Дафтари матбуотии Пентагон бо нашри як хабар гуфтааст, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тибқи таоҳудоти қаблӣ ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 1400 нафар низомии нерӯҳои ҳавоии худро мефиристад.
Интизор меравад, ки сарбозони гурӯҳи тактикии бригадаи 3 юми қисми ҳарбии 101 уми двизияи ҳарбию десантии ИМА тирамоҳи соли ҷорӣ ба Афғонистон интиқол меёбанд.
Таъкид мешавад, ки сарбозони ин қисми ҳарбӣ борҳо барои иҷои вазифаҳои мушкил ба Афғонистон омадаанд. Онҳо барои мубориза бо размандагони Толибон ва нерӯҳои мусаллаҳи “Ал Қоида” солҳои 2002 вориди Афғонистон шуда буданд.
Ҳамчунин барои омӯзишу тамрини нерӯҳи миллии маҳаллӣ солҳои 2014 2015 дар ин хок ҳузур доштанд, ки баъдтар аз ин макон берун кашида шуда буданд. Дар ҳамин ҳол гуфта нашудааст, ки десанти ҳавоии Амрико дар кадом минтақаи Афғонистон мустақар хоҳанд шуд, вале дақиқ аст, ки онҳо дар амалиёти зиддитеррористӣ дар қаламрави ин кишвар ширкат хоҳанд кард.
Ёдовар мегардем, дар ин авохир генерал Ҷон Аллен, ҳарбии олирутбае, ки дар гузашта раҳбарии ситоди қумондонии нерӯҳои эътилофи зиддитеррори ИМА ва НАТОро дар Афғонистон бар ӯҳда дошт, изҳори назар намуда буд, ки Амрико бояд барои суботи сулҳ, кӯмаки ҳамаҷониба ба нерӯҳи миллии афғон дар роҳи саркӯб намудани размандагони Толибон ва тавассути ҳавопаймоҳои ҷангӣ зарба задан ба маҳалли таҷаммӯи мухолифони ҳукумати Кобул қувваҳои иловагии худро ба хоки ин кишвар ворид созад.