Saturday, November 15, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нетДар Тоҷикистон шаҳри қадими Кӯшониҳо кашф шуд

Дар Тоҷикистон шаҳри қадими Кӯшониҳо кашф шуд

Бостоншиносони Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, воқеъ дар 85-километрии пойтахт харобаҳои як шаҳри қадимии давраи империяи Кӯшониёнро кашф кардаанд. Ин бостоншиносон дар  ҷустуҷӯҳои ахири худ дар ин макон муҷассамаи кӯчаки як модар, ки кӯдакеро дар оғӯш гирифта ва бо дасташ сари кӯдаки дигареро навозиш мекунад, пайдо карданд, ки ба гуфтаи онон, ба замони кӯшониҳо рост меояд. Бостоншиносон ҳамчунин тай ду ҳафтаи ахир аз ин макон, ки ба унвони шаҳри қадимии кӯшониҳо ном мебаранд, даҳҳо ашёи таърихии он замонро аз зери хок берун овардаанд.

Империяи кӯшониҳо сулолаи қадимие аст, ки тақрибан дар қарнҳои 1 то 3-и милодӣ вуҷуд дошта, сарзаминҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон, Покистон, Ҳиндустони Шимолӣ ва Туркистони Шарқиро дар бар мегирифтааст. Тайи даҳаҳои ахир дар Тоҷикистон чандин шаҳри қадимии монанди ин шаҳр кашф шудааст, ки метавонад гувоҳ ба тамаддуни куҳани тоҷикон бошад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?