Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон тайи ду соли ахир ба ҳаҷми 1 млрд 300 млн доллар кам шудааст.
Мувофиқи иттилои агентии омори Тоҷикистон ҳаҷми савдои хориҷии кишвар дар 8 моҳи соли 2016 наздики 2 млрд. 545 млн. долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 7,6 дар сад ё худ беш аз 222 млн доллар камтар аст.
Манба мегӯяд, дар ин давра ҳаҷми содироти маҳсулот 1,9 дар сад ё худ 11,7 млн доллар ва ҳаҷми воридот 9,1 дар сад ё худ 196 млн доллар коҳиш ёфтааст.
Ҳамзамон гуфта мешавад, ки ҳаҷми тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар 8 моҳи соли 2014 беш аз 3 млрд 800 млн доллар будааст, ки дар қиёс ба нишондоди соли ҷорӣ наздики 1 млрд 300 млн доллар бештар аст.
Аз сабабаҳои асосии кам шудани тиҷорати хориҷии Тоҷикистон коҳиши ҳаҷми воридоти чӯб, воситаҳои нақлиёт, маҳсулоти маъданӣ ва маводи ғизоӣ, ҳамчунин кам шудани ҳаҷми содироти нахи пахта, сангҳои қиматбаҳо, фулузот, маҳсули чорводорӣ ва боғдорӣ унвон шудааст.
Ба гуфтаи коршиносон тайи даҳсолаи ахир тавозуни тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ба таври назаррас манфӣ буда, мизони воридот дар қиёс ба содирот се баробар бештар аст.