Шавкат Мирзиёев, раҳбари муваққатии Узбакистон дар байни муддаиёни курсии президентӣ ягона шахс нест. Расонаҳои хабарӣ алҳол аз ду рақиби Мирзиёев иттилоъ доданд, ки онҳо номзадии худро барои ишғоли курсии президентӣ дар Ӯзбакситон ба Комиссияи интихоботии кишвар пеш овардаанд.
Шавкат Мирзиёевро ҳизби Либерал демократии Узбакистон дар ҷаласаи худ ба ҳайси номзад ба президентӣ пешбарӣ намуда буд. Баъдтар аз Комиссияи марказии интихоботи Узбакистон хабар доданд, ҳизби “Эҳёи миллӣ” и ин кишвар, ки гуфта мешавад, як ҳизби кисагии ҳукумат буда, дар парлумони Ӯзбакистон мақом дорад, номзадии Сарвар Отамуродовро барои интихоботи раёсатҷумҳурӣ пешниҳод кардааст. Сарвар Отамуродов раиси ҳизби “Эҳёи миллӣ” аст ва таъкид мегардад, дар сояи ҳукумат зиста, мавқеи онро ҳимоят мекунад.
Ҳизби сотсиал-демократии Узбакистон – “Адолат” ҳам эълом намуд, ки номзадии худро ба сабқати курсии раёсатҷумҳурӣ пешниҳод мекунад. Субҳи имрӯз, 17 сентябр дар ҷаласаи VI-уми Шӯрои сиёсии “Адолат” масъалаи мазкур мавриди муҳокима қарор гирифт ва номзадии раиси ин созмони сиёсӣ чун муддаии курсии президентӣ пешбарӣ шуд.
Акнун Шавкат Мирзиёев, раҳбари муваққати ин кишвар, ки пас аз марги Ислом Каримов 8 уми сентябр ба ин мақом расид, дар сабқати президентӣ ду рақиб пайдо кард ва гуфта мешавад, ин рақам тағйир хоҳад ёфт. Назар ба маълумотҳо дигар ташкилоти сиёсии ин кишвар низ омодагӣ мегиранд, то номзадҳои худро барои ба даст овардани курсии президентӣ пеш оваранд.
Мирзоулуғбек Абдусаломов, раиси Комиссияи интихобот дар Узбакистон гуфта буд, ки пешбарии номзадҳо аз ҷониби аҳзоби сиёсӣ то 20 октябри соли ҷорӣ идома хоҳад ёфт.
Баргузории ннтихоботи раёсатҷумҳурӣ дар ин кишвар 4 уми декабр муайян шудааст.