Бостоншиносони Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, воқеъ дар 85-километрии пойтахт харобаҳои як шаҳри қадимии давраи империяи Кӯшониёнро кашф кардаанд. Ин бостоншиносон дар ҷустуҷӯҳои ахири худ дар ин макон муҷассамаи кӯчаки як модар, ки кӯдакеро дар оғӯш гирифта ва бо дасташ сари кӯдаки дигареро навозиш мекунад, пайдо карданд, ки ба гуфтаи онон, ба замони кӯшониҳо рост меояд. Бостоншиносон ҳамчунин тай ду ҳафтаи ахир аз ин макон, ки ба унвони шаҳри қадимии кӯшониҳо ном мебаранд, даҳҳо ашёи таърихии он замонро аз зери хок берун овардаанд.
Империяи кӯшониҳо сулолаи қадимие аст, ки тақрибан дар қарнҳои 1 то 3-и милодӣ вуҷуд дошта, сарзаминҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон, Покистон, Ҳиндустони Шимолӣ ва Туркистони Шарқиро дар бар мегирифтааст. Тайи даҳаҳои ахир дар Тоҷикистон чандин шаҳри қадимии монанди ин шаҳр кашф шудааст, ки метавонад гувоҳ ба тамаддуни куҳани тоҷикон бошад.