯмакрасон ба ин қисми шаҳр боз шавад.

Раисҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Ардуғон гуфтааст “алъон мо ҳамкориро бо Русия дар масъалаи Ҳалаб бештар мекунем. Хеле умед дорем ки то оғози иди Қурбон ба оташбас муваффақ шавем”.

Садри аъзами Олмон Анҷело Меркел ҳам изҳор кардааст “фикр мекунам раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар масъалаи оташбас ё қатъи муваққатии амалиёти ҷангӣ дар ин минтақа барои расонидани кӯмакҳои ғизоӣ таъсири зиёд дорад.

Ин бисёр муҳим аст. Ман ҳангоми гуфтугӯ бо ӯ ба ин масъала ишора кардам”.

Шарқи шаҳри Ҳалаб, ки дар дасти мухолифони Асад қарор дорад, ду рӯз пеш дубора дар инҳисори артиши давлати Сурия қарор гирифт ва созмонҳои ҳуқуқи башар хавф доранд, ки ин инҳисор метавонад бо гуруснагии мардум дар ин қисмати шаҳр мувоҷеҳ шавад.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика