Thursday, January 1, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДу самбогари тоҷик дар Кореяи Ҷанубӣ соҳиби медали нуқра шуданд

Ду самбогари тоҷик дар Кореяи Ҷанубӣ соҳиби медали нуқра шуданд

Варзишгарони тоҷик дар Ҷашнвораи байналмилалии ҳунарҳои размӣ, ки рӯзҳои 3 ва 4 сентябр дар шаҳри Чҳонҷӯи Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуд, ду медали нуқра ба даст оварданд. 
Барномаи ин мусобиқот 15 намуди варзишро дарбар мегирифт. Дар сабқати самбои размӣ Тоҷикистонро ду варзишгар- Сайриддин Шоев дар вазни то 74 кило ва Муҳаммадризо Қурбонзода дар вазни то 100 кило намояндагӣ карданд. Ҳарду паҳлавони тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд.
Дар қувваозмоии ниҳоӣ Сайриддин аз гӯштингири Узбекистон Шербек Рӯзиев ва Муҳаммадризо аз варзишгари Муғулистон Ариунерден Батбаяр мағлуб гашта, бо медалҳои нуқра мукофотонида шуданд.

Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба расонаҳои маҳаллӣ хабар додааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular