Monday, June 16, 2025
ads
HomeХабарҳоҶашни истиқлол муборак, ҳамватанони азиз!

Ҷашни истиқлол муборак, ҳамватанони азиз!

Ҳамватанони гиромӣ! Ҳайати эҷодии сомонаи Паём.нет 25-умин солгарди истиқлолияти кишвар ва фарорасии иди Қурбонро ба якояки шумо муборакбод мегӯяд ва аз Худованди меҳрубон барои ин миллати азияткашида истиқлоли комил, имони холис ва рушду суботи воқеъӣ таманно мекунад.

Ҳарчанд имрӯз истиқлолро онҳое азони худ кардаанд, ки зидди он на танҳо мубориза бурданд, ҳатто ҷангида буданд ва ҳар рӯз хатари наве барои истиқлоли кишвар эҷод мекунанд, мо мутмаинем, ки рӯзе ба истиқлоли воқеъӣ хоҳем расид.

Ҷавонмардони ин миллат аллакай дар аввали даҳаи аввали солҳои ҳафтодум, замоне, ки аксари миллатҳои шӯравӣ дар хоби ғафлат буданд, ҳаракати озодихоҳиро таъсис додаву ба мубориза бархоста буданд ва аввалин заминаҳоро барои истиқлол аз мустамликадорони зиддидиниву зиддимиллии хориҷӣ фароҳам сохта буданд. Дур нест, ки рӯзи истиқлол аз золимон ва ватанфурӯшону хоинони маҳаллӣ, ки барои манфиатҳои худ на танҳо ба ҳеҷ ҳамватан раҳме намекунанд, балки доранд ватани моро оҳиста-оҳиставу қисм-қисм мефурӯшанду онро қурбонии хостаҳои худ мекунанд, фаро хоҳад расид.

25 солагии истиқлолияти Тоҷикистони азиз ва иди Қурбон, муборакатон бод, ҳамватанони гиромӣ!

Ба умеди расидан ба истиқлолияти комили сарзамин.

Паём.нет.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?