Намояндаи Прокуратураи генералии Тоҷикистон зимни як ҳамоиш гуфтааст, ки мукотибаҳои интернетӣ назорат мешавад ва ҳатто 8 ҳодисаи террористӣ ошкор карда шудааст.
Дар баробари ин иттилоъ намояндаи мақомоти мазкур пинҳон надоштааст, ки сӯҳбатҳои телефонӣ ҳам дар доираи қонун гуш карда мешаванд.
Абдураҳим Абдулҳасанов, сардори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти амнияти миллии ниҳоди мазкур зимни конфронси «Озодии баён дар интернет ва мубориза алайҳи ифротгароӣ ва терроризм» дар пойтахти Босния шаҳри Сараево, таҷрибаи Тоҷикистонр барои кишварҳои дигар намуна оварда, гуфтааст, ки дар натиҷаи назорати гуфтугӯву суҳбатҳои интернетӣ аз 8 амали террористӣ ҷилавгирӣ шудааст. Набояд ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон аз ҷумла ҳуқуқи озодии баён ва ҳарими хусусӣ нақз шаванд.
Мо дар Тоҷикистон зарур мешуморем, ки ҳуқуқҳои пазируфтаи СММ риоят шаванд. Дар кишвари мо, ки 8,5 миллион нуфус дорад аз оғози ин сол бо назорати суҳбати одамони мушаххас дар интернет 8 амали террористӣ пешгирӣ шуданд. Агар ин назорат намебуд, албатта дар доираи меъёрҳои муайян эҳтимоли ба вуқӯъ пайвастани ин амалҳои террористӣ вуҷуд дошт. Ҷилавгирии амалҳои террористӣ аз роҳи омӯзиши матлабҳои гуногун ва назорати суҳбатҳо аз тариқи вайбер ва паёмрасонҳои дигар муяссар шудааст: “Дар натиҷа шахсияти нафарони гумонбар, ки атрофи амалҳои террористии эҳтимолӣ суҳбат мекарданд, мушаххас шуд. Аз онҳо маводи инфиҷор мусодира гардид».
Гўш кардани сӯҳбатҳои телефонӣ дар Тоҷикистон хабари нав нест, вале ин иттилои Абдураҳим Абдулҳасанов, ки бидуни иҷозаи суд ва зарар ба шаҳрвандон гуфтугӯҳо сабт мешавад, бармало аст. Пас сӯҳбатҳои телефонии бархе фаъолони сиёсӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва журналистон бо иҷозати суд гуш ва сабт мешудааст.
Назорати ҳарими шахсии барномаҳои вайберу дигар паемрасонҳо ҳам нақзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон аст. Дар ин сурат мақомот метавонад ҳар нафари нописанди худро бо вайберу дигар паёмрасонҳо муттаҳам кунад.