Муддати 8 моҳи соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи умумии ҳудуди 30 млн. доллари ИМА кумаки башардӯстона ворид гардид.
Танҳо моҳи гузашта — ҳудуди 3,6 млн. доллари ИМА Тоҷикистон кумаки башардӯстона қабул кардааст.
Тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, ин кумак бо вазни умумии зиёда аз 13,6 ҳазор тонна аз 51 кишвари дунё ба Тоҷикистон оварда шудааст.
Қобили зикр аст, ки ҳаҷми кумаки башардӯстонаи тӯли 8 моҳи соли равон ба Тоҷикистон воридшуда нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 тақрибан 7,3 млн. доллари ИМА зиёд шуда, шумори кишварҳои мададрасон 17 адад афзудааст.
Ёдрас мекунем, ки аз рӯи натиҷаҳои соли 2015 ба Тоҷикистон аз ҷониби 42 кишвар дар маҷмӯъ ба маблағи ҳудуди 45 млн. доллари ИМА кумаки башардӯстона фиристода шуда буд.
Аммо маълум нест ин ҳама «мегасадақаҳо», чи гуна, бо кадом мақсад ва дар кадом соҳаҳо масраф мешаванд.