Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ба таҳқиқи паёмакҳое оғоз кардаанд, ки гӯё аз номи Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи нави артиши ДИ ба афсарони болорутбаи мақомоти қудратии кишвар ворид шудаанд.
Дар ин паёмакҳо “Ҳалимов” мақомоти қудратии Тоҷикистонро огоҳ кардааст, ки онҳоро ба ҷашни истиқлол “табрик” хоҳад кард. Дар ин бора хабаргузории Ройтерз бо такя ба манобеъаш дар Вазорати дифоъи Тоҷикитсон хабар додааст.
Аммо коршиносон мегӯянд ин “паёмак”-ҳо метавонанд бозии навбатии амниятиҳои тоҷик барои тарсонидани мардум ва намоиши як “амалиёти муваффақи зиддитеррористӣ” бошад.
Коршиносе, ки нахост номаш ифшо шавад гуфт “агар воқеъан Ҳалимов сарлашкари ДИ баргузида шудааст, ӯ барои паймакфиристӣ ба Тоҷикистон на вақт дорад ва на имкон. Гузашта аз ин назди ӯ мушкилоти ба маротиб бештаре қарор дорад, ки Тоҷикистону мақомоташ шояд ба гӯшаи хаёлаш ҳам намеояд. Замоне, ки ДИ бо тамоми ҷаҳон меҷангад ва ҳоло дар вазъи хеле баде қарор дорад, хандаовар аст, ки сарлашкари он бо паёмакбозӣ машғул шавад. Хулоса мақомоти амниятии кишвар агарчӣ барои боварибахш шудан ин дафъа хабарро тавассути Ройтерз паҳн, карданд, боз ҳам дар афсонабофӣ муваффақ нашуданд”