Tuesday, November 11, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нетДидаам, Хуршед берун омад аз зиндони шаб

Дидаам, Хуршед берун омад аз зиндони шаб

(Пайоме ба ҳамватанони зиндониям, ба маҳбусони сиёсӣ ва пуштибонӣ аз пешниҳоди “16-уми сентябр – рӯзи маҳбусони сиёсӣ”)

Нест ахтар ин, ки мерахшад миёни хони шаб,
Ҳаст ин алмоси рахшон шуълаи дандони шаб.


Бо шиҳобе охта чун теғ, тир аз зӯзанаб,
Моҳ шуд захмӣ ба тиру ханҷари буррони шаб.


Осмон аст ин ва ё кушторгоҳе дар ниҳон?
Хуни ахтар мечакад аз найзаи мижгони шаб.


Нест дар даврони истиқлоли мо ҳарфи хуше,
Умрро беҳӯда фарсудем дар даврони шаб.


Боз ҳам бо ин ҳама зулму ситамҳо дидаам,
Юсуфи Маҳ мебарояд аз чаҳи Канъони шаб.


Боз исён, боз исён, боз исён мекунам,
Баски дидам хандаи субҳ аст дар поёни шаб!


Миллати ман, миллати хуршедии ман, зинда бош,
Гарчи девони ту афтодаст бар девони шаб.


Мерасад айёми озодӣ ба ҳар зиндоние,
Дидаам, Хуршед берун омад аз зиндони шаб!

Исфандиёри Назар
16.09.2016
Олмон

Аз саҳифаи фейсбукии шоир

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?