Friday, May 16, 2025
ads
HomeХабарҳоЯк соли хилват бо Худо

Як соли хилват бо Худо

Аз боздошти 13 узви Раёсати олии ҲНИТ имрӯз 1 соли пурра гузашт. Бештари онҳо 16 сентябри соли 2015 боздошт шуда буданд.

Мо бо тақозои касб, имон ва эҳсоси бародарие, ки бо эшон доштем, кӯшидем қазияро давоми ин як сол думболагирӣ кунем ва имрӯз бе муҳобот мегӯем, ки ин як сол сабти саҳифаҳои таърих хоҳад шуд ва ин мардони Худо улгӯе барои имрӯзу оянда хоҳанд буд.

Режими ҷинояткори Эмомалӣ Раҳмон бо тамоми қудраташ кӯшид онҳоро бишканад, эътирофоте алайҳи ҳизб ва ҳамҳизбиёнашон аз эшон ба даст орад то  ҲНИТ —  як гурӯҳи пурқудрати исломӣ дар минтақаро ҷинояткор намоиш дода, машрӯъияташро дар кулли ҷаҳон зери суол барад. Аммо ин 13 нафар, дуруст мисли ҳавориёни Ҳазрати Исо (ъ) рисолати худро дарк намудаву алайҳи тамоми шиканҷаҳо истодагарӣ карданд ва на танҳо нашикастанд, балки устувортар шуданд.

Шиканҷаҳое, ки ҷаллодони хунхори режим алайҳи онҳо истифода карданд, метавонист филро аз по дароварад, аммо имони росихи эшон барояшон қувват бахшид ва ҳамаро сарбаландона паси сар карданд.

Бо далоили зиёде мо ҳанӯз наметавонем парда аз рӯи бисёре аз ҳаводиси ин қазия бардорем, вале рӯзе ҳатман ҳамаи онро нашр хоҳем кард. То ҳама бидонанд. ки ин режим чӣ режимест ва барои ҳифзи қудраташ ба чӣ ҷиноятҳое қодир аст.

Ин мардони Худо имону сарбаландиро бар мансаб, пулу мол, озодӣ, зиндагии бо рафоҳ, хонавода… тарҷеҳ доданд. Зиндонро баргузиданд, то ғуломи режим набошанд. Ба сангинтарин шиканҷаҳо тоб оварданд, аммо ҳозир нашуданд зери тӯҳматномае, ки режим алайҳи ҳампаймононашон омода сохта буд, имзо кунанд. Саломатии худро барои ҳамеша аз даст доданд, то ягона гурӯҳи қудратманди мухолиф дар Тоҷикистон ва ягона ҳизби исломӣ дар минтақа муттаҳам ба террористӣ нашавад, то мусалмонони минтақа такягоҳе дошта бошанд.

Ба ҷузъ ин 13 нафар нафарони зиёди дигаре ҳам зери шиканҷа рафтанд, то алайҳи инҳо баёнот ба даст оранд. Яке аз онҳо Сафаралӣ Оев, собиқ раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Сино буд, ки зери шиканҷаҳо маҷбур шуд алайҳи Қиёмиддини Аваз ва Муҳаммадалӣ Ҳаит баёнот диҳад. Вақте ӯро бо Қиёмиддин рӯбарӯ карданд ва Қиёмиддин гуфт “акаи Сафаралӣ, чӣ дорӣ мегӯӣ? Барои иқрори дурӯғи бофтаи инҳо аз Худо наметарсӣ? Фикр намекунӣ, ки кӯдакони хурдсоли ман, ки дидаӣ, чӣ кор хоҳанд кард?” Сафаралӣ Оев ба гиря даромад ва гуфт “ман аз Худо метарсам, лекин дигар тоқати шиканҷаи инҳоро надорам. Маро бубахш бародари азиз!” Баъдан Оев дар додгоҳ тамоми нишондодҳояшро рад кард ва гуфт, ки ҳамагӣ зери шиканҷаи шадид гирифта шудаанд. Яке аз кормандони амният, ки онҷо ҳузур дошт, бо дӯғу пӯписа пурсид, ки кӣ ӯро шиканҷа кардааст. Сафаралӣ ангушташро тарафи пурсанда бурд ва гуфт “якеашон худат будӣ, маро шиканҷа мекардӣ”.

Аммо аз гурӯҳи 13 нафара касе ҳозир нашуд зери бори шиканҷа иттиҳомеро қабул намояд. Вақте намедонед чӣ шиканҷаҳое ба эшон раво диданд, ин кор саҳл метобад.

Кӯшиданд онҳоро бо ҳам дар ихтилоф андозанду душман созанд, аммо баръакс дӯстии эшон қавитар шуд. Як далели он муроҷиъати Махсуми Саттор (Саттор Каримов) ба Муҳаммадалӣ Ҳаит аст, ки ба зудӣ қиссааш ва дигар қиссаҳоро нашр хоҳем кард.

Инак ин мардони Худо дар зиндонҳои торики режим як соли умрашонро гузарониданд. Ҷои “гузарониданд” мехостам “барбод доданд” нависам, ки дастам нарафт. Чун онҳо як соли умрашонро барбод на, фидои роҳи Худо кардаанд ва мутмаинем, ки ин сол дар тарозуи аъмолашон пурбаҳотраин сол хоҳад буд.

Барои мардони Худо ҳиҷрат саёҳат, марг шаҳодат ва зиндон хилват бо Худост. Вақте баъди як моҳи боздошташ аз Сайидумар Ҳусайнӣ мепурсанд, ки чӣ ҳол дорад ва рӯзҳояш дар зиндон чӣ гуна мегузаранд, посух медиҳад, ки “беҳтарин! Кайҳо бо Худо хилват накарда будам. Як моҳ ҳаст, ки дар хилвати Худоем.”

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика