Як хонандаи Паём.нет имрӯз ба мо гуфт, ки тӯли се соат тамоми шаҳри Душанберо давр зада барояш муяссар нашудааст аз банкомат пул гирад.
Ӯ мегӯяд як қисми кӯчаки банкоматҳо пул доранд, аммо мардум дар паси онҳо рӯзи дароз барои гирифтани пул навбат меистанд ва ниҳоят аксари онҳо бегоҳ ноумед ба хонаҳои худ бармегарданд.
Бӯҳрони Тоҷиксодиротбонку Агроинвестбонк ба бонкҳои дигар ҳам сироят кардааст, ки аксари вақт ҳатто дар банкоматҳои Ориёнбонку Эсхата пул пайдо намешавад.
Набудани маблағ дар бонкҳо боиси баҳсҳои зиёди додгоҳӣ ҳам шудааст. Мардум аз ин ки маблағҳои дар бонкҳо мондаашонро бозпас гирифта наметавонанд, ба додгоҳҳо шикоят мебаранд, аммо додгоҳҳо ҳам дар ҳали қазия оҷизанд, чун ҳукмҳояшон иҷро намешавад.
Дирӯз дар бораи қазияи 4500 доллари Ҷамила Комилова навишта будем, ки аз Агроинвестбонк ғайб задааст, аммо бонк аз пардохташ худдорӣ мекунад ва айбро ба дӯши муштарияш мегузорад.
Набудани мабалғи нақдӣ ва пардохт нашудани моҳонаи кормандони буҷа мизони тиҷоратро дар кишвар хеле поин бурдааст.