Friday, May 16, 2025
ads
HomeХабарҳоМулло Қурбон намунаи садоқат ба Худо ва устуворӣ дар роҳи Ӯ

Мулло Қурбон намунаи садоқат ба Худо ва устуворӣ дар роҳи Ӯ

“Ва магуед барои касоне, ки дар роҳи Худо кушта шудаанд мурдаанд, балки (онҳо зиндаанд) вале шумо дарк намекунед..”  (ояи Қуръонӣ)


Ин ҷониб тасаллияти худро ба хонадон ва наздикони шаҳид мулло Қурбон раиси  бахши Ҳизби наҳзати Исломии Тоҷикистон дар шаҳраки Норак, ба раиси муҳтарами ҳизб ва дигар аъзо ва ҷонибдорони тақдим мекунам ва ҳамзамон барои дустдорони Худо ва толибони адолат ва озодӣ ин шаҳодатро таҳният мегуям..   Метавонам бо итминони комил бигуям, ки шаҳид мулло Қурбон аз аввалинҳое мебошад, ки қурбонии сиёсати золимонаи ҳукумат бо саркардагии Раҳмон дар Тоҷикистон шудааст. Албатта расидан ба аҳдофи олӣ қурбониҳои зиёд дорад.

Саъю талош ва шаҷоъату шаҳомати акаи мулло Қурбон бо сини аз 70 болое, ки дошт, гирифторӣ ва ҳабсу зиндон ва дар ниҳоят шарбати шаҳодатро нӯшидан, намунаи садоқати бо Худо ва устуворӣ дар роҳе, ки ихтиёр намуда, роҳи даъват ба суи дини Худо ва фаъолият дар ҳизби исломиро аз ин марди Худо ба вузуҳ нишон медиҳад..  

 Ҳамон гуна, ки Паёмбарамон (с) ба оли Ёсир, ҳазрати Аммор (разияллоҳу анҳум) башорати ба Ҷаннат доданд, ман ҳам ба бозмондагон ва ёрони шаҳид мулло Қурбон ин башоратро медиҳам, ки:

“эй бозмондагони шаҳид мулло Қурбон, эй ёрону ҳаммасалакони акаи мулло Қурбон..! Сабр дошта бошед, зеро Ҷаннат ба шумо ваъда шудааст..”   

Сабр барои аз даст додани чунин марди содиқу шаҷоъ ва соҳиби шаҳомат. На ба хотири ором нишастану бар зулму истибдод сабр пеша кардан, зеро муҳри хамушӣ бар даҳон задан ва барои монеъ шудани зулму ноадолатӣ коре анҷом надодан сабр намебошад.. Бешак икдом барои пешгирӣ накардан аз зулму ноадолатиҳо дар Тоҷикистон ва монеъи шиканҷаву кушторҳои маҳбусин дар маҳбасҳое, ки мазлумона, бо туҳмат ва ба хотири ақида ва озодандешӣ маҳкум шудаанд, ором нишастан ва онро сабр гуфтан гуноҳест бас азим..

Бояд Департаменти ҳуқуқии ҲНИТ барои пешгирии ин зулм ва хотима додани ин раванд саъю талоши худро кунад.аз ниҳодҳои муддаъии ҳифзи ҳуқуқи башаӣ дар маҳал, минтақа ва созмонҳои ҳуқуқи башарии ҷаҳонӣ ва созони Милали Муттадид дархост карда шавад то бар асоси салоҳитҳои хеш монеъи зулм ва қонуншикариҳо дар Тоҷикистон бишаванд..   

Муҳаммадсаид Ризоӣ

Узви раёсати олии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика